Саҳми Самарқанди бостонӣ – яке аз марказҳои илму адаб ва фарҳанги Осиёи Марказӣ дар парвариши намояндагони илму адаб ва мутахассисони соҳаҳои гуногун назаррас буду ҳаст.
Ин вазифаро муассисаҳои таълими олии аҳди шӯравӣ низ бар дӯш доштанд.
Дар он аҳд Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнии Самарқанд яке аз боргоҳҳои бонуфузи илму маърифат ба шумор мерафт, ки дар омода кардани кадрҳои соҳибихтисос саҳме назаррас дошт.
Дар ин маскани маърифат факултаи филологияи тоҷик, аз он ки домани довталабонаш фарохтар буду дар он ҷавонписарону гулдухтарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ таҳсил мекарданд, пурфайз ва пуршукӯҳтар ба назар мерасид.
– Гурӯҳҳои тоҷикӣ дар факултаи математика ва физика низ фаъолият доранд. Бино бар ин, масъулияти шумоён ҳамчун ворисони адиби бузург, ки донишкада ба номи ӯст, бояд дар ҳама ҷабҳа бештар бошад, – бо фахр таъкид мекард ҷонишини декани факултаи забон ва адабиёти тоҷик Восеъ Қосимов.
Мегӯянд, ки чӯҷаро дар тирамоҳ мешуморанд. Подоши заҳматҳои сангини устодони донишманд буд, ки дастпарварони факултаи забон ва адабиёти тоҷик, адибони шинохта Нодир Нодирӣ, Бахтиёри Ҷумъа, узви иттифоқҳои нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Абдулло Субҳон, Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев), Марямбонуи Фарғонӣ, рӯзноманигорон Амрулло Авезов, Саодат Бекназарова, номзади илмҳои филологӣ Ҳамроқул Бердиқулов ва дигарон дар байни мардум маҳбубият пайдо карданд.
Хатмкардагони бахши филологияи тоҷик доктори илмҳои филологӣ, профессор Холиқ Мирзозода, номзадҳои улуми филологӣ Самариддин Аслиддинов, Луъбат Назарова, Султон Иброҳимзода, Абдулаҳад Мирсафоев, Малик Адашев, Салим Кенҷа ва Хуршед Қамарро то ҳол ба некӣ ёд мекунанд. Соҳибдиле дар ҳаққи устод фармудааст:
Устод гар набудӣ, илму
ҳунар набудӣ,
Устод гар набудӣ, ин зебу
фар набудӣ.
Устод гар набудӣ, беҳтар зи
шаҳду шаккар,
Дар боғи илму дониш моро
самар набудӣ.
Дар урфият мегӯянд: «Соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост». Дар рӯзҳои нахустини таҳсил 26 нафаре, ки ба факултаи филологияи тоҷик дохил шуда, сазовори номи донишҷӯ гардида буданд, зуд ба ҳам унс гирифтанд. Хушодобӣ ва таҳаммулпазирӣ василае гардида буд баҳри якдигарфаҳмӣ ва дӯстиву рафоқати онон. То дурри мақсуд ба даст ояд, шефтагони забони ноби модарӣ ва адабиёти форс-тоҷик дар баҳри илм ва каломи сеҳрангез шабеҳи ғаввосон ҳарисона шино мекарданд. Ширкати фаъолонаи онҳо дар конфронсҳои илмӣ ва маҳфилҳои адабӣ дарёи пурталотумеро пеши назар меовард, ки маҷрои худро ҷустуҷӯ дорад...
Дар шафати масҷиди Бибихонум – назди бозори Сиёб дуконе вуҷуд дошт бо номи «Тоҷиккитоб». Ошиқони асарҳои тозанашр остонаи онро, ба қавле, охурча карда буданд. Самараи ҷидду ҷаҳд ва бедорхобиҳо буд, ки шаш нафар толибилмони ин гурӯҳ мактаби олиро бо дипломи имтиёзнок хатм намуданд.
Мавриди ёдоварист, ки дар он аҳд донишҷӯёнро ба пахтачинӣ сафарбар мекарданд. Дар ин мавсим дар бошишгоҳи донишҷӯён шабҳои адабӣ ва байтбарак баргузор мешуд. Боре донишҷӯёни бахши чорум хостанд, ки баъди хӯроки шом бо «меҳмонони нав» байтбаракбозӣ кунанд. Гумон доштанд, ки онҳоро ба осонӣ мағлуб хоҳанд кард. Ҳайҳот, тири хатмкунандагон ба хок хӯрда, худ мағлуб шуданд...
Аъзои гурӯҳ бо вуҷуди он ки муштаракоти зиёд доштанд, ҳар яке як олам буданд. Чунончӣ, шодравон Исо Раҷабови бухороӣ, ки пас аз адои хидмати ҳарбӣ ба гурӯҳ пайваста буд, истеъдоди наттоқӣ дошт. Ҳамин тавону салиқа ӯро дертар ба даргоҳи радио ва матбуот бурд. Оиша Аҳмадоваи қирғизистонӣ, ки аз дигарон се-чор пероҳан зиёдтар дарронда буд, ҷаҳонбинии васеъ дошт. Ҳамеша омода буд, ки ба додару хоҳархондҳояш кумак кунад. Абдулло Субҳон аксар вақт дар банди зулфи хаёл мегашт. Хаёли рангинаш дар чаманистони ҳамешасабзи Ҳофизу Хайём, Соибу Иқболи Лоҳурӣ, Лоиқу Бозор Собир ва дигар нобиғаҳои назми оламгир сайр мекард. Марҳабо Муқимова (шефтаи шеърҳои дилнишин) буд, Мартаба Саломова, Замира Истамова ва Хадича Бақоева (равонаш шод бод) дар маҳфилороӣ, ба қавле, устухон надоштанд. Маҳз бо саъю ҳаракати Замира ва чанд нафар аъзои гурӯҳ, баъди қариб ним аср, аъзои гурӯҳ ба дидори ҳам расиданд. Муъминҷон Йӯлдошев ҷавони батамкин буд, Олимҷон Бобоеви косонсоӣ сурудҳои ҳиндиро ба маҳорати том иҷро мекард, Одил Валиеви чустӣ дар баробари адабиёт, ба варзиш низ иштиёқи баланд дошт, дар мусобиқаҳо шарафи гурӯҳро ҳимоя мекард. Гулсара Халилова, Масъуда Амонуллоева, Ҳалима Бобокалонова, Ҳабиба Файзуллоева ва Назира Восеева аз гулдухтарони сермутолиаи гурӯҳ буданд. Мухтор Расулови сӯхӣ ба сангбардорӣ ҳусну таваҷҷуҳ дошт, Мақсад Маъдиев дилбохтаи манзараҳои зебои табиат буд. Маҷнуни гурӯҳ дертар Лайлии худро дар зодгоҳаш – Порашт пайдо кард. Ҳазлу мутоибаҳои шодравон Ҳасан Назаров ҳамеша табъи аҳли нишастро болида месохт, Маҳбуба Рашидова яке аз аълохонҳои гурӯҳро аксар вақт аз китобхонаи донишкада меёфтед. Тӯли чор соли таҳсил аъзои гурӯҳ медонистанд, ки Абдураҳмон Ҷумъаеви оҳаликӣ ва Насибаи Риштонӣ ба якдигар дил баста буданд, вале касе огоҳ набуд, ки Сафо Насимову Мартаба Саломова чунин ҳиссиётро дар дил мепарвариданд. Муҳаббати поку беолоиш дертар онҳоро ба висоли якдигар расонд...
Дар нишасти хайрбодӣ шодравон Сафаралӣ Кенҷаев ба тариқи зайл сухан ронда буд:
– Якум, хушҳолем, ки аз манзараҳои нотакрори деҳаи кӯҳии Оҳалик – зодгоҳи бародарамон Абдураҳим дидан кардем. Дуюм, ин рӯзи фархунда барои мову шумо муборак бошад. Фардо бо амри тақдир ҳама мисли паррандаҳои мавсимӣ ба манзилҳои зисти хеш парвоз хоҳем кард, Шоире фармудааст:
Боз омадан зи рафтани
хуршед дур нест,
Гар зиндагист, дида ба дидор
мерасад.
Агар Худо насиб гардонад, мо боз ба дидори якдигар мерасем.
Вале ба шаш нафари гурӯҳ дидор насиб накард. Ба қавли шоире:
Ҳар чи дилам хост,
на он мешавад,
Он чи Худо хост,
ҳамон мешавад.
Маъвои охираташон обод
бод!
Дар рӯзҳои пурҳаяҷони дидорбинӣ шоҳиди он гардидем, ки дар тӯли солҳои истиқлол биноҳои замонавӣ – манзили зист, муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистону боғҳои истироҳатӣ, хиёбонҳои васеъ ба ҳусни Самарқанди бостонӣ афзудаанд. Давлат ба таъмири осорхонаи поягузори адабиёти навини тоҷик ва яке аз поягузорони адабиёти навини ӯзбек – устод Садриддин Айнӣ маблағ ҷудо кардааст. Зиёрати осорхона зиндагиномаи устодро бори дигар пеши назар овард.
Хеле хушҳол гардидем, ки ба туфайли назари некбинонаи роҳбари давлат дар шаҳри Самарқанд пайкараҳои Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Самарқандӣ ва Абулқосими Фирдавсӣ гузошта шудаанд. Пайкараҳои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомию Мир Алишер Навоӣ ба маркази шаҳр кӯчонда шуда, ба шарафи онҳо боғи зебое бунёд гардидааст. Бешубҳа, чунин корҳои амалӣ ба қаробати беш аз пеши халқҳои ба ҳам дӯсту бародар – тоҷикону ӯзбекон мусоидат менамоянд.
– Ҳоло тартиби қабул ба муассисаҳои таълими олӣ мисли пешина нест. Бо ташаббуси Президент низоми қабул ба муассисаҳои таълими олӣ куллан тағйир ёфт, тартиби тест ҷорӣ шуд, баъзе таълимгоҳҳо ба ҳисоби хоҷагӣ гузаштанд, – гуфт дар омади гап узви гурӯҳ Махфират Ҷунайдова. – Низоми нави қабул имкон медиҳад, ки ҷавонони донишманд ва болаёқат ба муассисаҳои таълими олӣ дохил шаванд. Хатмкунандагони мактаби таълими ҳамагонӣ метавонанд дар як вақт дар чанд донишгоҳ хонанд. Мо дар кишварҳои хориҷӣ хонданро орзу мекардем. Ҳоло ҷавонписарону гулдухтарони кишвар дар донишгоҳҳои бонуфузи Амрико, Чину Ҷопон ва Аврупо таҳсил карда, соҳиби ихтисос мешаванд. Сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ баланд бардошта мешавад...
Дуруст мегӯяд Махфират, ҷавонони чашмикордон имрӯз метавонанд ба сифати соҳибкор низ барои фаровонии мамлакат ва оилаи худ саҳм гузоранд. Мо бо чашми худ дида истодаем, ки ҷавонон дар ин ҷабҳа фаъоланд, соҳиби дукон ва корхонаҳои бузурганд. Пас, он рӯз дур нест, ки кишвари мо низ ба яке аз мамлакатҳои пешрафтаи дунё табдил меёбад.
Дидор ширин. Чанде аз аъзои гурӯҳ, баъди ду рӯзи дидорбинӣ, шаҳри бостониро бо дили кашол тарк гуфтанд.
Ниёзмурод МУРОДОВ,
сардори гурӯҳ,
ноҳияи Узуни
вилояти Сурхондарё.