АГАР МОДАРОН САЛОМАТ БОШАНД....

Доктори илми тиб, профессор Баҳодур Неъматҷонов соли 1962 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст.

Пас аз хатми мактаби ҳамагонии рақами 9-уми шаҳр соли 1979 донишҷӯи Донишкадаи тиббии Самарқанд гардида, соли 1985 онро хатм кард.  Солҳои 1985-1987 дар ординатураи клиникии донишкадаи мазкур таҳсил гирифт. Солҳои 1988-1991 аспирантура ва бозомӯзиро дар шаҳри Самарқанд гузашта, рисолаи номзадиро дар ҳамон ҷо дифоъ намуд. Соли 1993 рисолаи докториро бомуваффақият ҳимоя намуда, аз соли 1995 то имрӯз вазифаи мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологияи Донишкадаи тиббии Самарқандро ба ӯҳда дорад. Қариб 300 мақолаи вай дар матбуоти хориҷа ба табъ расидаанд. Муаллифи зиёда аз 18 дастури услубӣ барои табибон аст. Инчунин,  соҳиби 8 ихтироъ, 20 пешниҳоди ратсионализаторӣ мебошад. 
Таҳти роҳбарии профессор Баҳодур НЕЪМАТҶОНОВ 4 нафар ходими тиб рисолаи номзадӣ ва як нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд. 
– Баҳодур Болтаевич, биёед, суҳбатро аз суоли анъанавӣ оғоз кунем. Дар солҳои охир аҳли кафедраи акушерӣ ва гинекология чӣ корҳоро анҷом доданд?
– Мебояд таъкид кард, ки дар Ӯзбекистон модели миллии тандурустӣ тарҳрезӣ шудааст, ки шиори вай «Модари солим – кӯдаки солим» мебошад. Бино ба ҳамин тамоюл мо бисёр корҳоро анҷом додем. Ҳама тадбирҳои андешидаи мо барои солимгардонии занҳои синни таваллуд буда, ба субут расонда шуданд. Маълум аст, ки танҳо модари солим кӯдаки солимро ба дунё меоварад. Мо дар шаҳр ва ноҳияҳои вилояти Самарқанд шудем. Дар мулоқотҳо маҳз дар ҳамин мавзӯъ маърӯзаҳо хондем. Онҳо ба маърифатомӯзии занҳои синну соли таваллуд равона карда шудаанд. 
– Бигӯед, ки кадом бемориҳо дар миёни занон бештар ба назар мерасанд?
– Ин қабл аз ҳама анемия – камхунӣ аст. 
– Ин беморӣ чӣ гуна ба вуҷуд меояд?
– Сабабҳояш аз хӯрокхӯрӣ ва тарзи зиндагии нодуруст ва менталитети халқи мо бармеоянд. Мо дар маърӯзаҳоямон такрор ба такрор талқин кардаем, ки занҳо мебояд ба тартиби дурусти хӯрокхӯрӣ риоя намоянд. Дар таркиби хӯрок бояд ҳатман витамину микроэлементҳо бошанд. 
– Шумо ба ҳайси як мутахассиси варзидаи гинекология ба занҳои ҳомила чӣ маслиҳатҳо медиҳед?
– Нуктаеро таъкид мекунам: синну соли муайяни тавлиди тифл ҳаст. Ин ҳам бошад, тақрибан аз 20 то 30-солагӣ аст. Дар ин фосилаи вақт занҳо ду ё се фарзандро ба дунё меоранд. Фосила аз як зоиш то дигараш бояд се-чаҳор сол бошад. 
Дар замони начандон пеш гоҳо занҳо то 10-11 тифлро ба дунё меоварданд,  ҳатто ба чунин занҳо унвони «Модари қаҳрамон»-ро медоданд. Ин амал тақдир мегардид. Аз назари мо – аҳли тиб ин амал нодуруст буд. Ба андешаи мо якто зан ду-се тифлро ба дунё орад, кифоя аст. Зеро тавлидкуниҳои пайи ҳам ва зиёд саломатии занро заиф хоҳад кард. Ба ҷомеа кӯдакҳои ҳамаҷониба солим лозиманд. Мо ба бонувон талқин мекунем, ки зоишҳои паи ҳам нерӯи ҷисмониро заиф мегардонад ва чунин иқдом паёмади нохуш ва ногувор дорад. Аз ин рӯ, ду ё се фарзандро ба дунё оварда, ба онҳо таълиму тарбияи хуб додан кофист.
– Дар хусуси бемориҳои занон бо рақаму санадҳо ҳарф мезадед...
– Фактҳо бисёранд. Аз ин панҷ-даҳ сол пеш аксари занҳо аз хунравии барзиёд ҳангоми таваллуд  аз олам мегузаштанд. Ҳозир сиёсате пиёда шудааст, ки тибқи он амнияти модаршавӣ ва тавлиди кӯдак боздошта мешавад. Ӯзбекистон аз нахустинҳо шуда барномаи Созмони ҷаҳонии тандурустиро қабул кард, ки ҳоло он ба ҳаёт татбиқ карда мешавад. 
– Мо – рӯзноманигорон дар хусуси оқибатҳои зану шавҳаршавии хешу табор бисёр навиштаем. Аммо то ҳол натиҷа кам аст. Шумо дар ҳамин хусус чӣ андешаҳо доред?
– Чунин падида, ки решаҳояш амиқ аст, муаммои калон мебошад. Тибқи қонунгузорӣ чунин никоҳро манъ кардан лозим. Пас аз зану шавҳаршавии хешу табор агар зан ҳомила шавад, он ҳанӯз дар батни модар инкишофи аномалӣ мегирад. Дар натиҷа эҳтимол ҳаст, ки кӯдак бо айбу нуқс,  маъюбу маслуқ ба дунё ояд. Ин падида паёмадҳои нохуш дошта, гоҳо ранги фоҷиавиро мегирад ва он бештар дар деҳот ба мушоҳида мерасад. 
Мо маротибаҳои зиёд дар миёни мардум будем, дар ҳамин мавзӯъ маърӯзаҳо хондем. Ба андешаи мо, мебояд, ки дар Кодекси оила ҳамин нукта зикр шуда, чунин никоҳҳо мамнӯъ эълон карда шавад, дар он сурат натиҷаи назаррасро соҳиб шудан мумкин аст. 
– Безурриётӣ ҳам дар мард ва ҳам дар зан буданаш мумкин аст. Бигӯед, ки вай чӣ гуна ба вуҷуд меояд ва оё безурриётиро табобат кардан мумкин аст?
– Безурриётӣ як масъалаи калони иҷтимоист. Сабаби асосии он илтиҳоби узви таносул аз инфексияи бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сироятёфта мебошад. Ҳозир гирифторшавӣ ба чунин инфексия зиёд шудааст. Роҳи амниятёбӣ аз чунин инфексия чӣ гуна аст? Барои ин на фақат зан, балки мардро ҳам табобат кардан лозим аст. Мардро табиби уролог, ё андролог, занро гинеколог табобат мекунад. 
Безурриётӣ дар сурати генетикӣ будани он табобатшаванда аст. Дар миёни зану шавҳар меҳру муҳаббат бошад,ин бемориро табобат кардан мумкин аст. Дар навбати аввал илтиҳоби узвҳои таносулро барҳам задан лозим. Имрӯз ин масъалаи рӯзмарра барои боздоштани саломатии репродуктивии ҷавонон, наврӯзгорон мебошад. 
Дар Маркази тиббии бисёрсоҳаи бачагона мо дар ҳамкорӣ ва ҳамдастӣ шуъбаи гинекологии наврасонро кушодем. Вай дар амал маркази ягона дар ҷумҳурӣ аст. 
– Қобили тазаккур аст, ки муаммои модаршавӣ бо айёми кӯдакии духтарон амиқ вобаста аст. Модарҳои ояндаро аз гаҳвора сар карда, эҳтиёт бояд кард. Духтарбача ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам зеҳнӣ нозуктар аст. Сад таассуф, ки мардуми мо ба духтарбачаҳо эътибор намедиҳанд. Агар кӯдак писар таваллуд шавад, гӯсфанд мекушанд, мардумро зиёфат медиҳанд. Чунин падидаи зиндагӣ на танҳо дар мо, балки дар Машриқзамин ҳукми анъанаро гирифтааст. 
– Ин аз менталитети мардуми мо ҳам бармеояд. Агар фарзанд писар бошаду саҳл сараш дард кунад, даррав ба духтур мебаранд. Чунин муносибатро ба духтар ҳам муносиб бояд дид. Нигоҳубин, таълиму тарбияи писарон ва духтарон як хел шуданаш лозим аст. Ин гендер, яъне як хел гуфтан аст. 
Дар шуъбаи зикрёфта бошад, 15 кати беморӣ ҳаст. Дар миёни духтарбачаҳо аномалия бисёр мушоҳида мешаванд. Инро барои чӣ гуфта истодаем? Аксарияти падару модарони духтарбачаҳо бо ҳам муносибатҳои хешу таборӣ доранд. Дар аксари фарзандони волидайни хешу табор иллатро мушоҳида кардаем.  
– Аз падару модарон боз кадом бемориҳо аз тариқи ирсият ба фарзандон мегузаранд?
– Барои ин дар Самарқанд Маркази скрининг ҳаст. Дар ҳамон ҷо тадқиқи хоссаи генетикӣ гузаронда мешавад. Кори мо бошад, табобат кардан аст. 

Мусоҳиб Ӯктам ИБРОҲИМ.
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: