ӮЗБЕКИСТОН СОҲИБИ ИМКОНИЯТҲОИ БЕМИСЛИ САЙЁҲӢ МЕБОШАД

Ӯзбекистон бо ёдгориҳои зиёди таърихиву меъморӣ, иқлими мусоид, суръати баланди инкишоф сазовори эътибори тамоми ҷаҳониён гардидааст.

 Аз ҷумла дар мамлакат соҳаи сайёҳӣ низ ривоҷ меёбад.
Солҳои охир ҳамчун самти стратегии иқтисодиёти мамлакат беш аз пеш инкишоф додани  сайёҳӣ, фароҳам овардани шароитҳои хуби рушди иқтисодиёт, истифодаи пурра ва самарабахши салоҳияти бузурги сайёҳии ҳудудҳо, куллан такмил додани идораи шабакаи сайёҳӣ, беҳбуди маҳсулоти миллии сайёҳӣ ва тарғибу ташфиқи онҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ба сифати марказҳои муҳими тамаддуни ҷаҳонӣ шиносидани соҳаи сайёҳии қаламрави Ӯзбекистон, ба субъектҳои тадбиркорие, ки дар соҳаи мазкур фаолият доранд, ба вуҷуд овардани имконитятҳои иловагӣ ба вазифаҳои устувор табдил ёфтанд. 
Асосҳои ҳуқуқие, ки соҳаи сайёҳиро аз ҳар ҷиҳат ба низом медароранд, офарида шуданд. Чунончӣ, соли 2019-ум Қонун «Дар бораи сайёҳӣ»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул гардид, як қатор фармон ва қарорҳои Президент, ҳукумати мамлакат қабул шуданд ва ба амал татбиқ гардиданд. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои мазкур чораҳое амалӣ мешаванд, ки ба самарабахш истифода бурдани имкониятҳои мавҷудаи ҳар як ҳудуд нигаронида шудаанд. 
Мувофиқи ҳуҷҷатҳои зикршуда самаранокии истифодаи салоҳияти сайёҳии мамлакат афзуд, барои сайёҳони хориҷӣ ва маҳаллӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд, тадбирҳои босуръат инкишоф додани инфрасохтори замонавӣ, вусъат додани хидматҳои сайёҳӣ, меҳмонхонавӣ ва нақлиётӣ андешида мешаванд. 
Барои ин ба созмонҳои сайёҳӣ имтиёз ва сабукиҳои иловагӣ дода шуданд. Таъсис ёфтани муассисаи махсуси таълими олӣ барои дар ин соҳа тайёр кардани кадрҳои соҳибилму соҳибтаҷрибаи замонавӣ имконият медиҳад. 
Дар мамлакат мавзеъҳои истироҳатие, ки дар давоми мавсим мувофиқи меъёрҳои байналхалқӣ хидмат расонида метавонанд, сол аз сол зиёд мешаванд. Алҳол дар тамоми гӯшаву канори мамлакат шумо метавонед рушди сайёҳӣ ё худ пешбурди ин ё он соҳаи мазкурро мушоҳида кунед. Ҳоли ҳозир тамоми навъҳои саёҳат ва истироҳат: миллӣ, варзишӣ, мероси маданӣ, зиёратӣ, фарҳангӣ, бадеӣ, хурокворӣ, сайёҳати тиббӣ, сайёҳати ҷавонон, экотуризм, сайёҳати зимистонӣ, варзиши велосипед ва хелҳои дигар рӯ ба беҳбуд овардаанд. 
Ин аст, ки миқдори сайёҳони хориҷӣ, ки ба Ӯзбекистон меоянд, сол аз сол ба дараҷаи назаррас меафзояд. Чунончӣ, агар соли 2020-ум ба мамлакат 1,5 миллион сайёҳ омада бошад, соли 2021-ум шумораи онҳо ба 1,8 миллион, соли 2022-юм бошад, ба 5,2 миллион расид. Яъне соли 2022-юм нисбати соли 2021-ум се баробар афзуд. 
Бино ба маълумот соли равон ба Ӯзбекистон ҳафт миллион сайёҳи хориҷӣ меояд, ки ин далели фароҳам овардани имкониятҳои зиёд барои рушди сайёҳӣ мебошад. 
Воқеан, рушди соҳаи мазкур баробари таъмин сохтани истиқрори иқтисодӣ, бо кор таъмин кардани аҳолӣ ва зиёд намудани манбаи даромади онҳо, нуфузи Ӯзбекистонро дар арсаи байналхалқӣ беш аз пеш баланд мебардорад. 
Оммавӣ гардидани сайёҳии дохилӣ бошад, истироҳати фаъоли шаҳрвандон, ваҳдати халқи бисёрмиллат, бо мероси ғановатманди табиӣ, маданӣ ва таърихии кишварамон шинос шудани аҳолӣ, ба хусус ҷавонон, барои дар онҳо афзудани эҳсоси фахру ифтихор мусоидат менамояд. 
Алҳол ба мақсади таъмин намудани давомияти ҳамешагии имконитяҳои фароҳамовардашуда, ҳифзи мероси таърихӣ, маънавӣ, фарҳангӣ, ҳамчунин сарватҳои ғановатманди табиии мамлакат,  дар оянда барои насли наврас боқӣ гузоштани ин мерос, дар таҳрири нави Сарқонуни мо аз ҷониби шаҳрвандон эҳтиёткорона истифода бурдан аз мероси таърихӣ, маънавӣ, маданӣ, илмӣ ва табиии халқи Ӯзбекистон, ҳамчунин ҳамаҷониба ҳифз кардани онҳо сабт гардидааст.
Мушаххас кардан ва ба амал татбиқ намудани вазифаҳои мазкур дар ғояи «Ҳифз намудани мероси маданӣ ва ба ҳаракати умумимиллӣ табдил додани сайёҳӣ»-и Ҳизби демократии Ӯзбекистон «Миллий тикланиш» ифода ёфтааст. Барои ба амал татбиқ намудани ин вазифаҳо  амалӣ гардонидани чораҳое, ки дар барномаҳои пешазинтихоботӣ андешида шудаанд, имкониятҳои зиёд фароҳам меоваранд.
Дар кишвари мо беш аз 7 ҳазор ёдгориҳои нодири таърихӣ, намунаҳои муҳташам ва нотакрори меъморӣ, табиати ғановатманду рангин, анъанаҳои бисёрасринаи маданият ва санъати миллӣ, ҳунармандӣ, таомҳои дар ҷаҳон машҳури миллӣ, ҳунари пазандагӣ мавҷуданд, аз мо тақозо мегардад, ки аз онҳо самарабахш истифода бубарем. 

Зумрад БЕКАТОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, узви фраксияи Ҳизби демократии Ӯзбекистон «Миллий тикланиш».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: