Дар вилояти Самара автобуси мусофирбар бо шаҳрвандони Ӯзбекистон ба садама дучор шуд: ҳалокшудагон ҳастанд

Автобус аз шоҳроҳи Урал-Муханово дар ноҳияи Кинелскии вилояти Самара берун шуда, чаппа шуд ва ду мусофир ба ҳалокат расиданд.

Даҳ нафари дигар ба бемористон интиқол ёфтанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД дар минтақа ба ТАСС.

«Ронанда, ки автобуси "Scania"-ро идора мекард, дар километри 26-уми шоҳроҳи Урал-Муханово ҳаракат карда, суръати бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, ба бероҳа ва чаппа шудани автобус роҳ дод. Ду мусофир ба ҳалокат расиданд. 10 мусофири боқимонда ба муассисаи тиббӣ интиқол дода шуданд”, - омадааст дар хабар.

Дар прокуратураи вилояти Самара тавзеҳ додаанд, ки тибқи маълумоти пешакӣ, ронандаи автобуси муқаррарӣ идораро аз даст додааст. Ҳодиса соати 01:00 (00:00 ба вақти Маскав) рух додааст.

"Прокуратураи байниноҳиявии Кинел санҷиши иҷрои қонунгузорӣ дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳро ташкил намуда, дар натиҷаи он масъалаи чораҳои вокуниши додситонӣ ҳал хоҳад шуд", - илова намуд идораи назоратӣ.

Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Самара хабар дод, ки автобус дар Қазоқистон сабти ном шуда, шаҳрвандони Ӯзбекистонро ба Нижний Новгород мебурд.

«Автобус дар Ҷумҳурии Қазоқистон сабти ном шудааст. Ин автобус шаҳрвандони Ӯзбекистон интиқол медод ва масири пешакӣ шаҳри Нижний Новгород буд», - омадааст дар хабари шарҳии сардори раёсати  назорати давлатии автомобилии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Самара Юрий Некрасов.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: