ОБОДОНИИ МАҲАЛЛА — ҒАМХОРӢ БА ХАЛҚ

Дар кишварамон дар чаҳорчӯби лоиҳаи умумимиллии “Макони сабз” дар асоси меъёрҳои “Хонаи обод”, “Кӯчаи обод”, “Маҳаллаи обод” як қатор корҳо анҷом дода, қиёфаи маҳаллаҳо ба таври куллӣ тағйир меёбад.

Дар вилояти Қашқадарё бо ташаббуси роҳбари сектори 3-юми вилоят инфрасохтори маҳаллаи дурдасти «Олтин бошоқ»-и ноҳияи Миришкор пурра нав карда шуд. Ба анҷом расидани корҳои сохтмону бунёдкорӣ ба ҷашни ҳақиқӣ табдил ёфт.
Дар чорабинӣ роҳбарони секторҳо таҳти сарварии ҳокими вилоят, шахсони масъул, куҳансолон ва фаъолони маҳалла иштирок карданд. То вақтҳои охир барои ҷамоати шаҳрвандони маҳалла, ки дар он қариб 2,5 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, бинои маъмурӣ набуд. Ҳоло барои фаъолияти «ҳафтгонаи маҳалла» бинои нави маҳалла сохта ва ба истифода дода шудааст. Дар он барои истифода бурдан аз манбаъҳои алтернативии энергия  панелҳои офтобӣ насб карда шудаанд.
– Бунёдкориҳоеро, ки дар муддати кӯтоҳ анҷом дода шуданд, бо ҳеҷ чиз қиёс кардан мумкин нест, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла Холмурод Асадов. – Ҳама кӯчаҳо таъмир гашт, дар 7 хонаи сокинони камбизоат таъмири асосӣ анҷом дода шуд. Майдончаҳои варзишӣ ва бунгоҳи тиббии деҳа нав карда шуданд. Аҳолӣ аз кори наҷибонаи анҷом додашуда хеле шод аст. Панҷ километр роҳҳои дохили хоҷагӣ сангфарш ва 1,3 километр роҳравҳои пиёдагард гузошта шуданд. Дар кӯчаҳо 50 асбоби равшанидиҳии аз энергияи офтоб коркунанда гузошта шудааст. Бо мақсади бо қувваи электр таъмин намудани биноҳои истиқоматӣ 185 такягоҳи бетонӣ гузошта, 5 ҳазор метр хатти нави электр гузаронда шуд. 2 трансформатори нави иқтидорашон 100 киловатт гузошта, 3 трансформатор таъмир карда шуд.


– Қаблан ин маҳалла маҳаллаи ба ҳоли худ партофташударо мемонд, – мегӯяд сокини деҳа Иброҳим Тошқулов. – Ҳоло он ба як шаҳри хурд монанд аст. Кӯчаҳо ҳамвору равшананд. Биноҳои маъмурӣ, майдончаҳои варзишӣ, салонҳои зебоӣ сохта шуданд. Сокинони мо аз чунин навигариҳо шоду мамнунанд. Бунгоҳи тиббии деҳоти «Янги Жейнов», ки солҳои 2005-2015 мавриди истифода қарор дошт, аз таъмир бароварда шуд. Бунгоҳи тиббии деҳаи «Олтин бошоқ» ба истифода дода шуд. Имрӯз ин муассисаи тиббӣ ба зиёда аз 2400 шаҳрванд хидмати тиббӣ мерасонад.
– Ман аз ҳамин деҳа мебошам, солҳои зиёд боз дар БТД ҳамшираи патронажӣ шуда кор мекунам, – мегӯяд Холида Асадова. – Вазъияти бинои қаблии мо хеле ғайриқаноатбахш буд, барои хидматрасонии тиббӣ ба беморон шароит вуҷуд надошт. Аҷибтараш он аст, ки дар ин ҷо ҳамагӣ ду кас кор мекард. Дар чаҳорчӯби барнома бино таъмир ва ба маркази саломатии оилавӣ табдил дода шуд. Барои табобати статсионарӣ катҳо гузошта шуданд. Системаи гармидиҳӣ насб карда шудааст. Таҷҳизоти тиббӣ оварда шуд. Шумораи ҷои кор афзуд. Албатта, ин дар расондани хидмати босифати тиббӣ ба сокинони маҳаллаи мо аҳамияти калон дорад.
Бинои мактаби миёнаи № 27-и дорои 120 ҷойи нишаст соли 1994 сохта шуда буд. Дар доираи ин барнома мактабро бо девор иҳота намуда, 11 синфхона таъмир карда шуд. Сети гармидиҳии мактаб низ ба истифода дода шуд. 
Дар ин мавзеъ то вақтҳои охир барои мусофирон ягон истгоҳ набуд. Дар доираи барнома истгоҳи нав, аз ҷумла мағозаи тиҷоратӣ ва ҷои интизории мусофирон сохта ба истифода дода шуд. Соҳибкори ин деҳа бо истифода аз қарзи имтиёзнок коргоҳи нави дӯзандагӣ, сехи истеҳсоли нону маҳсулоти ордӣ кушода, як гурӯҳ занонро бо кор таъмин намуд.
Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва пурмазмун гузаронидани вақтҳои холии онҳо майдончаи «Work-out» ва майдони футболи хурд бо сабзаҳои сунъӣ ба истифода дода шуд.
Дар се гектар майдони маҳалла боғи шуъбаи корҳои дохилӣ мавҷуд буда, дар он 4 ҳазор бех ниҳоли ороишию мевадиҳанда шинонда шуд. Дар даромадгоҳи ҳудуди маҳаллаи «Олтин бошоқ» стеллаи замонавӣ насб карда, гирду атрофи он обод карда шуд.     
Ӯлмас БАРОТОВ, 
мухбири ӮзА.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: