Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо ҷорӣ кардани вазифаи ёварони ҳоким ва чӣ гуна зарурат пайдо кардани ин вазифа дар панҷ моҳи гузашта исботи худро ёфт.
Дар панҷ моҳи гузашта аз тарафи ёварони ҳоким дар 784 маҳаллаи вилояти Намангон 140 ҳазор ҷойи нави кор фароҳам оварда, ба 190 ҳазор нафар шаҳрвандон субсид ва 7 ҳазору 300 нафар шаҳрвандон 150 миллиарду 300 миллион сӯм кредит ҷудо карда шуд.
Ба қарибӣ бо ташаббуси ҳокимияти вилоят ва Садорати рушди иқтисодӣ ва кам кардани камбағалӣ барои шинос шудан бо фаъолияти ёварони ҳоким барои журналистон ва блогерҳо пресс-тури дурӯза барпо гардид.
Ташрифи нахустини иштирокчиёни чорабинӣ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Яккасадаи шаҳри Намангон буд. Онҳо дар минтақаи саноати хурди «Баркамол авлод» бо фаъолияти мономаркази маҳаллаи номбурда шинос шуданд.
– Дар мономарказамон баробари дигар касбу ҳунар бештар забони куриёӣ омӯзонида мешавад. Пас аз омӯхтани забон ҷавонон метавонанд ба Куриё рафта кор кунанд, – гуфт ёвари ҳоким дар маҳаллаи Яккасада Мубошир Аҳадов.
Дар ноҳияи Уйчӣ 56 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо вуҷуд дошта, бо ёрии ёварони ҳоким ба 14 ҳазор нафар шаҳрвандон ҷойи нави кор фароҳам оварда шудааст. Иштирокчиёни пресс-тур дар маҳаллаи Хӯҷаобод аз сехи масолеҳи чиннисозӣ дидан карданд.
Маҳалли боздиди навбатии иштирокчиён дар маҳаллаи Бунёдкори ноҳияи Янги Намангон буд.
– Қисми асосии бошандагони маҳаллаамон бештар бо токпарварӣ ва дӯзандагӣ машғул мешаванд. Бо ҳамин барои 550 нафар сокинони маҳаллаамон ҷойи нави кор ба вуҷуд омад, – гуфт ёвари ҳоким дар маҳаллаи Бунёдкор Шерзодбек Сулаймонов.
Чодак яке аз деҳаи бағали қаторкӯҳҳои Чотқолу ноҳияи Попи вилояти Намангон ба шумор меравад. Иштирокдорон бо салоҳияти сайёҳии деҳа, ки табиаташ бетакрору рӯзҳои тобистон сояву салқин аст, инчунин ба ҷамоати шаҳрвандони Ороми ноҳия, ки дар он 81 гектар гармхона фаъолият нишон медиҳад, шинос шуданд. Онҳо ба ноҳияҳои Учқӯрғон, Косонсой ва Давлатобод рафта, фаъолияти ёварони ҳоким дар маҳалларо аз назар гузаронданд.
А.МУРОДОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.