Вохӯрӣ бо намояндагони воситаҳои ахбор

Дар чорабиние, ки дар толори иттифоқҳои касабаи вилояти Намангон баргузор гардид, ҳокимони маҳаллӣ, роҳбарони хидмати иттилоотии ташкилотҳои давлатӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Муовини ҳокими вилоят Ботирҷон Нуриддинов оид ба масъалаҳои мубрами имрӯза, бахусус, мубориза бо коррупсия дар соҳа, беғаразӣ дар дарёфт ва паҳн кардани иттилоот, обуна ба нашрияҳо муфассал суханронӣ намуд. Пас аз он, Илҳомҷон Раҳматов, ки ба вазифаи котиби матбуоти ҳокими вилоят – мушовир оид ба сиёсати иттилоотӣ таъин гардид, ба ҳозирон муаррифӣ гардид. 
Зимни мулоқот доир ба ташкили хидмати иттилоотӣ, пешгирии паҳншавии хабарҳои бардурӯғ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои дар қонун мавҷуди оид ба соҳа пешбинишуда ва одоби касби рӯзноманигорӣ изҳори ақида шуд.
Дар хотима вазифаҳои таъхирнопазире, ки дар назди соҳа истодаанд, муайян карда шуанд.

М. МАМАҶОНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ВИЛОЯТИ НАМАНГОН. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: