БОЗ ОМАДАН ЗИ РАФТАНИ ХУРШЕД ДУР НЕСТ

Ба рӯзҳои хуб,ҷашну тантанаҳои гуногуне, ки ба ягон муносибат доир мекунанд, якдигарро таклиф намудани тоҷикону ӯзбекон ба анъана табдил ёфтааст.

Бо шарофати чорабиниҳо дӯстон якдигарро хабар мегиранд. Нишоти дидор сари бародарони азалию абадиро ба осмон мерасонад. Ҳамоишҳои маънавию фарҳангие, ки дар сарзамини мо бо иштироки дӯстони ӯзбекистониамон баргузор мегарданд, фикр мекунам, серфайз ва пуршукӯҳтар мегузаранд.
Дар таҷлили 70-солагии бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон намояндагон аз Ӯзбекистон низ ширкат ҷустанд. Дар доираи ҷашн вохӯрӣ ва суҳбатҳо бо иштироки аҳли қалами Ӯзбекистон ба амал омад. Як гурӯҳ шоиру нависандагон ва журналистон аз кишвари дӯст дар факултаҳои забону адабиёти тоҷик ва филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ меҳмон буданд. Дар вохӯрӣ, ки маҳфили адабиро мемонд, шеърхонӣ бо ду забон сурат гирифт, сурудҳо ба дил завқ бахшид. 
Қобили таваҷҷуҳ боз он ки ду нафар меҳмонон хатмкардаи ҳамин донишгоҳ будаанд. Ба онҳо гуфтем ҳоло низ донишҷӯёне, ки аз вилоятҳои гуногуни Ӯзбекистон дар донишгоҳи мо таҳсил менамоянд, хеле зиёд.
Вақтҳои охир Тоҷикистон, аз ҷумла, шаҳри Хуҷанд, ки маркази маъмурии вилояти Суғд аст,  хеле тағйир ёфтааст. Ободгариҳо торафт бештар доман паҳн мекунанд. Сайёҳ ва зиёратгароне, ки ба ин диёр омадаанд, бо таассуроти хуб бармегарданд. Зиндагии мардум ба беҳбудӣ рӯ мениҳад.
Бале, баъде ҷумҳурӣ ба истиқлол даст ёфт, дар мустаҳкамсозии пояҳои давлатдорӣ, нуфуз пайдо кардан дар майдони байналхалқӣ, барпову бунёдгариҳо ба комёбиву дастовардҳои бузург ноил шуд. Вале ин муваффақиятҳо ба осонӣ даст надод.
Хаёли мо, бидуни ихтиёр, ба воқеаҳои хушу нохуше гиреҳ мехӯрад, ки дар се даҳсолаи охир рӯй доданд. Яке аз воқеаҳои муҳим дар таърихи кишвари мо ба роҳ гузошта шудани муносибатҳои дуҷониба бо Ӯзбекистон буда, ҳамкорӣ бо ин кишвар яке аз самтҳои устувори сиёсати берунии Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Вақте ба саҳифаҳои таърихи дерини халқҳои тоҷик ва ӯзбек назар меафканем, ба аз қадим чун зода ва парвардаи як сарзамин ба якдигар решапайванд будани онҳо дигарбора бовар мекунем. Дӯстиву рафоқати чандинасра, некҳамсоягӣ, арзишу анъанаҳои фарҳангии ягона тоҷику ӯзбекро аз давраи бостон муттаҳид мекард. Ва ин ба якдигар дилбастагиву вобастагии ду халқ дар давоми асрҳои зиёд обутоб ёфт ва аз имтиҳони таърих гузашт.
6-7 сол инҷониб халқҳои ду кишвар дар вазъияти куллан дигар ба якдигар муносибат менамоянд. Роҳбарони ду давлат дар аз нав пайвастшавии риштаҳои гусаста, ба давлати дидор расидани ёроне, ки дар ду ҷониб зиндагӣ мекунанд, ҳамчунин дар шароити нави таърихӣ аз нав барқарор сохтани муносибатҳои дипломатӣ, кушодани гиреҳҳо ва обшавии «яхҳои чандсола»,  ҳалли худро ёфтани масъала ва муаммоҳое, ки ба пешравиҳо садди роҳанд, нақши муҳим бозиданд.
Ҳақиқатан ҳам дар солҳои охир ба туфайли саъю кӯшиши сарони ду кишвар, ҳамҷиҳатӣ ва мустаҳкамии иродаи сиёсии онҳо шарикии стратегӣ байни ду давлат ба давраи нав баромад. Риштаҳои меҳру оқибат байни бародархалқҳо боз ҳам мустаҳкам шуданд. Рӯзҳои ташрифҳои расмии роҳбарони ҳарду кишвар (аз ҷумла, 9-10 март ва 17-18 августи соли 2018, 10-11 июни соли 2021, 2-3 июни соли 2022) ба рӯзҳои муҳим дар ҳаёти халқҳои тоҷику ӯзбек қарор гирифтанд. Тӯли солҳои охир дар соҳаҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба зиёда аз 100 ҳуҷҷат ба имзо расид. Ҳаҷми  савдои тарафайн 40 баробар афзуд. Танҳо дар соли 2021 ҳаҷми мубодилаи амвол аз 600 миллион доллари ИМА гузашт. Вақтҳои охир дар нақлиёт, алоқа, энергетика, саноат,  кишоварзӣ, озуқаворӣ, металлургия, мошинсозӣ, кимё, саноати дорусозӣ, бонк, сайёҳӣ барин соҳаҳо ҳамкориҳо ба дараҷаи нав баромад.
Байни вилоятҳои  ҷудогонаи ду ҷумҳурӣ, айни замон, муносибатҳо ба роҳ гузошта шуданд. Намояндагони коршиноси вилояти мо ба вилоятҳои Самарқанду Тошканд рафтанд. Самарқандиву тошкандиҳо, дар навбати худ, ба Хуҷанд омада, ба рафти корҳо дар ҷанбаҳои гуногуни вилоятамон шинос гаштанд. 
Аз соли 2018 байни ходимони таълими ду мамлакат равобит барқарор гашт. Ҳамкориҳо дар соҳоти илму фан мазмуни тоза пайдо мекунад. Посбонҳои саломатӣ дар ду ҷумҳурӣ низ муносибатҳоро барқарор кардаанд. Бо кумаки ҳукумати Ӯзбекистон дар ноҳияи Қабодиён маҷмааи тиббӣ қомат рост кард.
Иншооте, ки бо дасти дӯст аз кишвари ҳамсоя ба бунёд меоянд, рамзи дӯстиву рафоқати ду халқ буда, аз қаробати азалии мо дарак медиҳанд.
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар вазъияти тантананок дар Тошканду Душанбе рӯзҳои фарҳанг ва рӯзҳои кинои худро гузаронданд.  Байни вазоратҳои маданияти ду ҷумҳурӣ ҳуҷҷат «Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маданияту санъат дар солҳои 2022-2023» имзо гашт.
Ба наздикӣ Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе бо унвони «Тоҷи Сомон» баргузор гардид. Алӣ Ҳамроев, Матёқуб Матчонов барин чеҳраҳои намоёни кино дар баромадҳои худ, аз ҷумла, дар бораи дӯстии ду халқ бо ҳарорат сухан ронданд. Дар Боғи Ирами пойтахти Тоҷикистон меҳмонон аз Ӯзбекистон гуфтанд, ки имрӯз Тоҷикистон воқеан ба Боғи Ирам монанд шудааст. Мукофотҳои асосии ҷашнвора ба онҳо насиб кард.
Дар доираи ин синамоҷашнвора дар Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ (Хуҷанд) низ чорабинии идона рӯйи кор омад. Иштирокдорон филми ҳунарии «Ӯзбекдухтар» (истеҳсоли «Ӯзбекфилм»)-ро бо мароқ тамошо карданд.
Байни Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (Душанбе) ва Китобхонаи миллии Ӯзбекистон меморандуми идроки якдигар ба имзо расид. Адибону рӯзноманигорони мо, дар навбати худ, равуоҳоро ба роҳ гузошта, анъанаҳоеро, ки як вақтҳо Айниву Қодирӣ, Лоҳутиву Абдулло Қаҳҳор, Турсунзодаву Ғафур Ғулом оғоз бахшида буданд, дар шароити нави таърихӣ идома мебахшанд.
Декларатсияе, ки бо ташаббуси сарони ду кишвар 2 июни соли 2022 дар шаҳри Тошканд бо унвони «Дар бораи мустаҳкамсозии дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ» ба имзо расида буд, воқеан ҳуҷҷати муҳими стратегист ва амалӣ шудани нуктаҳои он, тавре мушоҳида мекунем, бо гузашти рӯзҳо халқҳои ду ҷумҳуриро ба ҳам наздиктар мегардонад.
Беҳуда намегӯянд, ки меҳр дар чашм. Бо шарофати чорабинӣ ва ҳар гуна ҷашнҳо халқҳои ду кишвар ҳар қадар аз якдигар хабар гиранд, ҳолпурсу дилпурси якдигар бошанд, ҳамон қадар рӯҳи Ҷомиву Навоӣ шод, ҳамон қадар хонаи Меҳру Оқибати мо обод мегардад. 

Рустам ЙӮЛДОШЕВ,
 номзади фанҳои таърих, 
дотсенти Донишгоҳи давлатии 
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: