Бахшида ба Рӯзи дӯстии халқҳо, ки 30-июл дар мамлакатамон таҷлил ёфт, як гурӯҳ ҳамватанонамон бо орден, медал ва нишонҳои сарисинагӣ мукофотонида шуданд.
Хушбахтона, дар қатори онҳо ман низ ҳастам, ки бо тавсияи Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба нишони сарисинагии «Дӯстии халқҳо» мушарраф гардидам. Аз он шодам, ки хидмати камтаронаи маро ҳукумат арзёбӣ намудааст.
Беш аз понздаҳ сол аст, ки ҳамчун аъзои фаъоли Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ дар тарғиб намудани муносибати дӯстӣ, кушодадилӣ, рушди забон, фарҳанг, санъат, пойдории арзишҳои миллӣ ҳиссаи ноарзандаи худро мегузорам. Дар гузарондани ҷашнвораҳои бузургони форсу тоҷик, идҳои мардумӣ, шаби шеър, шабнишиниҳои дӯстӣ ба Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ, ҳаракат мекунам, кумак расонам.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ дар 8 муассисаи таълими олӣ кадрҳои ҷавон ба забони тоҷикӣ таълим мегиранд. Донишгоҳи давлатии Бухоро, Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишкадаи омӯзгорӣ ва соҳибкории Деҳнав, Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон – Финландия, Донишгоҳи давлатии Тирмиз, Донишкадаи давлатии омӯзгории Тирмиз, Донишгоҳи давлатии Фарғона ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ аз он ҷумлаанд.
Имрӯз дар муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ 23 ҳазору 754 нафар толибилмон ба забони тоҷикӣ таҳсил мегиранд. Дар соли хониши 2023-2024 дар муассисаҳои таълими олие, ки таълим ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст, параметри қабул 400 ҷой буда, аз он 94-тоаш дар асоси гранти давлатӣ муайян карда шудааст.
Ман аз он мефахрам, ки дар кишвари озоду обод, халқҳояш ҳамдилу ҳаммаслак, кишваре, ки инсон дар он гиромӣ дошта мешавад, ҳаёт ба сар мебарам, ифои вазифа дорам.
Шамсиддин Ҳофизи Шерозӣ фармудааст:
«Ба роҳате нарасид он, ки заҳмате накашид...»
Комилҷон МАВЛОНОВ,
сармутахассиси Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсияи Ӯзбекистон.