Дар мамлакатамон баҳри ободӣ ва бунёдкорӣ корҳои васеъмиқёс бурда мешавад.
Маҷмааи савдо, биноҳои зист қад рост мекунанд. Ҳусну таровати ватани ҷаннатмисоли мо рӯз аз рӯз афзун мегардад. Дар натиҷаи чунин саъю ҳаракат дар маҳаллаи Оқчангали ноҳияи Хавоси вилояти Сирдарё боз як иншооти бошукӯҳ – бинои нави масҷиди ҷомеи Абдураҳмон ибн Авф Қурайшӣ ба истифода супурда шуд.
Дар бунёд кардани бинои нав беш аз 200 нафар устою муҳандис, ҳунарманд, ороишгар ва мутахассисони дигар аз ҳудудҳои кишвар ҷамъ омаданд.
Дар тарафи рости масҷид манора бунёд ёфтааст, ки баландии он 37 метр аст. Дар ин ҷо хонақоҳи калони дорои 2500 ҷой, айвон, таҳхона, китобхона ва хонаи сархидмат барпо карда шудааст. Дар паҳлӯи масҷид барои занон ибодатгоҳи алоҳида бунёд гардида, дар як вақт беш аз 100 нафар занон метавонанд намоз гузоранд. Фаъолони маҳалла на танҳо дар бунёдшавии сохтмон, балки дар ҳамаи корҳои ободонӣ ва тозакунии маҳал ширкат варзидаанд ва ният доранд намози Иди Қурбонро дар масҷиди нав гузоранд.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти СИРДАРЁ.