ДОНИШГОҲИ БУХОРО 90-СОЛА ШУД

Ба ташкил ёфтани аввалин таълимгоҳи олии вилоят – Донишгоҳи давлатии Бухоро 90-сол пур шуд.

Ба ташкил ёфтани аввалин таълимгоҳи олии вилоят – Донишгоҳи давлатии Бухоро 90-сол пур шуд. Имрӯз дар 12 факултети ин ҷо қариб чил нафар докторҳои илм ва профессорон, бештар аз 170 нафар номзадҳои илм, доктори фалсафа ва дотсентон, зиёда аз 100 нафар олимони ҷавон, бештар аз ҳазор нафар донишҷӯёни боиқтидор фаъолият доранд. Ба муносибати ҷашни муборак дар таълимгоҳ бо усули онлайн видеоконференсия ба амал омад. Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Обид Ҳамидов бобати нақши таърихии таълимгоҳ дар ҳаёти маънавӣ ва маърифатии вилоят ба сухан баромад. Сипас дастпарварони собиқи ДДБ ҷонишини якуми вазири маданияти Ӯзбекистон Ҷамол Носиров, мушовири ҳокими вилоят оиди масъалаҳои маънавият ва маърифат Фирӯза Иброҳимова, узви Сенати Олий Маҷлис Абера Ҳусенова, ҷонишини ҳокими вилоят оиди масъалаҳои сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ ва корҳои маънавият ва маърифат Миралӣ Ҳамроев алоқамандонро муборакбод намуданд.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори
 «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: