БАЛАНДПАРВОЗ БОШ, ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ

Кишвари мо сарзамини саховатманд аст.

Кишвари мо сарзамини саховатманд аст. Халқи он решаҳои дерина дошта, соҳиби маданияти ғанӣ ва анъанаҳои сиёсӣ мебошад. Маълум аст, ки дар салтанатҳои мухталиф халқҳои қадими туркзабон тӯли асрҳо бо тафаккури махсуси сиёсиву ҳуқуқии давлатдорӣ ба тараққиёти ҷаҳон саҳми бузург гузоштаанду дорои идроки муқаддас будаанд. Дар рамзҳо ва нишонҳои шартии онҳо тасвирҳои мавҷудоти маълуму машҳур, одамон ифода шудаанд, ки бо анъанаҳои халқӣ, тарзи ҳаёти миллӣ, урфу одат ва таърихи онҳо алоқаи зич доштаанд.
Ҳар як мамлакат дорои рамзҳои давлатӣ – парчам, герб ва суруди миллии худ мебошад, ки тимсоли истиқлолияти он аст. Рамзҳои давлатӣ ғоя, мафҳум, ҳиссиёт, орзуву омоли ҳаяҷонбахши халқҳои мухталиферо ифода менамоянд. Бинобар ҳамин ҳам давлатҳо аз қадимулайём ба тасвирҳои ифоданоктарин ва рамзҳои овозӣ аҳамияти махсус медиҳанд.
Яке аз чунин рамзҳо парчам аст. Парчамҳо ба таърихи инсоният вобастагии зич доранд. Онҳо шоҳиди воқеа, сана, ҷангу ҷидолҳои бузург, кашфиётҳои нодири ҷуғрофӣ, муборизаи халқҳо барои истиқлолият низ ба шумор мераванд. Ҳоли ҳозир ягон давлати кураи арзро бидуни рамзҳояш, бахусус бидуни парчами ӯ наметавон тасаввур кард. Алҳол зиёда аз 200 давлат дорои парчамҳои гуногун ва рангини худ мебошанд.
Дар замони салтанати сурх рамзҳои давлатӣ ба тарзи сунъӣ ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо ворид шуда, таърих, рӯҳият, анъана ва фарҳанги халқамонро ба маънои пурраи он инъикос намекарданд. Аз ин рӯ, насими истиқлол онҳоро дар муддати хеле кӯтоҳ аз воқеияти зиндагии мо берун андохт.
Аз рӯзҳои аввали соҳиби истиқлол шудан бобати муайян кардани рамзҳои давлатии кишвар корҳои мунтазам оғоз ёфтанд.
Барои омода кардани тасвирҳои парчам ва герби давлатӣ аз ҷумлаи рассомон, муаррихон, санъатшиносон, устоёни тасвири бадеӣ ва графика, арбобони маданияту санъат, ҳуқуқшиносон ва мутахассисони як қатор соҳаҳои дигар комиссия ташкил карда шуд. Тасвири парчам ва герби давлат ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуд, озмун эълон гардид. Парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар иҷлосияи ғайринавбатии VII Шӯрои Олии ҷумҳурӣ 18 ноябри соли 1991 тасдиқ шуда, бо Қонун «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мустаҳкам гардид. Тавре ки дар моддаи 5-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон зикр шудааст, парчами давлатӣ рамзи истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад ва ба он танҳо ба сифати тимсоли давлат не, балки ҳамчун рамзи миллӣ бояд муносибат кард.
Қонуни мазкур ҳуҷҷати ҳуқуқиест, ки тасвири парчами давлатӣ, тартиби истифодаи он масъулияти ба онҳо риоя кардани ашхоси ҷавобгарро муайян менамояд. Аз ҷумла, дар моддаи 5-уми қонун ташкилот ва идораҳое, ки дар онҳо парчами давлатӣ бояд мунтазам афрохта шаванд, ҳамчунин маросиму чорабиниҳо бо истифода аз парчам зикр шудаанд. Дар моддаи 8-ум бошад, дар кадом ҳолат афрошта шудани парчами давлатӣ нишон дода шудааст, ки мувофиқи он бояд парчам ба тарзи кунҷи 45 дараҷагӣ, аз замин ҳадди ақалл дар 2,5 метр баландӣ афрохта шавад. Барои таъмин кардани риояшавии талаботи дар моддаҳои 11-12-уми ин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ зикршуда  роҳбарон ва ташкилотҳои масъул зикр гардидаанд.
Парчами давлатии мо анъанаҳои милливу маданиамонро дар худ  куллан таҷассум кардааст. Баъд аз қабули Қонун «Дар бораи парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 18 ноябри соли 1991 ба он тӯли солҳои 1999, 2005, 2010, 2019, 2021 баъзе дигаргунӣ ва иловаҳо ворид карда шуданд. Моҳияти ин тағйирот ва иловаҳо, пеш аз ҳама, аз дар чи гуна биноҳо ва толорҳои ҷамъомади идораҳо, дар хонаҳои хидматии кадом мансабдорон ба тарзи доимӣ афрохта шудани парчам иборат аст, рӯзҳои ид, интихобот ва референдум, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои қонунӣ муайян шудаанд, дар куҷо, дар чи гуна маросимҳо афрохта шудани парчам дақиқ ва муфассал таъин гардидааст.
Бешубҳа, парчам рамзи давлат аст. Меарзад ҳар як шаҳрванди Ватанамон бо он ифтихор кунад. Вале сӯиистеъмол аз парчам, ҷузвҳои онро ба реквизити ҳуҷҷатҳои ташкилоти ғайридавлатӣ ё худ ба маводи эълону рекламавӣ ворид кардан мумкин нест. Зеро дар ҷомеаи демократӣ ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ аз ҳам ҷиддан тафриқа доранд, яъне ба ташкилоти ғайридавлатӣ ҳуқуқи аз номи давлат корбарӣ дода нашудааст. Бинобар ҳамин ҳам дар бланкаҳои ташкилоти ғайридавлатӣ ва дигар реквизитҳо (аз ҷумла, дар гувоҳномаи ходимони онҳо) акси парчами давлатӣ бар хилофи қонун аст. Дар қонуни пешинаи «Дар бораи парчами  давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ин қоидаи қатъӣ инъикос наёфта буд. Бинобар ҳамин ҳам пас аз қабул гардидани парчам тӯли солҳои сипаришуда дар бланкаҳои ташкилоти ҷамъиятӣ, дар гувоҳномаҳое, ки барои ходимони чунин идораҳо дода мешуданд, акси парчами давлатӣ хеле зиёд истифода мешуд. Барои ба чунин худсарӣ ҳад гузоштан асоси ҳуқуқии он хеле мустаҳкам карда шуд.
Алҳол парчами давлатии мо Ӯзбекистонро ба сифати узви комилҳуқуқи ҳамҷамъияти байналхалқӣ  ва дар арсаи ҷаҳон чун давлати дорои мақоми сазовор таҷассум менамояд. Парчами давлати мо дар қитъаҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Африқо ва пойтахти давлатҳои гуногун, дар бинои ваколатхонаҳои дипломатии хориҷии он баланд парафшон аст, бахусус дар байни парчами давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар биное, ки СММ ҷойгир шудааст, дидани ин рамзи давлатамон хеле хурсандиовар мебошад. Ҳоло дар пештоқи қароргоҳҳои як қатор созмонҳои байналмилалӣ низ метавон парчами давлатии моро дид. Дар ҳамоиши ҳафтуми Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркзабон, ки 15 октябри соли 2019 дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку ба вуқӯъ омад, Ӯзбекистон бори аввал ба сифати узви комилҳуқуқ иштирок намуд, ки дар доираи ҳамкориҳои сиёсати хориҷӣ ва байналмилалии мамлакатамон иқдоми нав гардид. Зеро маҳз пешрафти муттасили ин самти устувор барои фаровонҳолии умумии халқҳоямон ва беҳтар шудани дараҷаи ҳаёти аҳолӣ хидмат мекунад. Ба наздикӣ дар ҳамоиши 8-уми ин шӯро роҳбари давлати мо дар бинои Котибияти созмони давлатҳои туркзабон ба сифати рамзи риштаҳои асринаи бародарии мустаҳкам парчами давлатамонро баланд кард.
Парчами мо як қисми таркибии он ҷашнҳои умумихалқиамон гардид, ки васеъ таҷлил мешаванд. Вай ба ҷашнҳои мо шукӯҳ ва таровати ба худ хос мебахшад, ба ҳусни шаҳру деҳоти ободи мо ҳусн зам мекунад, абадияти кишвари озод, эътимод ба рӯзҳои дурахшони мо ва эҳсоси баланди ватанпарвариамонро ифода менамояд. Алалхусус, парчами давлатии аз ҳама бузурги 65-метра, ки дар хиёбони «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Тошканд, дар қарибии ёдгории бахшида ба Шомаҳмудовҳо қомат афрохт, тимсоли ваҳдату ягонагии анқариб 140 халқият ва миллатҳоест, ки дар сарзамини саховатманди Ӯзбекистон пайи як мақсади муштарак – бунёди ҳаёти фаровон, кишвари орому осуда зисту зиндагӣ мекунанд. Афрохта шудани парчами мо дар боғи «Янги Ӯзбекистон», ки 31 августи соли 2021 бахшида ба сиюмин солгарди истиқлолиятамон бунёд гардид, ҳамчунин дар Ёдгории Мустақиллик намоиши дурахшони тараққиёти наву бардавом, абадияти давлатамон мебошад. 
Парчами давлатии мо дар намоишгоҳҳои байналхалқие, ки комёбиҳои иқтисодӣ, маданӣ ва иҷтимоии Ӯзбекистонро дар хориҷа тарғибу ташвиқ мекунанд, мусобиқоти мухталифи варзишӣ низ зуд-зуд барафрохта мешавад. Тӯли солҳои истиқлолият эҳсосоти гарми мардуми Ӯзбекистон ба рамзҳои давлатӣ рӯзафзун мегардад.
Чорабиниҳои Ӯзбекистон барои нарм кардани оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодие, ки туфайли эпидемияи «COVID-19» ва пандемия ба миён омаданд, ҳамчунин тадбирҳо бобати барқарор сохтани иқтисодиёти мамлакат, бешубҳа, самараи мусбат хоҳанд дод. Тасдиқи равшани онро дар афзудани миқдори киштиҳои ҳавоие, ки бо рамзи парчами давлатии мо ба бисёр кишварҳои хориҷӣ парвоз мекунанд, метавон дид. Онҳоро дидаву мушоҳида карда, кас мехоҳад бо ғуруру ифтихор бигӯяд: «Баландпарвоз бош, Ӯзбекистони Нав».
Парчами мо рамзи муқаддаси ҷумҳуриамон мебошад. Вай дар мамлакат бо қонун ҳифз карда мешавад. Арҷгузорӣ ва ҳурмату эҳтиром нисбати парчам вазифаи пуршарафи ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон ба шумор меравад.

Амонулло МУҲАММАДҶОНОВ,
профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: