НОН – НЕЪМАТИ БЕБАҲО

Нон аз шумори он муқаддасотест, ки инсон дар ҳама давру замон ба он ниёз дорад.

Аз замин нонрезаҳоро чида, мемолам 
ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро дида мемолам 
ба чашм. 
Мирзо ТУРСУНЗОДА. 
Нон аз шумори он муқаддасотест, ки инсон дар ҳама давру замон ба он ниёз дорад. Агар дақиқтар андеша ронем, ҳастии инсонро бе нон тасаввур кардан нашояд. Аз ин рӯ, нон бебаҳотарин сарвати ҳаёти моддии инсон аст ва қадру манзалати он дар радифи сарватҳои муқаддаси маънавӣ қарор дорад. Вай дар ҳаёти инсон нақши бузург дошта, аз муборактарин ва муқаддастарин неъматҳо ба ҳисоб меравад. Бобокалону момокалонони мо нон, ҳатто нонрезаро ба ҷойи нотозаву бенамоз намегузоштанд.  
Бостоншиносон, тахмин мезананд, ки пухтан ва истеъмоли донаҳои гиёҳи хушадор 10-15 ҳазор сол пеш оғоз шудааст. Дар он даврон оташ кашф ва пухтану хӯрдан расм шуда буд. Дар «Авесто» қариб як боб ба нон бахшида, он ҳамчун гаронбаҳотарин маҳсулоти кишоварзӣ тавсиф шудааст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки нони аз хамиртуруш дар гармӣ ва бухори худ пухта, дар бадан ҳазмшавии онро осон мекунад.
Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик дар бораи нон ва ситоиши он шеъру ғазалу ҳикояту ривоятҳои зиёд эҷод шудаанд. Чунончи, шоире фармудааст:
Ташнаро як қатра об аз дурри дарё 
беҳтар аст,
Гушнаро як пора нон аз ганҷи дунё 
беҳтар аст.
Хулоса, дар ҳама замон қадри нон 
воло буду ҳаст. 

Беҳрӯз БОЙМУРОДОВ,
донишҷӯи Донишгоҳи
 давлатии Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: