Дар доираи татбиқи қарори Президент «Дар бораи чораҳои амалӣ намудани лоиҳаи маблағгузории рушди устувори соҳаи чорводорӣ» аз 13 январи соли 2022 дар вилояти Фарғона аз моҳи ҷорӣ бо иштироки Агентии рушди Фаронса хати қарзи имтиёзнок ифтитоҳ ёфт, ки барои маблағгузории лоиҳаҳои соҳаи чорводорӣ нигаронида шудааст.
Маблағи қарзи имтиёзнок таъмини молии лоиҳаҳои соҳаи чорводорӣ дар соҳаҳои паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбурпарварӣ, харгӯшпарварӣ, коркард, бастабандӣ ва нигоҳдории маҳсулоти чорводорӣ, хариди таҷҳизоту молҳои марбут ба хидмати байторӣ ё ветеринарӣ ва хидматрасонии он, бо сармояи гардишнок пур кардани лоиҳаҳо дар соҳаи чорводорӣ, технологияи кишоварзӣ ва хӯроки чорво, инчунин таҷҳизоте, ки барои рушди чорводорӣ заруранд, фаро мегирад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.