Дар мамлакати мо солҳои охир соҳибкорӣ ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта мешавад, бинобар ислоҳоти соҳа натиҷаҳои самарабахш ба даст меоянд.
Таҳти роҳбарии Сарвари давлат ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, таъмини кафолати ҳуқуқии кори намояндагони соҳа, фаъолияти озоди сармоягузорони хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Соҳибкории хурд ва хусусӣ самти афзалиятноки иқтисодиёти кишварамон муайян шудааст. Дар панҷ соли охир вобаста ба тараққиёти ин соҳа қариб 2 ҳазор қонун, фармон ва қарор қабул карда шуд. Қонунҳое, ки барои соҳибкорон як қатор имкониятҳои иловагӣ фароҳам меоваранд, онҳоро аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ҳимояву дастгирӣ мекунанд, ташаккул ва сол то сол такмил меёбанд. Ба корхонаҳои соҳиби сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои андоз, гумрук ва ғайра як қатор сабукиҳо ва имтиёзот дода мешаванд.
Дар панҷ соли охир шумораи соҳибкорон қариб 3 баробар афзуд. Бисёре аз онҳо тиҷорати худро дар саросари кишвар васеъ намуда, ҳазорҳо ҷойҳои корӣ таъсис доданд ва ба ширкатҳои бузурги бонуфуз табдил ёфтанд.
– Соҳибкорон дар афзун гардондани иқтидори иқтисодии кишварамон қувваи асосӣ ба ҳисоб мераванд. Обрӯ ва мавқеи онҳо дар ҷомеа рӯз аз рӯз меафзояд, дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ соҳиби мавқеи бузург, дорои обрӯю бренди худ мегарданд. Чунин муносибат нисбат ба соҳибкорон минбаъд низ аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иқтисодии мо боқӣ хоҳад монд, – таъкид кард Президент дар ҷамъомаде, ки бо соҳибкорон баргузор шуд.
Бо қарори Президент аз 19 августи соли ҷорӣ нишони сарисинагии «Соҳибкори фаъол» таъсис дода шуд, ки як гуруҳ соҳибкорони фаъолу фидокор дар Рӯзи навтаъсиси соҳибкорон барои саҳми арзандаашон дар ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, таъмин сохтани некуаҳволии аҳолӣ ва иштироки фаъолашон дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо ин нишон сарфароз гардонида шуданд.
Дар байни мукофотонидашудагон директори ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «As Group Tex»-и ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон Шерзод Шеров низ ҳаст.
Шеров аз соли 2019 ҳамчун директори ширкати мазкур фаъолият дорад. Ширкат ба истеҳсоли 50 навъ дастмоли андозаашон гуногун тахассус дорад. Дар ширкат соли аввали ташкил ёфтанаш 75 нафар кор карда бошад, алҳол сафи онҳо ба 500 нафар расидааст.
Шерзод аз ҷумлаи соҳибкорони соҳибихтисос мебошад, ки барои рушди истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ (дастмолҳои маҳин), ки ба меъёрҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ бошанд, талош дорад.
Ӯ нисбат ба худ ва зердастонаш сахтгиру серталаб, қатъиян риоя шудани қоидаю қонунҳои истеҳсолӣ дар ҷараёни корро тақозо ва мунтазам назорат мекунад, нақшаи кор то 120-130 фоиз иҷро мешавад.
– Корхонаи мо тӯли се соли охир 3,2 миллиард сӯм даромади соф гирифта, ба Русия ва Белоруссия ба маблағи 12 миллиону 257 ҳазор доллар маҳсулот содир намуд, – мегӯяд Шерзод. – Қисми асосии даромади бадастомада барои тавсеа додани фаъолияти ширкат ва ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ равона шудааст.
Корхона соли 2020 – 254, соли 2021 – 824 метри мураббаъ маҳсулоти нассоҷӣ истеҳсол карда, нақшаи кориро 100 фоиз иҷро намуд.
Натиҷаи кордонии сарвари корхона буд, ки солҳои 2020-2022 аз кишварҳои Чину Туркия ба маблағи 1,8 миллион доллар дастгоҳҳои замонавии бофандагӣ харид шуданд ва дар натиҷа ҳаҷми истеҳсолот хеле афзуд.
Аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тӯли 3 соли охир дар корхона ҳосилнокии меҳнат 700 фоиз боло рафт.
Имрӯз корхона маҳсулоташро 100 фоиз содир мекунад. Ширкат соли 2022 ба маблағи 4,9 миллион доллар маҳсулот содир кард, ки ин дар муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ аҳамияти бузург дорад.
Корхона бо маҳсулоти худ солҳои 2019-2022 дар бозорҳои «Туризми роҳи абрешим» ва дар намоишгоҳҳои байналхалқии Тошканд ширкат варзид. Иштирокдори ярмаркаи «Текстиллегпром» дар шаҳри Маскав аст.
Ғайр аз ин, вай ба ҳифзи иҷтимоии коргарон эътибори махсус медиҳад, ба онҳо рӯзе ду маротиба хӯроки бепул дода мешавад.
Тӯли се соли охир он барои зебою обод гардонидани ҳудудҳои ноҳия, ба андозаи беш аз 250 млн. сӯм кумаки васоятгарӣ ҷудо кард.
Сафари Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева ба вилояти Намангон аз шиносоӣ бо фаъолияти ин субъекти соҳибкорӣ оғоз ёфт. Раиси Сенат зимни шиносоӣ бо корхона бо занону духтароне, ки дар он ҷо кор мекунанд, суҳбат кард.
– Ин қабил корхонаҳое, ки занону духтаронро бо кор таъмин мекунад, рӯз аз рӯз зиёд мешаванд. Ин самараи сиёсати оқилонаву халқпарваронаи Сарвари давлат аст, – гуфт Раиси Сенат.
Шерзод барои боз ҳам тараққӣ додани фаъолияти ширкат пайваста саъю кӯшиш мекунад. Ҳамчунин ҳамкасбону ҳамдиёрони худро барои фаъолона иштирок кардан дар ислоҳоти азиме, ки дар мамлакатамон ба амал бароварда мешавад, тарғибу ташвиқ менамояд.
Хонаводаи ӯро аз оилаҳои намунавии ноҳия меҳисобанд. Ҳамаи аъзои оила дар меҳнати бунёдкоронаи мамлакатамон фаъолона иштирок мекунанд. Ӯ ҳамчун роҳбари ташаббускору фаъол дар байни аҳолии ноҳияву вилоят соҳибкори сазовори обрӯю эҳтиром аст.
Махфират МАМАҶОНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.