ТАФРИҚА ДАР ТАЪМИНОТ

Оиди демократия ва озодии сухан дар матбуот бисёр ҳарф мезадем.

Дар бораи тартиб, тамоюл, тарзи фаъолияти мактабҳои журналистӣ, вазифаҳои муҳиме, ки дар назди журналистон истодаанд, мавзӯъҳои долузарбе, ки бояд мавриди таҳлилу тадқиқ қарор гиранд, китоб ва дастуруламалҳо мунтазам ба чоп мерасиданд.
Вале демократия, озодандешӣ ва ошкорбаёнӣ дар расонаҳои ахбор, хусусан матбуоти даврӣ ҳис карда намешуд. Хабарҳои расмӣ якранг ва якнавохт. Дар чопи материалҳои ситоишӣ рӯзномаҳо гӯё мусобиқа доштанд. Дардҳои иҷтимоӣ, проблемаҳое, ки ба мураккабии сохти ҷамъиятӣ ё давлатдорӣ вобастаанд, бардошта намешуд. Танқид ё маводҳои мулоҳизавӣ ба ном вуҷуд доштанд. Аз уштурдузд ҳама, аз ҷумла рӯзноманигор низ метарсид ва агар ҷуръат кунад, вай кирдукори сӯзандуздро фош менамуд. Аҳмадбойҳо бо кушодани чӣ қадар нуқтаҳои тиҷоратии ғайриқонунӣ, фиреб додани давлат ва халқ номаъқулии дилашон хостаро кунанд, кормандони идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ё андоз кампирҳои дар бозор мантую пирожкафурӯшро таъқиб месохтанд. Ва агар танқид шаванд, ин гуна беҳимоятҳо танқид мешуданд дар матбуот. Мансабдор ё серпули дар «боло» пушту паноҳдор чун қонуншикан ба газета барояд, муаллифи мақола ва сармуҳаррир аз кор «мепарид».
Об дар «ҷӯи бетонӣ», ба ин ё он сӯ нигоҳ накарда, ҷорӣ мешуд. Рӯзноманигор вазифадор – ҳар чӣ фармоянд, ҳамонро нависад. Бо эҳтиёт. «Эҳтиёт – ними ҳаёт» не, эҳтиёт ҳаёт гардид барои журналист. Ба ин гуна муҳит хӯ гирифт. Рӯзноманигоре, ки хӯ гирифта натавонист, ё аз баҳри кор баромад, ё коғаз сиёҳ накарда монд.
Чанд сол муқаддам узви Сенат Светлана Ортиқова баъди яке аз анҷуманҳои матбуотӣ дар Маркази матбуоти миллӣ бо як гурӯҳ журналистон ҳамсуҳбат шуд. Ӯ сухан меронд, дигарон гӯш мекарданд. Савол диҳед, гуфт вай. Ҳама хомӯш. Наход саволе нест, лабханд кард ва якбора панҷ-шаш саволро марбут ба мавзӯъ ва масъалаҳои доғи рӯз ба миён гузошт. Афзуд: «Ин гуна саволҳоро, масалан, пурсидан мумкин нест? Чаро мумкин нест? Журналистҳо, тарсончак нашавед!»
Воқеан як ҳисси ба тарс монанд журналистро водор месохт ба савол додан шитоб накунад. Саволаш ноҷо баромада монад, аҳвол чӣ мешавад?
Албатта, дар ҷараён ё баъди нишастҳои матбуотӣ саволу ҷавобҳо ба амал меомаданд. Вале на ҳама саволу ҷавобҳо марбут ба масъалаҳои ҳаётие, ки ҳалли онҳо бисёр муҳим.
Имрӯз вазъ чӣ хел? Ҳоло матбуот, чун дигар соҳаҳо, давраи таҳаввулотро аз сар мегузаронад. Навигариҳое, ки касро қонеъ мекунанд, зиёд. Аммо баъзе сохтакориҳо ҳанӯз давом доранд. Баъзе ташкилотҳо, ки анҷумани матбуотӣ ташкил карданианд, саволномаҳо тартиб дода, пешакӣ тақсим менамоянд. Журналисте, ки саволи тайёрро аз номи худ ба миён гузошт, таҳсин мешунавад. «Бисёр саволи хуб», мегӯяд мутасаддии ташкилот, ки дар омодасозии он савол худаш саҳм гирифтааст. Шояд ба ин гуна вазъ журналист низ, ки номуташаккил ва камсаъй аст, айбдор. Наход дар вазъи баромада омадан аз мавзӯе, ки мавриди муҳокима аст, фикри каси дигарро не, фикр ва саволи дар майнааш рӯзадаро пурсида натавонад?
Пресс-релиз, ки ҳаст, журналист – дилпур. Қабл аз  чорабинӣ ба фаъолияти идора, иттиҳодия, ҷамъиятҳое, ки анҷуман ташкил карданианд, аз наздик шинос шудан, ба нишаст омодагӣ дида, баъди бодиққат шунидани баромадҳо саволҳо додаву ба маълумотҳои бештар молик гардида, баъд мақола навиштанро на ҳама журналистон сармашқи кори худ қарор додаанд.
Иштирок низ суст. Барои он ки толор пур шавад, ташкилкунандагон ҳамкорони зиёди худро ба маҷлисгоҳ меоранд. Гӯё нишасти матбуотӣ не, ҷамъомади оддии ҳисоботист дар Маркази матбуоти миллӣ.
Барои он ки дар ин гуна анҷуманҳо журналистон фаъолона ширкат варзанд, ҷамъомад бояд судбахш бошад. Ба ном ташкил кардани чорабинӣ, мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода нашудани масъалаҳои ҳаллашон таъхирнопазир рӯзноманигорро ба худ намекашад.
Ҳаёт бо шиддат пеш меравад. Чӣ сиёсати дохилӣ ва чӣ берунии Президент ва Ҳукумати Ӯзбекистон – ҳамоҳанг бо ормонҳои халқ. Халқ ба идораҳои давлатӣ не, идораҳои давлатӣ ба маънои ҳақиқӣ аз паи хидмати мардуманд. Ободонӣ вусъат ёфта ва дар кишвари озод мардум осуда ҳаёт ба сар мебарад. Вале демократия ва озодии сухан дар матбуот чӣ тарз?
Яке аз бузургтарин дастовард ва  навигариҳое, ки ба муроди дили халқ, ба муроди дили рӯзноманигор аст, ба амал омадани рӯшодгӯист. Манзараҳои ҳаёт, тавре ҳастанд, намоиш меёбанд. Чанд сол пеш нафаре барномаи ахбори телевизиони мамлакатро бо киноя «хушхабарҳо аз ҷаннат» номида буд. Воқеан фақат чизҳои хуб, муваффақиятҳо пешкаши умум гардонда мешуданд. Сӯхтору куштор, вулқону обхезиҳои кишварҳои дур дар навор пайдо мешуданду халос. Алъон чӣ шабакаҳои давлатӣ ва чӣ хусусии оинаи нилгун дар ҳақиқатнигорӣ, хабардорсозӣ аз рӯйдодҳои ҷолиб фаъолнокӣ зоҳир менамоянд. Халқ низ «бедор» шудааст, мисли пештара аз микрофон нагурехта, бобати масъалаҳои рӯз, лоиҳаҳое, ки мавриди муҳокимаанд, ҷасурона фикри шахсиашро баён мекунад.
Пештар баъзе ҷамъомадҳои Палатаи қонунгузорӣ ва Сенат тезутунд сурат гиранд ҳам, чӣ телевизиону радио, чӣ матбуоти даврӣ аз ин хусус маълум намекарданд. Фошгӯию ошкорбаёнии телевизион, фикр мекунем, имрӯз ба дараҷаи талабот. Бо дахолати оинаи нилгун бисёр масъалаҳо ҳаллу фасл ёфта ва идораҳои масъул ба ҳаракат медароянд. Аммо мақолаҳои танқидӣ-таҳлилие, ки эътибори умумро ба худ мекашанд, дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ҳанӯз кам.
Баъзе журналистони номдор, ки  дар бораи сатҳи зиндагӣ, шароити рӯзгор аз тариқи телевизион ё нашрияҳо баромад мекарданд, имрӯз низ фаъол, аммо ҳамон яктарафа фикр ронда, фақат ба таърифу тавсиф саргарманду халос. Корҳои ба таърифу тавсиф арзанда, тавре зикр намудем, хеле зиёд. Нагуфтан ё нодида гирифтан мумкин нест. Аммо магар норасоиҳо нестанд? Масалан, ҳамкасбони ҷавони онҳоро шароити рӯзгор чӣ хел? Маош чӣ қадар? Хона доранд ё не? Хонадор шудаанд ё не? Маоши духтурон ва муаллимон чанд бор ва чанд баробар бардошта шуд. Таъминоти моддию маишии журналист низ аз мадди назар дур намонд. Вале, мутаассифона, дар миқдори  маош ва ҳақи қалами рӯзноманигорон, ки дар нашрҳои гуногун фаъолият мебаранд, тафриқаҳо эҳсосшаванда ба назар мерасанд. Духтурон ва муаллимон аз рӯи тариф ва ставкаҳои ягонае, ки муайян шудаанд, дар муассисаҳои муолиҷавию таълимӣ музд мегиранд. Шифохона ё мактаб дар шаҳр воқест ё дар деҳоти дурдаст, фарқ надорад. Музддиҳӣ аз рӯи тоифа, сари вақт рағбатноксозии ходимони пешқадам, фидоӣ ва ташаббускор бо иловапулиҳо – айни муддао. Вале журналист ин гуна имтиёз ё имконият дорад?
Ходимони хидмати ахбори ташкилоту муассисаҳо бо маоши хуб таъмин. Кор дар нашрҳое, ки бонуфузанд, ё бо адади зиёд чоп мешаванд – бахти журналист. Аммо таъминоти моддӣ ё рағбатноксозии ходимон дар қисме аз нашрҳои даврӣ ба дараҷаи хеле паст. Ҳол он ки онҳо аз ҳамкасбоне, ки ҳарҷиҳата таъминанд, кам меҳнат намекунанд. Хуб мешуд, тафриқаҳо барҳам хӯрда ва адолат, ки дар бисёр соҳаҳо барқарор аст, дар таъминоти моддии журналистоне ҳам, ки дар идораҳои гуногун фаъолият мебаранд, ба назар расад.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: