26 феврал вазири нақлиёти Ӯзбекистон Илҳом Маҳкамов бо раиси раёсати ширкати "CRRC Corporation Limited"-и Ҷумҳурии мардумии Чин Сун Юнсай вохӯрд.
Зимни вохӯрӣ доир ба лоиҳаҳои ояндадори рушди соҳаи нақлиёти роҳи оҳани кишвар, аз ҷумла оид ба таҷдид ва навсозии ҳайати ҳаракати роҳи оҳан ва маҳаллисозии равандҳои истеҳсолӣ табодули афкор сурат гирифт.
Масъалаҳои ҳамкорӣ оид ба гузарондани таркиби ҳаракати нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ ба намудҳои нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза бо мақсади зиёд намудани саҳми «нақлиёти сабз» дар ҷумҳурӣ низ баррасӣ шуданд.