БАҲРИ ФАРОВОНҲОЛИИ АҲОЛӢ

Соли сипаригашта мардуми кишварамон, алалхусус, деҳқону фермерон новобаста ба шароити ногувори пандемияи коронавирус ва офатҳои табиии вилоятҳои Бухорову Сирдарё ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.

Соли сипаригашта мардуми кишварамон, алалхусус, деҳқону фермерон новобаста ба шароити ногувори пандемияи коронавирус ва офатҳои табиии вилоятҳои Бухорову Сирдарё ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, дар чорабиние, ки дар қасри маданияти Берунии ноҳияи Қуйичирчиқи вилояти Тошканд барпо шуд, комёбиҳои деҳқонону фермерони хоҷагиҳои ноҳия сарҳисоб гардид. 
Дар он намояндагони ҳокимияти ноҳия, роҳбар, ходим ва коргарони кластерҳои «TCT сluster» иштирок карданд. 
Бояд таъкид намуд, ки дар ноҳияи Қуйичирчиқ ба ихтиёри кластер 30,5 ҳазор гектар замин барои кишт ва 2,4 ҳазор гектар барои ҳавзи моҳипарварӣ ҷудо карда шудааст. Соли 2020 41,6 ҳазор тонна пахта, 51,4 ҳазор тонна ғалла, 9,1 ҳазор тонна шолӣ, 315 тонна мош, 3,6 ҳазор тонна моҳӣ расонда доданд.
– Дар натиҷаи ба роҳ мондани фаъолияти кластер дар ноҳия қариб 9 ҳазор нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Ду соли охир аз пахта, ғалла, шолӣ ҳосили фаровон гирифтем, – қаноатмандона таъкид намуд ҳокими ноҳия Акмалхон Холмуродов. – Ноҳия таи 10 соли охир аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ яке аз ноҳияҳои ақибмондаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Имрӯзҳо бошад, новобаста ба таъсири пандемияи коронавирус аз ҷониби корхонаҳои хоҷагии қишлоқи ноҳия ба қимати 12 миллиону 370 ҳазор доллар 19 ҳазор тонна меваву сабзавот ба кишварҳои Чин, Русия, Туркия, Туркманистон ва Афғонистон экспорт гардид.
Дар рӯёнидани пахта ба ҳама намуна шуда, аз сафи пешқадамон ҷой гирифтани кластери «TCT сluster»-ро алоҳида эътироф намудани Президент дар табрики идона ба муносибати Рӯзи ходимони хоҷагии қишлоқ моро бениҳоят шод гардонд, –  илова намуд ҳокими ноҳия.
– Се сол пеш маоши коргарони хоҷагиҳои фермерӣ 550 ҳазор сӯмро ташкил медод. Баъди ба самти кластер гузаштан он чаҳор баробар афзуд, алҳол коргарон аз 2 миллиону 100 ҳазор то 5-6 миллион сӯм маош мегиранд. Дар ноҳия ибораи «коргари мавсимӣ» аз байн бардошта шуд ва ҳоло коргарон 12 моҳи сол бе танаффус бо маош таъмин шудаанд, – мегӯяд сардиректори ҶММ «TCT сluster» Фирӯз Акобиров. – Дар соли 2021 низ диққати асосӣ ба корҳои таъмини бандии аҳолӣ нигаронида мешавад. Бо кори доимӣ таъмин намудани оилаҳое, ки ба «дафтари оҳанин» дароварда шудааст, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намудани онҳо аз вазифаҳои асосии мо ба ҳисоб меравад.
Аз гуфти Ф.Акобиров маълум гардид, ки онҳо мақсади асосиро ба ривоҷ додани саноати ноҳия равона намудаанд. Соли 2020 бо ташаббуси инвесторон аз ширкати «Vashar Makina»-и Туркия дастгоҳи замонавии русуми охирин оварда, фаъолияти заводи азнавкоркарди шолиро ба роҳ монданд. Завод дар як мавсими ҳосилғундорӣ қуввати азнавкоркарди 40 ҳазор тонна шолиро доро мебошад.
Дар соли 2021 ба амал баровардани якчанд лоиҳаи инвеститсиониро ба реҷа даровардаанд. Мувофиқи он ба ҳисоби 5 миллион доллари ИМА фаъолияти заводи азнавкоркарди пунбаро ба роҳ монданианд. Ба ғайр аз ин ба маблағи 2,5 миллион доллар ташкили маҷмӯи чорвопарварии ба истеҳсоли гӯшт ихтисосонида дар назар дошта шудааст. Даставвал парвариши 2 ҳазор сар гови парвоиро ба нақша гирифтаанд.
Дар ҷамъомади идона фермеру пешқадамони «TCT сluster» ва кластерҳои таркиби он ба монанди «TCT аgro сluster», «TCT rice» ва «TCT fish» мукофотонида шуданд. 
Баромади санъаткорону ҳунарпешагон ба чорабинӣ шукӯҳи идона бахшид.

Г.КАБИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: