ГАРАВИ ОСУДАҲОЛИИ ВАТАН

Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ анҷом ёфт

Тавре ки хабар дода будем, ҳафтаи гузашта дар сартосари мамлакатамон Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ баргузор гардид, ки дар доираи он дар маҳалла, корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои зиёде гузаронида шуданд.

Бо ташаббуси Сарвари давлатамон ба ҷашн гирифтани Рӯзи байналхалқии таҳаммулпазирӣ, инчунин аз соли 2019 инҷониб дар нимаи дуюми моҳи ноябр баргузор намудани чунин ҳафта ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳафта соли ҷорӣ, ки таҳти шиори «Маърифат ва таҳаммулпазирии байнимиллӣ» баргузор шуд, барои ҳамватанони мо хеле хотирмон буд.
Мақсад аз чорабиниҳои он боз ҳам мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстонаи халқҳо буд, ки дар он урфу одат ва арзишҳои азалии тамоми миллат ва халқиятҳои кишварамон қадрдонӣ гардид, некиву ваҳдат, сулҳу оромӣ васф карда шуд.
Дар «Изҳороти тамоюлҳои таҳаммулпазирӣ» қайд шудааст, ки «Таҳаммулпазирӣ маънои намудҳои зиёди фарҳангҳои ғании ҷаҳон, эҳтиром ба шаклҳои ифодаи худшиносии инсон ва роҳҳои зоҳир кардани шахсияти ӯ, инчунин дарк ва қабул намудани онро мефаҳмонад». Ғайр аз ин, аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ, мавқеъ, нутқ, рафтор ва арзишҳо аз ҳамдигар фарқ кардани одамон, ҳуқуқи осоишта зиндагӣ кардан ва нигоҳ доштани шахсияти худро доштани онҳо, инчунин зарурияти эътироф намудани чунин ҳуқуқашон аз ҷониби атрофиён таъкид гардидааст.
Ӯзбекистон яке аз давлатҳои ҷаҳон ба шумор меравад, ки дар коркарди лоиҳаи «Изҳороти тамоюлҳои таҳаммулпазирӣ» фаъол иштирок намудааст. Изҳорот ҳуҷҷати байналхалқии ҳуқуқӣ ба шумор меравад, ки дар мустаҳкамсозии ҳамҷиҳатии динӣ ва байни миллатҳо нақши муҳим мебозад. Меъёрҳои он ба қонунҳои ҷумҳуриамон пурра имплементатсия гардида, ба ҳаёти имрӯзаамон пурсамар татбиқ шудааст.
Имрӯз дар мамлакати мо миллату халқиятҳои зиёд мисли фарзандони як оила паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз қабили маориф, тандурустӣ, илму фарҳанг пурсамар кор карда, дар ободии кишварамон, таҳкими истиқлолияти он, баланд бардоштани обрӯю эътибори кишвар дар арсаи байналхалқӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Бояд таъкид намуд, ки ҷумҳурии мо яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар он маданиятҳои гуногун гул-гул шукуфтааст. Ва ин ба ҳар як шаҳрванди кишварамон, ки Ӯзбекистонро Ватани худ дониста, дар рушди он саҳми арзандаи худро мегузорад, ҳисси ифтихор мебахшад.
Нобасомониҳое, ки имрӯз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон рух медиҳад, бори дигар собит менамояд, ки мо бояд ба қадри неъмати олӣ — сулҳу осоиш, ки дар мамлакатамон ҳукмфармост, бирасем. Барои ояндаи Ватан ва насли наврас ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм нигаҳ дорем! 

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: