МУНҶИКИ ТИРМИЗӢ ВА ҲУНАРИ ШОИРИИ Ӯ

Мунҷики Тирмизӣ аз шоирони бузурги нимаи дувуми садаи даҳуми милодӣ буда, дар муҳити адабии Чағониён — дар дарбори амир Абуяҳё Тоҳир ибни Фазли Чағонӣ ва амир Абулмузаффар Аҳмад ибни Муҳаммади Чағонӣ зиста ва эҷод кардааст.

Мунҷики Тирмизӣ аз шоирони бузурги нимаи дувуми садаи даҳуми милодӣ буда, дар муҳити адабии Чағониён — дар дарбори амир Абуяҳё Тоҳир ибни Фазли Чағонӣ ва амир Абулмузаффар Аҳмад ибни Муҳаммади Чағонӣ зиста ва эҷод кардааст. Аввалин маъхазе, ки аз Мунҷик ва шеъри ӯ ёд кардааст, «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфист. Муаллифи ин тазкира дар бораи миқдори ашъори шоир маълумот надодааст, вале «каломи ӯро аз рӯйи ҳақ» (3, 100) тавсиф карда, аз ҷумла фармудааст: «Мунҷик аз соҳирони шоирон буд, шеъре ғарибу алфозе хуб ва маоние бикру ибороте балеғ ва истиороте нодир» (4, 252) ва Забеҳуллоҳи Сафо ба ин гуфта меафзояд: «ва ин авсоф, ки Авфӣ баршумурда, ҳама дар шеъри Мунҷик содиқ аст» (3, 101). Ба ин далел шеъри Мунҷик дар садаҳои ёздаҳуму дувоздаҳум миёни форсигӯён шуҳрат дошта ва мавриди истифодаи доираҳои васеи илму адаб қарор доштааст. Тавсифоту алқоби баргузидае, ки муаллифони тазкираҳо ва ҷунгҳо дар ҳаққи ӯ овардаанд, низ далели шоири тавоно ва машҳур будани ӯст. Мутаассифона девони комили ин шоири «шеъри ғариб ва алфози хубу маонии бикр» дар шакли комил то ба имрӯз нарасидааст. 
Донишманди эронӣ Эҳсон Шаворибии Муқаддам ашъори то замони мо расидаи Мунҷикро аз тазкираҳову ҷунгҳо ва кутуби луғат гирд оварда ба чоп расонидааст, ки дар маҷмӯъ 436 байт буда, 20 байти он мансуб ба Мунҷик ва аз намунаҳои қаблан аз ҷониби Маҳмуди Мудаббирӣ нашршуда 110 байт беш аст (5, 217). Дар заминаи осори боқимондаи шоир метавон хулоса кард, ки Мунҷик дар анвои гуногуни шеъри форсии тоҷикӣ, аз ҷумла қасида, ғазал, муқатаъот ва абёти муфрад бо маҳорати тамом шеър гуфтааст. Дар миёни осори боқимондаи шоир абёти парокандае дар шакли ду мисраъ низ боқӣ мондаанд, ки баъзеи онҳо қофияи ҷуфт дошта, шояд боқимондае аз маснавӣ бошанд, баъзеи дигар қофияи ҷуфт надоранд ва шояд бозмондаи қитъае, ғазале ва ё қасидае бошанд.
Ашъори то ба мо расидаи Мунҷик мавзӯъҳои мухталифро дар бар гирифта, аз мадҳ, тағаззул, ҳаҷв, ситоиши ишқ, шароб, табиат ва ғайра иборат мебошанд. Забеҳуллоҳи Сафо барҳақ навиштааст, ки «Мунҷик илова бар қудрате, ки дар мадҳ ва сохтани қасоиди бузурги мадҳӣ ва васфиву ғазал дошт, дар ҳаҷв низ саромади шоирони аҳди худ шумурда мешуд ва ба қавли Ҳидоят «касе аз тири таънаш нарастӣ ва аз каманди ҳаҷваш наҷастӣ» (3,101). Байти зерини Сӯзании Самарқандӣ низ ишора ба маҳорати ҳаҷвгӯии ӯ дорад: 
Ман он касам, ки чу кардам ба 
ҳаҷв гуфтан рой,
Ҳазор Мунҷик аз пеши ман кам 
орад пой.
Вақте ашъори боқимондаи Мунҷики Тирмизиро дар ҷомеият аз назар мегузаронем, мебинем, ки шоир дар атрофи мазмунҳои маънавӣ, рӯҳонӣ, зеҳнӣ ва тасвирҳои иштиёқӣ ба андеша рафтааст. Ин тамоюли фикрии ӯ дар ашъораш бо масоили иҷтимоии давраи зиндагиаш робитаи мустақим ва қавӣ дошта, ба андешаи Х.Шарифов «аз воқеияти муносибатҳои инсонӣ бархоста, бархӯрди хоҳишу ормонҳоро бо манофеи афроди ҷомеа ва намояндагони табақоти он инъикос менамоянд ва дар ниҳоди худ маънои иҷтимоӣ доранд» (6,145). Ба ин далел, рушди мадҳро дар ашъори Мунҷик ва бисёре аз шоирони дигар танҳо ба тамаркуз ёфтани нируҳои адабӣ дар дарбор вобаста набояд донист. Истиқлоли хонадони Чағониён зарурати тақвияти муттаҳидиро тақозо мекард, ки истифода аз нируҳои зеҳнӣ василаи таъсиргузор ба ин ҷараён буд. Ривоҷи мадҳ дар ин давра аз омилҳои таъсиргузори ҳифзи муҳити солими иҷтимоӣ буд. 
Мунҷик дар чанд қасидаи боқимондааш, пеш аз ҳама, аз ҳадафҳо ва хислатҳои ҳамидаи амирони Чағонӣ сухан мегӯяд ва ба ин васила орзуву омоли мардумро ба мамдӯҳон мерасонд. Дар ин замина қасидаи баланди «Ломия»-и ӯ, ки аз он 44 байт боқӣ монда, дар мадҳи Абулмузаффар Аҳмади Чағонӣ суруда шудааст, ба ифодаи Маҳмуди Мудаббирӣ «аз уммаҳоти қасоиди форсӣ аст ва бисёр мавриди татаббуъ ва тақлиди шоирони пас аз ӯ қарор гирифтааст». Ин қасида на танҳо аз лиҳози мазмун, балки аз ҷиҳати сохтор низ ҷолиби диққат мебошад. 
Дар қасидаи «Ломия» Мунҷик, пеш аз ҳама, хирадмандӣ, ҳакимӣ, ахлоқи пок ва некӯхисолии мамдӯҳашро ситоиш намуда, сипас сифатҳои ҷанговарӣ, далерӣ, додгустарӣ, одилӣ, саховатпешагӣ ва каримии ӯро тавсиф менамояд. Дар ҳамин шакли боқимондааш ин қасида ифодагари ормони иҷтимоии шоир дар шинохти «Абулмузаффар шоҳи ҷаҳон» аст. Ормони иҷтимоии Мунҷик чеҳраи амиреро шакл медиҳад, ки «Буроқгому раҳанҷому шодкому тамом, На одамию ҳамонанди одамӣ ба хисол» аст. Дар ашъори ӯ мо саҳнаҳои базми шоҳонаро намебинем, вале тасвири манзараи «фархунда меҳргон» бо «таҳвили офтоб аҳвол»-ро дигаргун месозад, ки ранги ашрофӣ надошта, балки одиву заминист. Ҳамчунин шоир дар ин гуна ашъори васфӣ аз табиат кӯмак гирифта, «хасоили равонии мамдуҳ»-ро «бо табиат ва аносири табиат» месанҷад, ки таҷрибаи нодир аст. Зайли намуна чанд байти шоирро аз қасидаи ёдшуда иқтибос мекунем:
Худойгоно, фархунда 
Меҳргон омад,
Зи боғ гашт ба таҳвили 
офтоб аҳвол.
Саройпардаи суҳбат кашид 
себу турунҷ,
Ба табли реҳлат барзад гулу
 бунафша давол.
Ба сони моҳии заррин кунун 
фурӯ резад
Зи бед барг ба як зилзила 
бар оби зулол... 
Паҳлуи дигари фардияти ҳунарии Мунҷикро осори ҳаҷвии ӯ мушаххас месозад, ки мутаассифона миқдори каме аз он то замони мо расидааст. Ҳамин чанд пора ашъори ҳаҷвии шоир гувоҳи он аст, ки Мунҷик аз бузургтарин шоирони ҳаҷвнигори адабиёти форсии тоҷикии садаи чаҳоруму панҷум будааст. Дар боби ҳунари ҳаҷвнигории ӯ Ризоқулихони Ҳидоят навиштааст, ки «марде теззабон, ҳазлойин, нақдтабъ, забоновари балеғ ва нуктадон буд, ки касе аз теғи таънаш нарастӣ ва аз каманди ҳаҷваш наҷастӣ, синаи аҳли кинаро ба хаданги ҳиҷо хастӣ ва дасти аҳли замонро ба каманди ҳазл бастӣ». Ҳамчунон ки ишора шуд, Сӯзании Самарқандӣ низ дар гуфтани ҳаҷв худро бо ӯ муқоиса кардааст.
Аз баёноти Мунҷик бармеояд, ки вай ашъори фаровони ҳаҷвӣ суруда будааст. Аз ҷумла, дар қитъаи зер мегӯяд:
Аз одам андарун зи таборат касе 
намонд,
К-ӯро ҳиҷо накардаст Мунҷик
 ном ном.
Вале аз ҳаҷвияҳои фаровони шоир то ба рӯзгори мо абёти ками пароканда боқӣ мондаанд. Намунаҳои ҳамин абёт низ гувоҳи соҳиби сабки хоси ҳаҷвиясароӣ будани ӯянд. Масалан, дар қитъаи зер вай бо тарзи аҷиб ва ҳунармандона хоҷаро ба саг монанд ва масхара кардааст:
Эй хоҷа, мар маро ба ҳиҷо қасди 
ту набувад,
Ҷуз табъи хешро ба ту бар кардам 
озмун.
Чун теғи нек, к-аш ба саге озмун 
кунанд,
В-он саг бувад ба қимати он теғ 
раҳнамун. 
Ҳарчанд миқдори хеле кам ва пораҳои нотамоми ашъори ҳаҷвии шоир боқӣ мондааст, дар ҳамин замина низ месазад ҳунари ҳаҷвнигории ӯ ба таври комил арзёбӣ шавад. Ҳоло ба тариқи хулоса метавон гуфт, ки Мунҷик дар ҳаҷву ҳиҷо, бешак, кошифи мазмунҳои нағзу марғуб, маонии борику латиф ва бикру тоза буда, нируи тахайюл, ки гувоҳи ҳунари ӯст, дар осори боқимондаи ҳаҷвии ӯ маҳсус ва ошкор мебошад. Дар ин гуна осор ӯ аз дашному фаҳшу носазо низ худдорӣ накардааст, вале чунин ҳаҷвияҳо дар миёни ашъори ӯ зиёд нестанд ва чеҳраи ҳунарии ӯро муайян намекунанд. Вай ҳеҷ гоҳ мисли Анварӣ ба тақозои сила касеро таҳдид ба ҳаҷв накардааст, ки ин фазилати инсонию ҳунарӣ низ аз мушаххасоти фардияти ҳунарии ӯст.
Дигар аз вижагиҳои осори Мунҷикро инъикоси масоили ахлоқӣ, ситоиши инсон, васф, васфи шароб, табиат, шамшер, асб, ишқ, ҳасби ҳол ва ғайра мушаххас месозад, ки баррасии ҷудогонаро тақозо мекунад. Дар поёни ин мақола мо чанд нуктаро доир ба хусусиятҳои бадеии шеъри Мунҷик ба тариқи хулоса баён мекунем, ки дар шинохти моҳияти осор ва ҳунари шоирии ӯ муҳим аст.
Шафеии Кадканӣ Мунҷикро «дар сувари хаёл намояндаи навъе таҳаввул дар шеъри форсӣ» дониста, сипас меафзояд: «Бегумон шуҳрати девони ӯ дар қарни панҷум, ки Носири Хусрав аз он сухан мегӯяд, ба сабаби ҳамин тарзи баёни хос ва тозагии услуби сухансароии ӯ будааст. Бидуни тардид бояд ӯро пешвои сабке бидонем, ки Абулфараҷи Рунӣ ва то ҳадде Масъуди Саъд бад-он рӯй овардаанд ва Анварӣ ҳамин шеваи адои маонӣ ва тарзи овардани истиораҳоро дар девони Абулфараҷ дидааст, ки...дар асри Анварӣ ҷиҳати аслии шеър ва сувари хаёли шоирона ҳамон ҷиҳати хосе аст, ки дар қарни чаҳорум бо Мунҷик оғоз шудааст».
Дар ҳақиқат Мунҷик дар асри хеш чеҳраи тозаи ҳунари шоирона буда, бедалел Муҳаммад Авфӣ ӯро «аз соҳирони шоирон» наномидааст. Дар ин арзёбӣ, пеш аз ҳама, ғарибии шеър, хубии алфоз, маонии бикр, ибороти балеғ ва истиороти нодири шеъри Мунҷик мавриди таваҷҷуҳи Авфӣ будааст. Авфӣ бо ифодаҳои «шеъре ғариб» ва «истиороте нодир» услуби шеърии Мунҷикро низ муайян намудааст.
Донишманди эронӣ Эҳсон Шаворибии Муқаддам дар тадқиқоташ намунаҳои саноеъи бадеии Мунҷик дар шеъраш истифода карда, аз ҷумла тарсеъ, тарсеъ ва таҷнис, муқтазиб (иштиқоқ), мутазод, эънот, истиора, ташбеҳ, ҳусни тахаллус (ҳусни мухолис), иғроқ дар сифат, муроотунназир, таҷоҳули ориф, илтифот, истидрок, суолу ҷавоб, луғз, мукаррар ва тасҷеъро зикр карда, барои ҳар кадоме мисоле меоварад, вале доир ба усули корбурди шоир аз саноеъи бадеии ёдшуда чизе намегӯяд.
Мунҷик ташбеҳоти тафсилиро дар ашъораш фаровон ба кор гирифта, дар нақшбандии сувари хаёл аз аносири моддӣ низ ҳунармандона истифода кардааст, ки намунааш қитъаи зер аст:
Неку гули дурангро нигаҳ кун,
Дурр аст ба зер ақиқи сода.
Ё ошиқу маъшуқ рӯзи хилват,
Рухсора ба рухсора барниҳода.
Дигар аз тозакориҳои Мунҷик дар корбурди саноеи бадеӣ сифотро ба ҷойи мавсуф истифода намудани ӯ мебошад, ки ба ҳар шоире ин ҳунар даст надодааст. Гоҳо ин тарзи нигориши ӯ бо балеғтарин киноёт омезиш ёфта, ашъори ҳаҷвиашро такмил бахшидааст. Намунаи чунин таҷрибаи шеъриаш қитъаи поён аст:
Гӯгирди сурх хост зи ман 
сабзи ман парер,
В-имрӯз агар наёфтаме, 
рӯйзардаме.
Гуфтам, ки нек буд, 
ки гӯгирди сурх хост,
Гар нони хоҷа хостӣ аз ман, 
чӣ кардаме?
Дар заминаи мисоли боло оид ба паҳлуи дигари ҳунари тасвиргарии Мунҷик метавон сухан кард. Мунҷик аз шоиронест, ки ба масъалаи ранг ҳассосияти бештаре дошта ва дар тасвирҳояш унсури рангро ҳадафмандона ба кор бурдааст. Дар мисраи аввали қитъаи ёдшуда таваҷҷӯҳи шоир ба ранги сабз бисёр дақиқ аст. Шоир андешаашро ба василаи ранге хос тасвир ва баён карда, ба ин васила иртиботашро ба воқеият ва натиҷаи он барқарор мекунад. 
Аз баррасии иҷмолии осори Мунҷик ва хусусиятҳои бадеии он метавон ба ин натиҷа расид, ки ашъори то ба имрӯз расидаи шоир аз қасида, ғазал, муқатаъот, абёти муфрад ва байтҳои пароканда иборат буда, муҳтавои онҳоро мадҳ, ҳаҷв, тағаззул, ситоиши ишқ, шароб, табиат, шамшер, асб, ишқ, панду андарз, ҳасби ҳол ва дигар масоили иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Мунҷик бо истифода аз саноеъи бадеии лафзӣ, киноёт, саноеи дигар ва ҳассосият ба рангҳо тасвири ҳиссиро таҳким бахшида, метавон хулоса кард, ки шеъри ӯ аз назари сувари хаёл ва анвои тасвир, бахусус дар заминаи унсурҳои воқеии тасвир беҳтарин намунаи қарни чаҳорум аст ва пайравоне низ доштааст.
 
Ҷамшед ҶУМЪАҚУЛОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: