ЭЙ МАҶ, ТУ ШЕЪРҲОИ МАН АЗБАР КУНУ БИХОН!

Озмуни саросари кишварии қироати ашъори Сардафтари адабиёти форсӣ-тоҷикӣ Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммади Рӯдакӣ таҳти унвони «Бӯйи ҷӯйи мӯлиён» ба муносибати зодрӯзи ин нобиғаи ҷаҳони андеша ва адаби ҷаҳон, ки аз 20-уми август то 20-уми сентябри соли равон бо ибтикори шабакаи фарҳангии «Тоҷикони ҷаҳон» ҷараён дошт, ба поён расид.

Дар оғози барнома, ҳайати доварони озмун аз маҷмӯъаи фарҳехтагони илму адаб шакл гирифт, сипас, бо машварати масъулин ойинномаи шароити озмун ва шеваи қироати шеъри Рӯдакӣ тарҳрезӣ шуд. Шартҳо ва шеваҳои қироати шеър як миқдор печида ва мушкил буд. Албатта, ин сабаби хос дошт: шеъри устод Рӯдакӣ бо он шевоӣ ва азамате, ки дорад, мебоист шоиста хонда мешуд. 
То охирин рӯзи озмун, дар маҷмӯъ 36 нафар довталаби аз 7 то 70-сола, намунаҳои қироати худро ба шакли намудорӣ (видеоӣ) аз ашъори дилангези Одамушшуарои адабиёти Машриқзамин Рӯдакии бузургвор тақдими шабакаи телегромии фарҳангии «Тоҷикони ҷаҳон» намуданд. Ағлаби ровиён донишомӯзони мактабҳои тоҷикӣ аз навоҳии вилоятҳои Самарқанд ва Тошканд буданд ва инро метавон ба унвони як падидаи зебо, умедворкунанда ва некбинонае ба ояндаи забону адабиёт ва фарҳанги миллии тоҷикони Ӯзбекистон арзёбӣ кард. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки фарзандони мо, навниҳолон ва навҷавонони саодатманди мо ба ояндаи забону фарҳанги миллии мо беэътибор нестанд.
Ҳайати доварони озмун, ки намояндагони илму адаби тоҷикони Ӯзбекистонро дар бар мегирифт, ин ҷараёнро бо диққат ва бо ҳаяҷони хос роҳнамоӣ ва ҳамроҳӣ карданд. Ҷараёни баррасӣ ва арзишдоварии ровиён раванди содае набуд. Зеро ташхиси мақомҳо дар баъзе аз маворид баҳсангез ҳам буд. Аммо чӣ метавон кард, ки аз ҳайати 12 нафараи доварони озмун 9 нафар дар доварии корҳо ширкат карданд ва ҳар кадоме аз онҳо назари мутафовите аз ҳамдигар доштанд. Аммо иттифоқан, ҳолатҳои зиёде дар ҷараёни баррасӣ мушобеҳи ҳам буданд. Ҳамин ҳамдилӣ ва шабоҳати назарҳо боиси баррасӣ ва доварии одилона гардид.
Инак, пас аз талошҳои зиёд Фирӯз Абдумӯъминов ба мақоми аввал, Нодираи Тоҳириён ва Сулаймон Содиқов ба мақоми дувум ва ба мақоми савум  Хиромони Усмон, Наврӯзи Бобоаҳмад ва Аъзам Лутфуллоев лоиқ дониста шуданд.
Мутаассифона, озмунҳо маҳдудиятҳое дорад, аз ҷумла, наметавонад ҳамаи ширкаткунандагонро ғолиб эълон кунад. Лиҳозо, бақияи дӯстони ровиямон, ба хусус, навниҳолони умедбахши мо, ки бисёр кӯшиш намуданд шеъри устодро устодона бихонанд, низ лоиқи таҳсин ҳастанд ва ҳамаи онҳо бо сертификатҳои вижаи шабакаи ҷаҳонии «Тоҷикони ҷаҳон» ва китобҳои арзишманди адабӣ ба забони тоҷикӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд. Умедворем, ин ровиёни навниҳоли мо дар озмунҳои ояндаи қироати шеър муваффақ мегарданд.
Ҳеҷ кори хайре бе пайомади нек нахоҳад монд. Ин озмун, ки барои иртиқои сатҳи китобхонӣ, адабиётдӯстӣ ва парвариши авотифи поку беолойиш ва фазилатҳои ҳамидаи инсонӣ дар ҷомеъа хидмат хоҳад кард, дар саҳифаҳои таърихи фарҳангии мо, форсизабонони ӯзбекистонӣ ба унвони аввалин озмуни саросаркишварӣ дар ин мавзӯъ ҷовидонӣ хоҳад монд. 
Барандагони озмуни қироати шеъри Рӯдакиро якояк табрику таҳният мегӯяму дар зери гӯшам садои форам ва дилнишини устоди шоирони ҷаҳон – Рӯдакии беназир аз қаъри қарнҳо мерасад, ки ба ману шумо – ровиёни азизи шеъри ӯ ин байтро ба унвони як васият суруда буд:
Эй Маҷ, ту шеърҳои ман 
азбар куну бихон,
Аз ман дилу сиголишу аз 
ту тану равон!

Ҷаъфар 
Муҳаммади ТИРМИЗӢ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: