МАТНИ «МАСНАВӢ» БА НАСР ТУ ҲАНӮЗ БА ВОДИИ ИШҚ НАРАСИДАӢ...

Ошиқе будааст дар аҳди пешин, ки хешро посбони аҳд андар аҳди хеш вонамуд мекардааст ва солҳо дар банди васли моҳи худ, худро моту мабҳути шоҳаншоҳи худ, (яъне маъшуқаи худ) нишон медодааст:

Ошиқе будааст дар аҳди пешин, ки хешро посбони аҳд андар аҳди хеш вонамуд мекардааст ва солҳо дар банди васли моҳи худ, худро моту мабҳути шоҳаншоҳи худ, (яъне маъшуқаи худ) нишон медодааст:
Ошиқе будаст дар айёми пеш,
Посбони аҳд андар аҳди хеш.
Солҳо дар банди васли 
моҳи худ,
Шоҳи моту моти 
шоҳаншоҳи худ.
Рӯзе ёраш, пайи имтиҳони ӯ, ба ӯ мегӯяд, ки имшаб шаби васли ману туст, ба фалон ҳуҷра биё ва мунтазири ман бош.
Ман бароят лӯбиё (нуқлу кабоб), пухтаам ва пас аз нимашаб меоям.
Ошиқ (булҳавас) хурсанд мешавад ва шаб бар он ҳуҷра рафта, ба умеди ваъдаи дидори ёр интизорӣ мекашад.
Соате бедор мемонад, хоби шигифте бар вай ғалаба мекунаду хобаш мебарад:
Гуфт рӯзе ёри ӯ: «имшаб биё,
Ки бипухтам аз бароят лӯбиё!
Дар фалон ҳуҷра нишин 
то нимишаб,
То биёям нимишаб ман 
беталаб».
Шаб дар он ҳуҷра ҳамекард 
интизор,
Бар умеди ваъдаи дидори ёр,
Соате бадор буд, хобаш 
гирифт,
«Ошиқи дилдода»-ро хоби 
шигифт!
Пас аз нисф-ул-лайл (нимашаб) дилдораш солиқ-ул-ваъдона (бо вафо ба ваъдааш) ба он ҳуҷра меояд ва мебинад, ки ошиқаш дар хоби ноз уфтода ва хуфта аст; андаке аз порчаи остини ӯ дарронда гирифта ва чанд гирдакон (ҷавз, чормағз) ба ҷайби ӯ меандозад, бад он рамзу маъно, ки  ту ҳанӯз тифлӣ, ба қадри Ишқ нарасидаӣ, ин чормағзҳоро бигиру рафта нарду чормағзбозӣ кун!
Баъди нисф-ул-лайл омад 
ёри ӯ, 
Содиқ-ул-ваъдона он 
 дилдори ӯ.
Ошиқи худро фитода хуфта дид,
Андаке аз остини ӯ дарид.
Гирдаконе чанд-ш андар 
 ҷайб кард,
Ки ту тифлӣ, гир ин, 
мебоз нард...

Хулосаи матлаб: ошиқи воқеӣ ҳамеша дар талаби маъшуқ аст; хобу хӯр надорад ва пайваста дар Водии талаб равон аст. Аҷабам аз он меояд, ки бо ошиқ будан ин гуна мехобад...
Ин достонро Баҳоуддин Валад ба тариқи дигартаре нақл кардааст:
Яке даъвои ишқи зане мекард. Зан гуфт: «Шаб биё!». Ӯ мунтазир мебуд, то маъшуқа биёяд. Чун он зан аз кори шӯй фориғ шуд, биёмад.
Дид, ки «ошиқ»-ашро хоб бурдааст, се дона ҷавз (чормағз) дар ҷайби вай андохт ва бирафт.
Чун бедор шуд ва чормағзҳоро дар кисааш ёфт, рамзи паёми маъшуқро донист, ки магӯяд:
«Ту ҳанӯз хурдию кӯдакӣ, аз ту ошиқӣ наёяд, аз ту ҷавзбозӣ (чормағзбозӣ) ояд («Маориф» с. 121, чопи Фурӯзонфар).

ГАВҲАР АМРИ ШАҲ БУВАД, ЭЙ НОКАСОН!

Ровии достон чунин гӯяд, ки рӯзе Шоҳ Маҳмуди Ғанӣ (Шоҳ Маҳмуд дар ин ҷо ба маънии амри Худованд ва шоҳ омадааст), он шаҳи  Ғазнину Султони санӣ (бузургмиқдор) ҳангоми субҳ ҷониби девони вазораташ шитофт ва дар он ҷо ҳама аъёну аркони давлатро сарҷамъ омодаи хидмат ёфт.
Гавҳаре бас гаронбаҳову мустанир (дурахшанда) аз ҷайб кашиду онро ба кафи вазир ниҳода гуфт: «Ин гавҳар чун аст ва чӣ арзише дорад?»
Вазир гуфт: «Аз сад хирвор зар ҳам бештар арзиш дорад». Шоҳ гуфт: «Онро бигиру бишкан!»
Вазир гуфт: «Чӣ сон онро бишканам... Ман, ки талаф шудани молу мулки туро намехоҳам, балки некхоҳи махзану амволи ту ҳастам. Чӣ сон раво бинам, ки чунин гавҳари ноёбу бебаҳо ҳадар гардад?...» Шоҳ гуфт: «Шобош, (яъне шод бош) эй вазир!». Ва хилъате ба вай инъом доду гавҳарро аз кафи вазир бистуд (гирифт).
Баъд аз он гавҳарро ба кафи ҳоҷиб (пардадор, дарбони дарбор)-аш ниҳоду гуфт, ки ин гавҳар чӣ арзише дорад. Хоҷиб гуфт: «Ин гавҳар ба нимаи мамлакат арзиш дорад, Худованд аз маҳлакат (нобудӣ) онро дар амон нигоҳ дорад!» Шоҳ гуфт: «Онро аз кафи ман бигиру пора-пора кун!».
Хоҷиб гуфт: «Эй хуршедтеғ, пора кардани чунин гавҳаре арзишманд бас дареғ аст... Дасти ман баҳри касри  (шикастани) ин гавҳар ҳаргиз намеҷунбад, ман, ки адӯи хизонаи Шоҳ нестам!»
Сипас шоҳ, гавҳари бебаҳоро ба дасти мири миронаш – сарвазир дод ва амр кард, ки онро арзёбӣ кунад, пас бишканад. Мири мирон ва дигар амиронаш низ ба арзиши баланди гавҳар қоил шуданд ва аз шикастани он сар боз заданд:
Гуфт рӯзе Шоҳ Маҳмуди Ғанӣ,
Он шаҳи Ғазнину Султони санӣ.
Як сабоҳе ҷониби девон 
шитофт,
Ҷумла арконро дар он айвон 
биёфт.
Гавҳаре берун кашид ӯ – 
мустанир,
Пас ниҳод он зуд дар каффи 
вазир.
Гуфт: «Чун асту чӣ арзад ин 
гуҳар?»,
Гуфт: «Беш арзад зи сад
 хирвор зар!».
Гуфт: «Бишкан!» гуфт: «Чунаш 
бишканам?,
Некхоҳи махзану молат манам.
Чун раво дорам, ки мисли 
ин гуҳар,
Ки наёяд дар баҳо, гардад 
ҳадар...»
Гуфт: «Шобош!»-у бидодаш 
хилъате,
Гавҳар аз вай бистуд он Шоҳи 
фатӣ.
Баъд аз он додаш ба дасти 
ҳоҷибе,
Ки чӣ арзад ин ба дасти толибе.
Гуфт: «Арзад ин ба ними 
мамлакат,
Ҳофизаш бодо Худо аз 
маҳлакат!»
Гуфт: «Бишкан!» 
гуфт: «Эй хуршедтеғ,
Бас дареғ аст ин шикастан, 
бас дареғ...
Даст кай ҷунбад маро дар 
касри ӯ,
Кай хизони Шоҳро бошам 
адӯ...».
Баъди як соат ба дасти Мир дод,
Дурро, к-ин имтиҳон кун 
б-издиёд.
Ӯ ҳам ин гуфту ҳама мирон 
ҳам ин,
Ҳар якеро хилъате дод ӯ самин.
Чун Шоҳ дид, ки ҳама мирону сарвари амирон аз шикастани чунин гавҳаре имтиноъ меварзанд ва амри ӯро иҷро намекунанд, рӯ ба Аёз (маҳбубтарин ва азизтарини канизонаш) намуду гуфт: «Эй Аёз, эй ҳарифи дидабоз (бобасират)!  Акнун ту бигӯ, ки ин гуҳар, бо ин тобишу ҷилваву ҳунар, ба чанд динори зар меарзад?»
Аёз гуфт:«Арзиши ин гуҳар афзунтар аз он аст, ки ман битвонам гуфтан (яъне забони гуфтор дар пеши арзиши ин гуҳар қосир аст!)». Пас шоҳ амр кард: «Эй Аёз, ҳоло гуҳарро аз кафи ман бигиру хурд-хурду пора-порааш кун!» Чун Аёз аз ин имтиҳони Шоҳ огоҳ буд, дар фиреби ӯ гумроҳ нашуд ва гавҳарро аз кафи Шоҳ бистуду бо шиддат бар замин кӯбид ва он гавҳари хосро дар оне (лаҳзае) пора-пора кард. Чун вазирону амирони Шоҳ титу пош шудани гавҳарро бидиданд, аз онҳо бонгу фиғоне шигифтангез ба фалак печид ва мегуфтанд: «Валлоҳ, ин чӣ бебокист, ки гавҳари пурнури шоҳро канизе чун Аёз бишкаст; ҳар кӣ онро шикаст, бешакк, кофир аст ва бояд муҷозот шавад (ҷазо бигирад)».
Охирин бинҳод дар каффи Аёз,
Гуфт ӯро, к-эй ҳарифи дидабоз.
Эй Аёз, акнун бигӯ, ки ин гуҳар,
Чанд меарзад бад-ин 
тобу ҳунар.
Гуфт: «Афзун он чӣ тонам 
гуфт ман»,
Гуфт: «Акнун зуд хурдаш 
даршикан!».
З-имтиҳони Шоҳ буд огаҳ Аёз,
Дар фиреби ӯ нашуд гумраҳ Аёз.
Чун шикаст ӯ гавҳари хос он 
замон, 
З-он амирон хост бас бонгу
 фиғон.
К-ин чӣ бебокист, валлаҳ кофар 
аст,
Ҳар кӣ ин пурнур гавҳарро
 шикаст!
Чун Аёз доду фарёди тирозомези вазирону амирони Шоҳро диду шунид, онро ба оромӣ даъват намуду гуфт: «Эй меҳтарони (бузургон) номвар! Оё амри Шаҳ ба қимат афзунтар аст ё гавҳар? Эй нокасон, бидонед, ки амри (сухан) Шоҳ беҳтар ва пурбаҳотар аз ҳар гуна гавҳар аст. Шумо, бо рад кардани сухани Шоҳ дар мавриди шикастани гавҳар, амри Шоҳро, ки дурри ноёб аст, нодида гирифтед ва гавҳари амри ӯро дар пеши чашмони ҳамаи мо бишкастед!»:
Гуфт Аёз: «Эй меҳтарони  
номвар,
Амри Шаҳ беҳтар ба қимат, 
ё гуҳар?
«Гавҳар» – амри Шаҳ бувад, 
эй нокасон,
Ҷумла бишкастед ин
 гавҳар аён...».
Хулосаи матлаб: шикастани амру наҳйи илоҳӣ ва дастуроту суханони ҳукамо аз шикастани ҳар гуна гавҳаре бадтар аст.
Таҳияи Файз МАҲМУД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: