АЛМОСИ ЗОТИ ЗАНОН АСТ Ӯ

Алмос Маҷидова дар асл озарӣ буда, зодаи Туркманистон ва парвардаи кишвари мо мебошад.

. Ӯ 3 сентябри соли 1959 дар шаҳраки Мурғоби вилояти Марии Туркманистони ҳамсоя, ки мавзеи беназиру қадимитарини ин кишвар буда, аз рӯйихати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ҷой гирифтааст, дида ба дунё мекушояд.
Волидони Алмос бо тақозои замон аз Озарбойҷон ба Туркманистон омада, дертар ба пойтахти кишварамон кӯч мебанданд. Падари ӯ Самад Маҷидов дар давоми 40 сол ронандаи мошини тиббии таъҷилӣ буда, бо унвонҳои Корманди шоистаи ҶШС Туркманистон ва собиқадори меҳнат қадрдонӣ шудааст. Қаҳрамонмодари ӯ Зара Маҷидова низ шуғли доимӣ дошт, ӯ дар соҳаи тарҳрезиву дӯзандагии либоси занона устои моҳир буд. Алмос аз овони кӯдакӣ ба касби модар дил баст ва дертар бо ин касб  шуғл варзид, ки дар муддати кӯтоҳ  мизоҷҳои хоси худро пайдо карда тавонист, аммо аз байн вақти зиёд нагузашта, ӯро шуғли тарҳи ҳавопаймоҳо ба худ ҷалб намуд. Ҳарчанд ин ҳунар «касби мардона» аст, Алмос тавонист онро бо ҳавасмандии баланд иҷро намояд. Ӯ макетҳои нав ба нави самолёт ва дастгоҳҳои парвозкунандаро меофарид, ки дар ин хусус дар маҷаллаву рӯзномаҳои он замон маводҳои зиёд рӯйи чопро медиданд ва ба номи ӯ аз гӯшаҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ номаҳо меомаданд. 
Дере нагузашта ӯро ба роҳбарии маҳфили «техникҳои ҷавон» ба кор таклиф намуданд. Дар ҳамин нуқта бояд таъкид намуд, он замон ҷиҳати азхуд намудани ягон касбу ҳунар ва аз вақт пурсамар истифода бурдани мактаббачагону наврасон маҳфилҳо нақши муҳим мебозиданд, бахусус, аз байни бачагоне, ки дар маҳфилҳои  адабиёт, санъати мусиқӣ ва ё ягон намуди варзиш иштирок мекарданд, номварони зиёд ба воя расидаанд.
Фаъолияти корӣ ва фазилатҳои накӯкориву навоварии Алмос ақидаи мардуми моро, ки занро бештар «ҷинси заиф» мешуморанд, рад намуда, собит мекунад, ки агар зан хоҳаду аз таҳти дил кӯшиш намояд, метавонад ӯҳдабарову тавоно шавад.
Шавқмандӣ ба варзиши ракетасозӣ, парвоздӯстӣ ва  лаҳзаҳои фаромӯшнопазири парвози аввал аз парашют... Ҳамаи ин водор намуд, ки Маҷидова соли 1976 пас аз хатми мактаби миёна барои таҳсил факултаи самолётсозии Донишкадаи политехникии Тошкандро интихоб намояд.
Аз сабабе, ки Алмос  аълохону  фаъолтарин донишҷӯйи донишкада буд, ӯро ба идораи конструктории Заводи авиасозии Тошканд ба номи Чкалов (ТАПОиЧ) фиристоданд. Ӯ дар ин завод ҳамчун муҳандис-конструктор фаъолияти кориашро оғоз намуд. Вақте ки таҳсили ӯ дар донишкада ба охир расид, аллакай 20 коркардаш  барои истеҳсолот пешниҳод гардида буд. 
– Ман он солҳо бо кормандони донишманду афсонавӣ мисли Севетс, Каримов, Половников, Журавлёв ҳамкорӣ кардам ва пешниҳодҳои онҳо водор сохт, ки роҳи конструктори ҳавопайморо интихоб намоям, – мегӯяд ӯ. 
Алмос ба тарҳи самолётсозӣ рағбати беандоза дошта бошад ҳам, бо ин қонеъ нагашта, хост дар ин самт корҳои илмиро ба сомон расонад. Баъд аз ҳимояи кори илмии номзадӣ дере нагузашта докторанти Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Ӯзбекистон, корманди калони илмии лабораторияи таълими  экологӣ шуд. Ӯ 6 сол дар иттиҳоди техникҳои ҷавон вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои хонишу тарбиявиро иҷро намуд. Ҳамчунин ба Маркази табиатшиносони ҷавони назди Вазорати таълими халқ низ бомуваффақият сарварӣ намуд, ки дар ин муддат як қатор лоиҳаҳоеро, ки барои  интихоби касбу ҳунаромӯзии ҷавонон пешниҳод шуда буданд, таҳия намуд. 
– Маро масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист низ ба худ ҷалб мекард, – мегӯяд Алмос Маҷидова. – Дар минтақаи мо мушкилоти экологӣ ҳеч гоҳ мисли имрӯза долузарб набудаанд, фикр мекунам, ки омӯзиши муносибати эҳтиёткорона ба табиату гирди атроф қисми ҷудонопазири таълими ҷавонон бояд гардад. 
Ӯ баробари дар ин мавзӯъ навиштани матолиб, бо таҳияи барномаҳои таълимӣ ва китобҳо оид ба экология низ машғул шуд. 
А. Маҷидова дар Маркази сайёҳии илмӣ-маърифатии назди истгоҳи паҳнои ноҳияи Китоб «Ситораи бодбондор» («Звёздний парус») ҳамчун менеҷер кор  кард. 
Дар ин ҷо хонандагони мактабу литсею коллеҷҳо бо омӯзиши асрори кайҳон ва тарҳрезии модели ракетаҳо машғул мешуданд.  Инчунин, бо ташаббуси Алмос Маҷидова дар доираи ин лоиҳа барномаи кумак ба кӯдакони маъюб таъсис дода шуд. Акнун писарону духтарони имконияти ҷисмониашон маҳдуд метавонистанд бо асрори кайҳон аз наздик шинос шаванд.
Ғайр аз ин, ӯ узви фаъоли раёсати Ассотсиатсияи маркази фарҳанги  Озарбайҷон аст.
 Ӯ дар давоми фаъолияти кориаш кор бо ҷавононро мақсади  асосии худ шуморидааст, зеро мавқеи кишвар дар байни мамлакатҳои ҷаҳон ва рушду нумӯи Ватанро ба ҷавонписарону духтарони маърифатноки имрӯза вобаста медонад ва чунин мешуморад, ки ҳар як шахс бояд дар бунёди ҷомеаи озоду обод фаъол иштирок намояд.
Алмос ба донишҷӯёни худ таълим медиҳад, ки сифатҳои касбӣ ва фазилатҳои неки инсониро хуб азхуд намоянд, меҳрубон, ҳамдард ва барои муошират кушод бошанд. Ӯ ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварӣ аст. 
– Агар лаҳзаҳои умри ман бекор сарф шавад,  худамро гунаҳгор ҳис мекунам, — мегӯяд ӯ, – овони ҷавонӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ беэътибор шудаам, ки акнун афсӯс мехурам.
Аз рӯйи мушоҳидаҳо чунин ба назар тофт, ки ӯ ҳамеша бо ягон намуди фаъолият банд аст, аммо агар вақти холӣ ёфт шавад, кӯшиш мекунад, ки чорабиниҳои фарҳангии пойтахтро аз даст надиҳад.
Алмос Маҷидова узви ҳақиқии ҳафт Академияи илмҳои ҷамъиятии байналхалқӣ мебошад, ки Академияи илмии Афина ба номи Аристотел, бахши Ӯзбекистонии Академияи илмҳои табиии Русия, президиуми Академияи илмҳои Турон аз ин ҷумла мебошанд. Қаҳрамони лавҳаи мо ошуфтаи мусиқии классикӣ аст, ӯ бахусус, таронаҳои Ботир Зокировро  бо ҷону дил мешунавад.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: