Ё ХУД РЕВДОДӢ КИСТ?
Ё ХУД РЕВДОДӢ КИСТ?
Рӯзе аз таги дари муаллим гузаро шудам. Он ҷо муаллим бо ду-се ҷавон рост истода интизори чизе ё касе буданд. Салом додаму аҳвол пурсидам. Муаллим пас аз алейк гирифтан: «Мо интизори мошини боркашем ва ин ҷавонҳо ба ман барои овардани санги осиё кӯмак мерасонанд», – гуфтанд.
Бо таҳайюр ба ҷавонҳо нигаристам. Яке аз онҳо, ки Ҳайдар ном дошт, гуфт:
– Оё хабар надоред. Ако Толиб ба як кори хайр даст задаанд. Яъне, дар ҳавлиашон осорхона кушоданӣ. Чизҳои қадимаро ҷамъ меоваранд. Аз ашёҳои кӯзаву сафол то сару либос. Имрӯз аз деҳаи Талибарзу як санги осиёи обиро ёфтаанд, ҳамонро барои осорхонаи шахсиашон оварданием.
Аз ин хабар хеле хурсанд шудам.
Оре, ин ҷо сухан дар бораи Толиби Юнусзода меравад, ки байни мардум чун муаллим, мухбир ва раҳнамои ҷавонон маълуму маъруфанд. Дер боз ҳаёти ин марди наҷибро мушоҳида карда, чизе навиштанро дар бораи ӯ орзу менамудам. Ҳоло мехоҳам на аз фаъолияти иҷтимоиву мавқеи дар деҳа доштааш, балки паҳлӯҳои аз чашми мардум пинҳон мондаи ҳаёти ӯ сухан ронам. Завқи Толибака ҳанӯз аз овони ҷавонӣ ба таърихи миллат ва кишвар зиёд буд. Ба мактаббачагон чун мутахассиси забон ва адабиёти тоҷик илм омӯзонад ҳам, онҳоро бо таърихи диёр низ ошно мекард. Бо саъю кӯмаки хонандагон дар мактаби таълими умумии рақами 37-и ноҳияи Самарқанд музейи атиқаеро ташкил дод. Он ҷо аз намунаҳои ҳунармандии гузаштаи халқи тоҷик, ашёҳои рӯзгор, аз кулолгарӣ то ба оҳангарию либосдӯзиро ҷамъ овард.
Телефон занг зад. Муаллим онро ба гӯш бурда, узри гапзадаистодаро қабул намуданд ва ба мо рӯй оварда гуфтанд, ки ин ронанда буд, имрӯз омада наметавонистааст ва овардани санги осиё ба рӯзи дигар гузошта мешавад.
Ҷавонон баъди ин гап аз паси корҳои худ рафтанд. Муаллим маро ба ҳавлӣ таклиф намуданд. Даромадам, назарам ба кӯзаи калони дарзёфтае афтод, ки зери дарахти тут меистод. Толибака шарҳ доданд, ки дар гузаштаи на он қадар дури мардуми мо ин кӯза вазифаи яхдонро адо мекардааст. Дар он ғалладона, хӯрокворӣ, гӯшт ва ғайраро нигоҳ медоштаанд. Ӯ ин кӯзаи ҳаҷмаш, тақрибан, 80-100 литраро аз деҳаи Қавола овардааст.
Ба хонаи рӯ ба рӯ даромадем. Даромадаму ҳайратам афзуд. Хона он қадар калон набуд. Тақрибан 15 метри мукааб, се тарафи онро экспонатҳои дар рафҳо ба тартиб гузошташуда оро медоданд. Се шкафи баланду дар онҳо ба се забон – тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ китобҳои солҳои гуногуни асрҳои гузашта чопшуда чида шуда буданд. Асарҳои адибону шоирони мухталиф – Рӯдакию Навоӣ, Пушкину Толстой ва ҳоказо чашми касро мебурданд. Аз ҷилдҳои мукаммали «Гулшани адаб» то қомусномаҳои гуногун рафи китобҳоро оро медоданд. Ин китобҳои нодир ба се ҳуруфот – арабӣ, кириллӣ ва лотинӣ буданд.
Хонаро ҳамчунин расму суратҳои соҳибхона, ки дар вохӯрӣ бо адибони машҳури ҷумҳурӣ аккосӣ шудаанд, зеб мебахшиданд. Дар девор сарулибосҳои арӯсии беш аз 80-солаи қиблагоҳи соҳибхона – Субҳонбобою модараш Тӯхтабибӣ оро медоданд. Онсӯтар ашёи ҳунармандӣ, олоту чизҳои аз мису чиннӣ ва оҳану гил сохташуда гузошта шуда буданд. Найзаву дос ва қуфле, ки шахсан худи муаллим аз кӯҳҳои Амонқӯтон ва дараи Илонсой дарёфт кардаанд, ҳатто асбобҳои давраи биринҷӣ низ ҳастанд. Чойнакҳои чиние, ки тахминан охири асри XIX ва аввалҳои асри ХХ дар Хитой сохта шудаанду аксар дар ҳолати истифодабарӣ, мебошанд, инчунин, зебу зеварҳои занона бо нигинҳои қиматбаҳо, шояд аз лаъл ё аз ёқути сурх ва фирӯза бошанд, меистоданд, ки қимати осорхонаро дучанд мекарданд.
Дар рафти суҳбат ба Толибака: – Шуморо муаллим, рӯзноманигор ва ҳаҷвнигор гӯям, аз таърих ҳам хуб хабардор будаед. Беҳуда дар зери баъзе мақолаҳои чопшуда имзои Дарвозаи Ревдодӣ намегузоштаед, – гуфтам.
Муаллим бо нигоҳи табассумомез ба сӯйи кати чӯбин ишора ва сари як пиёла чой ҳикоя карданд.
– Оре, мушоҳидаҳоят дурустанд? – То имрӯз дар рӯзномаю воситаҳои ахбори оммавӣ бо имзои Юнусзода шинохта шудаам. Аммо, дар мақолаҳои таърихие, ки менависам, Ревдодӣ имзо мемонам. Ин бесабаб нест. Чунки, дар яке аз маъхазҳои таърихӣ хондаам, ки ҳанӯз пеш аз давраи Амир Темур деҳаи ҳозираи Оқмасҷиди моро деҳаи Дарвозаи Ревдод меномиданд. Яъне, яке аз дарвозаҳои боҷситони шаҳри Самарқанди қадим ҳамин ҷо будааст. Аз таърих маълум ки шаҳри мо низ монанди Бухоро зиёда аз 10 дарвозаи карвондарою боҷситонӣ доштааст. Аз ин сабаб, худро Ревдодӣ хонам хато нест.
Мо аксар ба таърих нописандона назар мекунем. Албатта, дар давраи мактабхонӣ мувофиқи нақшаву барномаи давлатӣ мехонем. Гӯё ҳамин кифоя аст. Афсӯс, ки бештарини мардум бо ҳамин дониш қонеъ мешаванд. Ҳол он ки, таърих бо мурури замон комилтару пурратар шуда меистад. Тарафи ғолиб на ҳамеша ҳақиқати ҳолро баён мекунад.
– Биё, ба таъриху сиёсати дунё кордор набошем, ба ту дар бораи зиндагиномаи ба гӯши мардум нарасидаи худ ҳикоя кунам. Ҷавон будаму ғурурам баланд буд, ба ҳаёт дар қатори пур аз рӯйи таълимоти атеистӣ менигаристам. Бисёр воқеаву ҳодисотро ҳамчун тарғиботи динпарастон қабул мекардам. Ҳатто, ба номи аввалаи худ боварам намеомад.
– Яъне…
– Яъне, Ғоибназар.
– И-е, аҷиб-ку. Яъне, Толиб Юнусзода не-ю Ғоибназар Юнусзода. Шуморо дуруст фаҳмидам.
– Бале, – каме хомӯш монданд муаллим. – Ин таърихи 70-сола дорад.
– Хайрият, ёдрас кардед, шуморо табрик мекунам ва умри пурбаракот орзу менамоям...
– Ташаккур, ташаккур!.. Падарам Юнусов Субҳон ва модарам Турсунова Тӯхтаой одамони бомаърифат, аз пешқадамони соҳаи савдо буданд. Пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ падарам дар мағозаи деҳаамон, ки ба ҷамъияти истеъмолчиёни деҳа (селПО)-и ноҳия тобеъ буд, мудир буданду модарам вазифаи фурӯшандаи ин мағозаро иҷро мекарданд. То ба дунё омадани ман ду-се фарзандашон нобуд мегардад.
Рӯзе падарам дар назди ҳавзи Оқмасҷид (он вақтҳо лаби ҳавз ҷойи ҷамъомад ва истироҳати мардуми деҳа буд) бо ду-се улфаташон нишаста маишат мекунанд. Вақте арақ тамом мешавад, падарам ба он сӯйи кӯча, ба мағоза нигоҳ карда фарёд мекунад. – Ҳой, занак, ба мо арақ фурсон.
Модарам ба як даст ду шиша арақ, ба дасти дигар нону ҳасиб бардошта, бо шиками дамида наздик мешавад.
– Э… занак нашуда мур… ин қадар ҳаял кардӣ, – гӯён падари ширакайфам модарамро сарзаниш мекунад.
Дар давра 4 нафар, яке Қаюмполвони даштакӣ, дуюмӣ аъзои идораи колхози ба номи «Коммунаи Париж» Масеча (барои қадпасту ғӯладинг буданаш) ном рафиқашон ва Файзулло Махсум – котиби қӯмитаи партиявии колхози «Болшевик» менишастаанд. Файзулло Махсум падарамро сарзаниш мекунад:
– Ғазаба ҳай гӯ, ҷӯра, зан ва аёли худат бошад ҳам, худро нигоҳ дор, аз ғазаб фаро.
– Махсум, шумо намедонед, ин занак бачааш 7-сола шуда бошад ҳам, боз ягон писар зоям намегӯяд. Чанд маротиба ҳомила шуду партофт. Ин бачапарто аст, – гӯён боз дашном медиҳад.
– Занат дере нагузашта, албатта, писар таваллуд мекунад, ба ниятат мерасӣ, иншооллоҳ!, – мегӯяд Файзулло Махсум.
– Кошкӣ, гуфтаат мешуд, дӯстам. Ман кайҳо боз дар орзуи писар ҳастам.
– Истед, ки муаллим, ин ҳамон Файзулло Махсуми шалғамонӣ нест, ки дар забони мардум афсона гаштааст.
– Бале, гап дар бораи ҳамон Файзулло Махсум Муродов меравад.
– Давом диҳед...
– Гапам рост, ҷӯра, – мегӯяд Файзулло Махсум. Ҳамин дафъа занат писар мезояд ва хоҳӣ номашро ҳам гуфтанам мумкин.
– Ин тавр бошад, гарав мебандем, – гӯён шарикони дар канор нишаста низ ба баҳс ҳамроҳ мешаванд. Аз чӣ? Субҳонака велосипеди «Диамант»-и худро гаравгон мегузорад. Арзиши велосипеди он давра ба қимати мошини сабукрави имрӯза баробар буд.
Аз байн ду-се ҳафта гузашта-нагузашта, дарҳақиқат, модарам писар таваллуд мекунад. Ҳамин тавр падарам соҳиби писар шуда, ба ёру дӯстони наздик як «бегоҳи панҷ» зиёфат медиҳад.
Баъди тақрибан ягон ҳафта Масеча ба хонаи мо омада, занҷири дарвозаро мезанад: «Янга, ҳой янга, акем куҷоянд, велосипедашонро гирам мешавад, ҷое рафта омаданам лозим» мегӯяд ва велосипеди Диаманти немисиро, ки ҳаққи ҳалоли Файзулло Махсум буд, бо роҳи фиреб рабуда меравад.
Аввал Махсум номи кӯдакро Ғоибназар мегӯяд. Зеро ман ба ту аз ғоиб пешгӯӣ кардаам, шарҳ медиҳад ӯ. Ин ном ба падар чандон маъқул набошад ҳам, чизе намегӯяд. Вақте, дар зиёфати «бегоҳи панҷ» домуллои деҳа Аҳрорқул домулло, – Субҳон ту ҳафт сол аз худо писар талаб карда интизорӣ кашидӣ ва ба ниятат расидӣ, биё номаш ҳамроҳаш Толиб шавад, — мегӯяд ва ин ном ба ҳозирон маъқул меафтад.
Ҳоло Толиб Юнусзода Субҳонпурро мардуми Самарқанд бо хабару мақолаҳои дилчаспу дилнишинаш, публисистикаву ҳаҷвҳои нешдораш хеле хуб мешиносанд.
Аз он кас пурсидам: агар номатон Ғоибназар мебуд, боз чунин зиндагиро интихоб мекардед? Муаллим китф дарҳам кашиданду гуфтанд: «Ном инсонро машҳур намекунад, баръакс инсон номи хешро бо ниятҳои неку наҷиб, рафтори шоиста ва гуфтори ширинаш баланд мебардорад. Бале, агар номи Ғоибназарро ҳам мегирифтам, аминам, ки чунин мезистам».
Баъд аз муаллим дар бораи ҳаёти минбаъдаи ҷӯраҳои падарашон пурсидам. Қаюмполвон чун деҳқони забардаст зиндагӣ кард. Масеча низ боқии умрро дар хоҷагии ба номи В.В.Куйбишев гузаронид. Аз байни ҷӯраҳо фақат ҳаёти Файзулло Махсум, ки 7 сол дар ҷанг иштирок ва дар ақибгоҳ низ хидмат намудааст, хеле диққатангез аст. Афсӯс, ки имкони онро дар доираи як мақола баён кардан нест. Лекин, ба гуфти муаллим Файзулло Махсум дар сафи бригадаи махсуси 96-уми Челябинск чун танкрон қаҳрамониҳо нишон додааст.
Таърих ин хотирот аст, нигоҳ доштани он ба фаҳму шуури мо вобаста. Тавре Лоиқи ширинкалом мегӯяд:
Кори ҳама кас баробари ҳиммати ӯст,
Умри ҳама кас нишонаи қимати ӯст.
Даҳчанди қад аст ҳайкалу мақбара, лек
Қабри ҳама кас баробари қомати ӯст.
Аҳрор ҲАМРОҚУЛОВ,
ноҳияи Самарқанд,
Вилояти САМАРҚАНД.