ВОРИСОНИ МУНОСИБ

Дар шаҳри Самарқанд навбати ҷумҳурии озмуни «Ворисони Тумарис» баргузор гардид, ки дар он беш аз 200 нафар ходимони корҳои дохилӣ аз тамоми вилоятҳои кишвар иштирок намуда, истеъдоди хешро доир ба ҳозирҷавобӣ ва чолокӣ, ҳунармандӣ ва заковату хидмати беминнат ба меҳмонону мизбонон намоиш доданд.

Ҷойи аввал ба курсантҳои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ насиб гашт. Ба шоҳсуфаи дуюм ва сеюм вакилон аз Қароқалпоқистон ва Самарқанд баромаданд.  
Барои иштирокдорони мусобиқа саёҳат ба ҷойҳои таърихӣ ва маҷмӯаи «Шаҳри абадӣ»-и Самарқанд ташкил гардид. 
– Барои иштирок дар озмун хеле тайёрӣ дидем, – гуфт корманди Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Наталя Кондратева, – бинобар ҳамин ин комёбиҳо натиҷаи меҳнати тамоми ҷамоати мо аст. Бояд таъкид намуд, ки дар озмун аз ҳама душвор гавак кашида роҳ паймудан буд, ки аз иштирокдор тайёрии ҷиддии ҷисмонӣ талаб мекард.
Албатта, таассурот аз қувваозмоӣ ва боздидҳои Самарқанд як олам аст. Дар ҳақиқат шаҳри шумо макони сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ хоҳад монд.  

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: