ОЁ БА РЕПЕТИТОР ЭҲТИЁҶ ДОРЕМ?

Ин ҷо қарор кардем оиди он хонандагоне, ки мактаби худро тарк карда, дар мактаб ва ё коллеҷи касбу ҳунар номнавис мекунанд ва худ назди репетитор мераванд, баёни андеша намоем.

Аввалан, ин ҳолат қонуншиканӣ аст. Боиси таассуф аст, баъзе падару модарон ба ин ҳақиқати воқеӣ роҳ медиҳанд. 
Дар “Луғати тоҷикӣ-русӣ” омадааст, ки репетитор муаллим асту репетиторӣ муаллимӣ мебошад  Саҳеҳтар, репетитор муаллими хонагӣ мебошад. Имрӯз репетитор маънои васеътар пайдо кардааст. Репетиторон натанҳо дар хона, балки марказҳои таълимӣ таъсис дода, ҳамчунин дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият пеш мебаранд.
Суол пайдо мешавад, оё репетитор вазифаи муаллимро иҷро мекунад? Ба андешаи камина, наҳамеша. Фаъолияти онҳо хеле маҳдуд аст. Репетитор аз фанни алоҳида дониш медиҳад, вале тарбия, яъне тарбияи маънавии наврас дар канор мемонад.Ҷаҳонбинии хонанда вусъат наёфта, дар доираи як ё ду фан маҳдуд мемонад. Ин гуна хонандагон китоби бадеӣ намехонанд, аз матбуоти даврӣ дар канор, олами маънавӣ харобу маҳдуд. Шояд аз ин сабаб солҳои охир меҳру оқибат рӯ ба таназзул ниҳода? Шояд дар ин раванд ҳикмати “Олим шудан осону одам шудан мушкил” рӯйи кор омада. Ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва сохтори иқтисоди бозорӣ ба одаму олим, соҳибкори бомаърифату ҳунарманди асил ниёз дорад. Зимни таъмини ҳамин воқеият кишвари обод бунёд ва зиндагии фаровон таъмин мегардад.
Бешубҳа, имрӯз репетиторӣ ба соҳаи бизнес, яъне манбаи сарватғундорӣ табдил ёфтааст. Репетиторро сифати таълим не, миқдори хонанда муҳим аст. Солҳои пешин репетитор на ҳар хонандаи пешомадаро ба гурӯҳи худ қабул мекард. Давоми як ё ду моҳ шавқу ҳавас, иқтидор, қобилият ва тавони хонандаро хуб омӯхта ва пас дар қабул ба хулосае меомад. Имрӯз-чӣ? Имрӯз ҳар кӣ пеш омад, хуш омад, қабулаш мекунад. Хусусиятҳои модарзодӣ, шавқу ҳавас, маҳорат ва қобилияти наврас садди назар карда мешавад. Маблағ дорад, хазина афзун мегардад. Баъзеи онҳо ба пешомади ҷавонон бефарқ мебошанд.
Волидони сарватманд, бо кадом роҳ набошад, мехоҳанд фарзандон соҳибмаълумот бошанд. Қобилият, шавқу ҳавас ва имконоти фарзанд онҳоро тафовут надорад, соҳиби як порча қоғаз-диплом бошад бас. Ҷомеа ҷавонони соҳибмаърифату ҳунарманд, соҳибкору бунёдкорро тақозо дорад, на дипломдори бемаърифатро. Саъдии оламу одам дида гуфтааст:
Оқибат гургзода гург 
шавад,
Гарчӣ бо одамӣ бузург 
шавад.
Оре, зиёданд, волидоне, ки фарзанди худро пас аз хатми синфи нӯҳ ба коллеҷҳои касбу ҳунар ва ё мактаби дигар номнавис намуда, назди репетитор мебаранд. Бале, ин ҳолат ҳуқуқи конститутсионии онҳост, касе монеъа нест. Вале мебинем, ки фарзанди онҳо он ҷо таҳсил надорад. Шаҳр мебаранд, он наврас иҷора нишаста, назди репетитор меравад. Падару модар хурсанд, фарзанди онҳо аз репетитор сабақ мегирад, пас аз он ҳатман донишҷӯ мегардад. 
Бояд иброз дошт, донишомӯзӣ обнӯшӣ ва ё хӯрокхӯрӣ нест. Донишомӯзӣ бедорхобӣ, ҷустуҷӯйи пайваста ва хонишу омӯзиши доимиро мепарастад. Волидони шодмон огоҳӣ надоранд, ки фарзанди иҷоранишини онҳо ба чӣ корҳо машғул, бо киҳо ҳамнишасту ҳамкорӣ дорад. Репетитор низ ҷуз машғулотҳои ду-се соатии ду-се рӯзаи ҳафтаина аз ҳоли “сабақгиранда” огоҳӣ надорад. Доништалаб намедонад, ки репетитор аз услуби мактаби кӯҳнаи устод Айнӣ таҳсилгирифта истифода мебарад... Волидон шиори “Гӯшташ аз шумову устухонаш аз мо”-ро риоя доранд. 
Дар муассисаи таълимии дигар номнавис намудан ва рафтан назди репетитор, ки ҳатто пешаи омӯзгорӣ надорад, ба рӯҳияти омӯзгори фан таъсири манфӣ дорад. Нобоварӣ ва беэътимодиро нисбати ӯ бедор менамояд. Аҷиб он аст, ки баъзан волидон аз самараи  фаъолияти омӯзгори мактабӣ ва репетитор натиҷагирӣ намекунанд. Мисолан, ин натиҷагириро таҷрибаи ду соли хониши охири омӯзгорони мактаби 30-юми ноҳияи Нурато собит  дорад. Он хонандагоне, ки “шаҳр” рафта буданд, касе ба донишгоҳи олии кишвар дохил нашуд, вале 50-60 фоизи хонандагони мактаб сазовори номи донишҷӯйи Ӯзбекистон гардидаанд. 
Ба замми ин баъзан хонандагоне дучор меоянд, ки ба омӯзгори худ эътимод накарда, назди «репетиторҳои қарокӯлӣ» мераванд. Вале натиҷаи мониторингҳои мактабӣ собит дорад, ки дониши онҳо нисбати ҳамсинфон паст рафтааст. Бешубҳа, яке аз омилҳои муҳими ин натиҷагирӣ таъсири муҳит аст. Хонанда ба ҳалқаи хонандагони тамоман бегона ба осонӣ моил намешавад. Чаро ки ӯ рӯҳияи муҳити навро намедонад. Хонанда вақти пурқиммати худро бой медиҳад. 
Албатта, мо муқобили репетиторӣ нестем. Дар ҳар як мактаб омӯзгорони ботаҷрибаи донишманд фаъолият доранд. Оё намешавад, ки аз таҷриба ва дониши онҳо самаранок истифода кард. Донишомӯз ҳамон сабақи аз репетитор мегирифтаро аз омӯзгори худ гирад. Ӯ аз сарфаи маблағи роҳ, хӯрду хӯрок, иҷорапулӣ ва билохира аз душвории гармову сармо, шамолу борандагии роҳ эмин мемонад. Муҳим аз ҳама дар зодгоҳ назди падару модар ва шиносҳои деринаи худ мемонад. Ба замми ин ҳаёт гувоҳ аст, ки на ҳама репетитордидагон донишҷӯ шаванд. 
Бале, имрӯз оиди соҳаи таълим дар кишвар ислоҳотҳои ояндасоз гузаронида мешаванд, вале дар заминаи татбиқи амалии ин ҳама масоили иқтисодии муаллим қарор дорад. Бешубҳа, маоши муаллим нисбати моҳонаи кормандони дигар соҳаҳои буҷавӣ (кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва тиб) ночиз аст. На ҳамаи муаллимон, ки қобилият, дониши комил, қудрату таҷриба, тавони омӯзгорӣ дошта ва бо замон ҳамнафасанд, тоифаи якум ва ё олӣ доранд. Ин ҳодиса омилҳои объективӣ ва субъективии худро дорад.
Мо таҷрибаи таълиму тарбияи мамлакатҳои пешрафтаи дунёро меомӯзем ва бояд ҷиҳатҳои хуби онҳоро қабул намоем. Ин хуб аст, шояд омили пешрафти кори таълиму тарбия гардад. Таърихи пуршарафи ниёкони мо гувоҳ аст, ки аҷдодони мо таҷрибаи мондагори таълиму тарбиявӣ доранд. Ҳамин таҷриба буд, ки мо ду давраи Эҳёро аз сар гузаронидаем ва Эҳёи сеюмро пайандозӣ мекунем. Ва хуб огоҳӣ дорем, нобиғагони мо чун Беруниву Сино, Улуғбекҳо чандин забонро балад буданд. Ин раванд имрӯз дар кишвар пайгирӣ мешавад. Ҷавонон чандин забонро меомӯзанд. Вале на забоне, ки замоне ба ин забон Улуғбек, Навоӣ ва Бедилҳо осори ғание аз худ боқӣ гузошта, шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд – забони форсӣ чун забони хориҷӣ омӯхта намешавад. Дар ин ҳолат он осори бузурги илмиву маънавиро кӣ меомӯзад?!
Назар афканем ба таҷрибаи давлати Финландия, ки дар соли 2021 бори чорум мардуми он хушбахттарин мардуми ҷаҳон дониста шудаанд. Он ҷо низ кӯдакон аз ҳафтсолагӣ ба мактаб мераванд. Аз синни ҳафтсолагӣ ба омӯзиши ду забон – финнӣ ва шведӣ шурӯъ намуда, аз ёздаҳсолагӣ забони сеюм ва аз чордаҳсолагӣ забони чорумро меомӯзанд. Хонандагони ин кишвар рӯзнома надоранд, ба онҳо баҳо ё хол гузошта намешавад. Танҳо аз фаъолияти омӯзгор истифода мешавад. Маоши моҳонаи омӯзгорон 5-6 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Кулли омӯзгорон магистратураро хатм намудаанд. Касе назди репетитор намеравад, репетиторӣ манъ аст.
Мегӯянд, ки ниҳол дар як ҷо месабзад. Шояд мо ҳам ҷиҳатҳои муносиби таҷрибаи соҳаи таълиму тарбияи кишвари номбурдаро дар амал роҳандозӣ намуда, бесабаб ба мактабҳои дигар ва назди репетитор рафтани хонандагонро бигирем. Ҳамон падару модари “пулдор” як қисми маблағи ба репетитор, иҷорапулӣ ва роҳкироро ба ҳисобсурати мактаби зодгоҳ пардохт намояд ва аз он маблағ ҳар моҳ омӯзгорон барои дарсҳои иловагии босамар ҳавасманд гардонида шаванд. Онҳо ба сифати “маҳсулоти худ” ҷавобгӯ бошанд.
Рост аст, чандин маротиб музди меҳнати муаллим зиёд шуд. Омӯзгор аз пахтачиниву кӯчарӯбӣ, кирмакпарварию мурғпарварӣ ва дигар корҳои “маҷбурӣ” озод гардид. Вале бо ин музди меҳнат дар вазъи иқтисоди бозор зиндагии фаровон доштан амрест маҳол. Имрӯз низ муаллим маҷбур аст, барои зиндагии фаровон доштан, ба корҳои дигари даромаднок шуғл дошта бошад. Омӯзгор низ мехоҳад мошин дошта бошад, ба фарзандон хонаву ҷо бихарад. Оё бо маоши 3-4 миллион сӯм метавон хонаи ҳар як метр кв. аз 3 миллион то 12 миллион сӯмро ва ё машинаи аз 100 миллион сӯм зиёдро харид кунад? Ҳаргиз, не! Шояд аз ин сабаб баъзе омӯзгорон аз рӯйи талаби “Алиф, бе, те, маориф пулама те” амал доранд?

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
ноҳияи Нуратои 
вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: