Раҳбарони Ӯзбекистон ва ИМА масъалаҳои кунунии рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ карданд

19 сентябр дар чаҳорчӯби чорабиниҳои сессияи 78-уми Ассамблеяи генералии СММ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден ба амал омад.

Масъалаҳои кунунии рӯзномаи дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ шуданд. Президенти ИМА дастгирии қатъии истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ, инчунин ҷараёни ислоҳоти бебозгаштро дар Ӯзбекистони Нав тасдиқ кард.

Таваҷҷуҳи махсус ба пешбурди лоиҳаҳои ҳамкории амалӣ бо ширкатҳо ва бонкҳои пешрафтаи амрикоӣ зоҳир гардид.

Натиҷаҳои мулоқотҳои дуҷониба бо доираҳои соҳибкорӣ ва форуми соҳибкорон, ки дар арафаи сафари сарвари давлати мо ба Иёлоти Муттаҳида сурат гирифтанд, бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.

Ба идомаи ҳамкориҳои созанда дар соҳаи ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва дигар соҳаҳои андозагирии инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: