ДАР СОҲАҲОИ ТИББ ВА ИЛМУ ФАН МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ТАҲЛИЛ КАРДА ШУДА, ВАЗИФАҲОИ ИЛОВАГӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 январ бинобар масъалаҳои рушди соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва илм маҷлис баргузор кард.

Тӯли солҳои охир дар звеноҳои ёрии тиббии аввалия, фаврӣ ва махсус ислоҳоти муҳим гузаронида шуд. Бо Фармони сарвари давлат аз 7 декабри соли 2018 Консепсияи рушди низоми нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2019-2025 тасдиқ карда шуд.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки барои пешгирии бемориҳо кормандони бунгоҳҳои тиббӣ ва поликлиникаҳои оилавӣ бояд хона ба хона гашта, аҳолиро бо хидмати патронажӣ фаро гирифта, табодули маълумотро бо беморхонаҳои минтақавӣ ба роҳ монанд. Ба баланд бардоштани маданияти тиббӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш диққати махсус бояд дод. 
Чораҳо оид ба дар асоси стандартҳои пешрафтаи хориҷӣ ташкил кардани системаи тиббӣ ва минбаъд васеъ гардондани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ баррасӣ гардиданд.
Нишондиҳандаҳои бемориҳои 16 маркази тиббии махсус таҳлил карда шуда, зарурати андешидани чораҳои пешгирии онҳо, ташкили фаъолият дар минтақаҳо ва дар ҳамкории наздик кор кардан бо муассисаҳои ёриии аввалия зикр ёфт. Аҳамияти ҷалби сармояҳои хусусӣ ва хориҷӣ барои рушди минбаъдаи ин марказҳо таъкид гардид.
Супурда шуд, ки корҳо оид ба ҳифзи модару кӯдак, таҳияи нақшаи мушаххас оид ба ташкили азназаргузаронии тиббӣ ва беҳбуди вазъи саломатии занони синни тавлид ба роҳ монда шавад.
Бояд қайд кард, ки дар хадамоти ёрии таъҷилии шаҳри Тошканд низоми қабули автоматӣ ва вокуниш ба зангҳо ҷорӣ карда шудааст. Хизматрасонӣ бо 150 мошини махсуси «Форд» таъмин карда шудааст. 
Сарвари давлатамон таъкид намуд, ки бояд  низоми мазкурро дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар солҳои 2020-2021 татбиқ карда, расондани ёрии фаврӣ ва таъҷилии тиббӣ беҳтар гардонда шавад.
Ба масъалаҳои таъмир, мустаҳкам кардани пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ эътибори махсус дода шуд. Қайд гардид, ки соли равон барои дар доираи Барномаи сармоягузорӣ муҷаҳҳаз гардондани муассисаҳои тиббӣ маблағҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷалб карда шаванд. 
Дар маҷлис сиёсати кадрӣ, аз ҷумла норасоӣ, тахассуси паст ва нерӯи мутахассисон мавриди танқид қарор гирифт. Дар айни замон дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 75 ҳазор духтурон кор мекунанд. 2900 шифокорони умумӣ, 10 ҳазор нафар тахассуси маҳдуд намерасанд. Нишондиҳандаи дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ аз 5 фоиз зиёд нест.
Президент зарурати дар асоси фармоиши давлатӣ мақсаднок тайёр кардани мутахассисон, ташаккул додани квотаҳои мақсаднокро бо нишон додани минтақа, деҳа ва ҷои кор таъкид кард. 
Оид ба рушди илми тиб, аз нав дида баромадани авлавиятҳои таҳқиқот вазифаҳо гузошта шуданд. Тавре ки шумо медонед, соли 2020 дар мамлакати мо Соли рушди илм, таълим ва иқтисодиёти рақамӣ эълон шуд. Дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис Президент Шавкат Мирзиёев зарурати ҳар сол ривоҷ додани якчанд самти муҳими илмро таъкид намуд.
Аз ҷумла, имсол барои тақвияти таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар чунин соҳаҳо, ба монанди математика, кимиё ва биология, геология тадбирҳо андешида мешаванд ва барои олимон тамоми шароитҳо фароҳам оварда хоҳанд шуд. Инчунин, механизми пешниҳоди грантҳои мақсаднок барои таҳқиқоти бунёдӣ ва инноватсионӣ низ ба таври қатъӣ таҷдиди назар карда мешавад.
Дар вохӯрӣ ба шахсони масъул оид ба ташкили муназзами ин кор, бо ислоҳот фаро гирондани ҳамаи зинаҳо аз таълими мактаб сар карда то муассисаҳои илмию тадқиқотӣ супоришҳои дахлдор дода шуданд. 
Роҳбари давлат зарурати ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ дастгирӣ намудани соҳаҳои мазкурро таъкид кард. 
Шахсони масъул оид ба масъалаҳои дар ҷамъомад баррасигардида ахбор доданд. 
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: