Президенти Ӯзбекистон бо иқтидори маҷмӯи ҳарбию-саноатӣ шинос шуд

  • Президенти Ӯзбекистон бо иқтидори маҷмӯи ҳарбию-саноатӣ шинос шуд
  • Президенти Ӯзбекистон бо иқтидори маҷмӯи ҳарбию-саноатӣ шинос шуд
  • Президенти Ӯзбекистон бо иқтидори маҷмӯи ҳарбию-саноатӣ шинос шуд
  • Президенти Ӯзбекистон бо иқтидори маҷмӯи ҳарбию-саноатӣ шинос шуд
  • Президенти Ӯзбекистон бо иқтидори маҷмӯи ҳарбию-саноатӣ шинос шуд
  • Президенти Ӯзбекистон бо иқтидори маҷмӯи ҳарбию-саноатӣ шинос шуд
  • Президенти Ӯзбекистон бо иқтидори маҷмӯи ҳарбию-саноатӣ шинос шуд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев 11 январ ба кластери истеҳсолии Агентии саноати мудофиа, ки дар вилояти Тошканд воқеъ гардидааст, ташриф овард.

Бо ташаббус ва роҳбарии Сарвари давлатамон ҷиҳати ислоҳсозӣ ва модернизатсияи ҳамаҷонибаи Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, тадриҷан ба артиши нав табдил додани он, ки ба талаботи замон пурра ҷавобгӯ буда, ҳамчун кафили истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, гарави амният ва гул-гулшукуфии халқи Ӯзбекистони Нав хизмат мекунад, маҷмӯи чорабиниҳо татбиқ мегарданд.

Ҳамин тариқ, солҳои охир бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати омодагии оперативӣ ва ҷангии қӯшунҳо, фароҳам овардани шароити муосир барои баланд бардоштани маҳорати ҷангии онҳо як қатор полигонҳои таълимии дорои инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шуданд. Ин кор пай дар пай давом дорад.

Дар баробари ин ба навсозӣ ва баланд бардоштани иқтидори саноати мудофиавии ватанӣ, ки ба зинаи нав мебарояд, аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Маҳз бо ҳамин мақсадҳо дар моҳи январи соли гузашта Президент дастур дода буд, ки Агентии саноати мудофиа ба ихтиёри Вазорати мудофиа дода шуда, ҷиҳати рушди минбаъдаи фаъолияти он чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Агентӣ ҷиҳати аз худ намудани истеҳсоли навъҳои маъмули маҳсулоти ҳарбию-техникӣ, ба даст овардан ва бо таҷҳизоти замонавии ҳарбӣ таъмин намудани қӯшунҳо, инчунин таҷдиди аслиҳаи мавҷуда корҳои мунтазамро ба роҳ мондааст.

Имрӯз зимни боздид аз иншоот ба Президент дар бораи тадбирҳои андешидашуда ва нақшаҳои минбаъда оид ба афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии Агентии саноати мудофиа муфассал маълумот дода шуд.

Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар муддати кӯтоҳ дар заминаи чанд воҳидҳои техникии Вазорати мудофиа корҳои бузурги сохтмонӣ, таъмири асосӣ ва азнавсозии иншооти мавҷуда ба анҷом расонида шуданд. Заводи таъмири техника ва Пойгоҳи марказии нигаҳдории техникаи автомобилии Вазорати мудофиа ба қаламрави кластер гузаронида шуд.

Корхонаҳое, ки дар ҳудуди кластери нав ҷойгиранд, муттаҳид гардонда, шабакаи устохонаҳои таъмири ба ҳам пайваст ба вуҷуд оварда шуд. Дар онҳо корҳои таъмиру навсозии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, установкаҳои радиолокатсионӣ, асбобҳои оптикӣ ва электронию-оптикӣ, таъмири яроқи тирандозӣ ва артиллерия, инчунин коркарди дақиқи металл анҷом дода мешаванд.

Сарвари давлат пас аз шиносоӣ бо кори корхонаҳо зарурати ба таври васеъ ҷалб намудани технологияҳои пешрафта ба соҳа, таъсиси ҷойҳои нави кориро таъкид намуда, барои боз ҳам такмил додани фаъолияти корхонаҳо дастуру супоришҳо дод.

Бо мақсади иҷрои вазифаҳои васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои «сабз» дар саноат, аз ҷумла соҳаи мудофиа ва ба мақсади сарфаи неруи барқ ​​дар ҳудуди корхонаҳои кластерӣ панелҳои офтобӣ насб карда шуданд. Ин имкон медиҳад, ки қисми зиёди эҳтиёҷоти истеҳсолӣ ба қувваи электр аз манбаъҳои муқобил таъмин карда шавад.

Илова бар ин, ба Сарвари давлат намунаҳои замонавии техникаву аслиҳаи ҳарбӣ, ки таъмиру таҷдиди онҳо дар корхонаҳои истеҳсолии кластери нави Агентии саноати мудофиа анҷом дода шудаанд, тақдим карда шуд.

Дар ҷараёни боздид Сарфармондеҳи Олӣ ҳамчунин ба фаъолияти корхона оид ба истеҳсоли навъҳои нави маҳсулоти ҳарбӣ оғоз бахшид. Зарурияти таъмини сифати баланди маҳсулот, баланд бардоштани ихтисоси муҳандисону мутахассисонро нишон дод.

Дар фарҷоми сафар Президент дар назди масъулин ҷиҳати боз ҳам васеъ намудани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноати мудофиа вазифаҳои мушаххас гузошт.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: