Шаҳрвандони Ӯзбекистон ба кадом кишварҳо бидуни раводид ворид шуда метавонанд?

Котиби матбуоти вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Аҳрор Бурҳонов дар шабакаи телеграми худ хабар дод, ки ҳамватанони мо ба кадом кишварҳо метавонанд бидуни раводид ворид шаванд, инчунин дар бораи раводид дар вақти омадан ва раводиди электронӣ иттило дод.

Шаҳрвандони Ӯзбекистон имкон доранд ба кишварҳои зерин бидуни раводид ворид шаванд:

Антигуа ва Барбуда, Арманистон, Барбадос, Беларус, Аморати Муттаҳидаи Араб, Доминика, Эрон, Фаластин, Филиппин, Гаити, Гамбия, Гурҷистон, Кения, Кот-д’Ивуар, Малайзия, Микронезия, Муғулистон, Молдова, Намибия, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Сент- Винсент ва Гренадин, Сейшел, Шри-Ланка, Суринам, Тоҷикистон, Туркия, Украина.

Шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд раводидро ҳангоми расидан ба кишварҳои зерин дастрас кунанд (visa on arrival):

Боливия, Бурунди, Гвинея-Бисау, Индонезия, Урдун, Кабо-Верде, Камбоҷа, Ҷазираҳои Комор, Лаос, Лубнон, Мадагаскар, Макао, Малдив, Маврикий, Мавритания, Мозамбик, Непал, Никарагуа, Палау, Қатар, Руанда, Самоа, Сиерра-Леоне , Таиланд, Того, Тувалу, Ямайка, Зимбабве, Тимори Шарқӣ.

Шаҳрвандони Ўзбекистон метавонад раводиди электронӣ (e-visa)-ро барои ворид шудан ба кишварҳои зерин дастрас намояд:

Эфиопия, Гвинеяи Экваториалӣ, Эквадор, Габон, Гвинея, Ҳиндустон, Судони Ҷанубӣ, Ҷибути, Ҷумҳурии Демократии Конго, Лесото, Малави, Нигерия, Арабистони Саудӣ, Уганда, Ветнам.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: