Samsung хати Galaxy S24-ро бо зеҳни сунъӣ тақдим кард

Ширкати "Samsung"-и Куриёи Ҷанубӣ силсилаи нави смартфонҳоро бо зеҳни сунъӣ муаррифӣ кард. Модели флагмани Galaxy S24 аллакай барои фармоиши пешакӣ дастрас аст.

Барои роҳати муштариён, гаҷет бо ҷустуҷӯи "ақлӣ" муҷаҳҳаз карда шуд. Технологияи «Аз назар гузарон  ва дарёб» ҳамчун асос истифода шудааст. Ба шумо дигар лозим нест, ки дархости матниро дар браузер ворид кунед. Шуморо танҳо лозим аст, ки объекти дилхоҳро дар экран дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё ҳангоми тамошои мундариҷаи мултимедиявӣ гирд оваред, менависад iz.ru.

Дастгоҳ инчунин бо камераи "ақлӣ" муҷаҳҳаз шудааст. Он сифати аксбардориро беҳтар мекунад ва алгоритмҳои махсус барои таҳрир кардани акс кумак мекунанд.

Ба гуфтаи ширкаткунандагони бозор, ширкати Куриёи Ҷанубӣ Apple-ро таъқиб мекунад. Бинобар ҷамъбасти соли 2023 Samsung пешсафияти худро дар фурӯши смартфонҳо дар ҷаҳон аз даст дод.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: