НОМАҲОИ САРШОРИ ЁДУ ИХЛОС

Пешаи рӯзноманигорӣ баробари душвориҳои зиёд, пайроҳаҳои пурпечутоб доштанаш имконоти фаровонеро барои соҳибаш мушарраф месозад, то дар сафарҳо рангиниву шириниҳои ҳаётро бубинаду аз онҳо лаззат бубарад, дар суҳбати афроди соҳибназар бошаду аз замзамаҳои дарси муҳаббати бузургворон баҳраманд бошад.

Чанде қабл китоби «Армуғон»-и  рӯзноманигор, узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, муҳаррири бахши мактаб ва маънавиёти «Овози тоҷик» Саодат Рӯзиева (Бекназарова) ба воситаи дӯстам, дотсенти кафедраи забони тоҷикии донишгоҳамон Зоҳидҷон Деҳқонзода ба дастам расид. Аз мутолиаи аввалин саҳифаҳои китоб равшан аст, ки он фарогири хотираҳои нотакрору ҷаззоби зиндагонӣ дар деҳот, мақолаҳои маҳсули сафару боздидҳо, очеркҳои муаллиф мебошад, ки бо забони ширину гуворои тоҷикӣ ба қалам омадаанд. Баробари ин, аз китоб чанд ҳикояи муаллиф, тарҷумаи ҳикояҳои адибони муосири ӯзбек ҷой гирифтаанд. 
Вақте дар сайргоҳи хотироти хеш нависанда ва журналист ба сафар меравад, рӯзгори душвори бачагӣ, мушкилот дар таҳсил, зимистонҳои тӯлонии пурбарф ва роҳи дарозро тай намудани бачагон барои хониш ба хотир оварда, онро бо замони имрӯз муқоиса мекунад. Чӣ қадар инсонҳои он рӯзгор новобаста ба мушкилоти зиндагонӣ бо ҳамдигар меҳрубон ҳастанд. Мушкилот то чӣ андоза инсонҳоро ба ҳам қарин месозад, ки ба қавли нависанда онҳо бо апаи Турдигул ва Ашургул (ёдашон ба хайр!), Қандигул, Тоҷигулу Шарбат апаву хоҳар барин мешаванд. Беҳуда ин ҳикояи кӯтоҳи хешро Рӯзиева «Хонаи гарми меҳр» наномидааст, зеро вақте унвони онро хонанда мутолиа мекунад, хоҳу нохоҳ ба андеша меравад, ки ин хонаи кӣ бошад? Ин хонаи кӯдакии муаллиф аст, ки аз баракоти иноят ва лутфи беандозаи падари бузургвораш он ба хонаи гарми меҳр бадал шудааст. 
Дар охири ҳикояти хотирарез муаллиф шукрона аз замони истиқлол мекунад, ки  симои деҳаи дурдаст дигаргун шудааст ва ҳоло онро хонаҳои хушсохти замонавӣ, боғҳои сарсабзу хуррам оро медиҳанд ва аммо нуктаи ҷолиб ва қобили таъкид он аст, ки ҳамеша ӯро ҳамон «хонаи одии бомаш барфпӯш, ки  бо оташи меҳри момо, падару модар ва хоҳару бародаронам ҳамеша гарм буд, ба сӯи деҳа мекашонад ва ҳамон самимияти зебоиҳои нотакрор оташи меҳрро ба дилҳо менишонад».
Ҳарчанд муаллиф кӯшидааст, ки бо шеваи баёни публитсистӣ матлабҳои хешро ба қалам оварад, падидаҳои нодири эҷоди бадеӣ, ки вуҷуди нигоранда аз онҳо саршор аст, ҷаззобияти сабки иншои ӯро чун услуби баёни ёддоштҳои бадеӣ марғуб гардонидааст.  Дар ҳикояи кӯтоҳи «Бачагӣ гӯё буду гӯё набуд», ки аз мисраи шеърии устод Лоиқ унвони он баргузида шудааст, ҳамин назокати баён эҳсос мешавад. Тасвири манзараи кӯҳсори деҳаи Эҷ – зодгоҳи муаллиф, садои мурғакони баҳорӣ ва бузу бузғолаҳо дар доманаҳои кӯҳсор, зиндагонии зебои деҳот, дар баҳорон чидани ҳулбӯву ҷағ-ҷағ ва пухтани самбӯса чӣ лаззате дорад, ки навори хотираҳои муаллиф ин лаҳзаҳоро дар оинаи хаёл ва қоби тассаввур самимона ҷилварезӣ мекунад. Муҳимтар аз ҳама, қудрати суханофаринии нависандаи китоб манзараҳои айёми кӯдакиву наврасиро хеле зебо рангомезӣ намудааст. Фалсафаи ин ҳама тасвирҳоро, ки гоҳо то ҷилварезии наврӯзу баҳору ид давом мекунад, дар як ҷумлаи ҳакимона ва шореҳи ҳақиқати умр ҷамъбаст кардааст. Ӯ ин ҳама тасвирҳоро танҳо ба хотири ёдоварӣ аз як лаҳзаи зиндагонӣ ба қалами таҳрир дарнамеоварад, балки бо ёдоварӣ аз онҳо ба инсонҳои дигар ҳушдор медиҳад, ки «Аҷиб, ҳар сол баҳор меояд, табиат аз нав зинда мешавад, вале баҳори умри одамӣ дигар барнамегардад.Танҳо дар хобу хаёл мебинед, ки дар баҳори бачагӣ – деҳаи баҳороғӯши зодгоҳ гаштугузор доред».
Ёдномаҳои муаллиф низ дар худ нукоти ҷолибе, қиссаҳои дилангезе, асрори тозамакшуфе доранд, ки барои шинохти таърихи диёри хеш муҳиманду арзишманд. Хосатан, қиссаҳои ёддоштии ӯ дар бораи падар, ҳамчун омӯзгори тарбиятгар қобили таваҷҷуҳанд, ки дар баробари ташреҳи достони зиндагонии ибратомӯзи марди маърифатпарвар, саҳифаҳои нотакрори ёру диёрро ҷилварезӣ мекунанд. Сафари ҳунарманди бузург ва беназири халқи тоҷик устод Ҷӯрабек Муродов ба деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато ҳамроҳ бо Афзалшоҳ Шодиев, Мастона Эргашева ва Малика Қаландарова аз ҷумлаи саҳифаҳои таърихиест, ки дар хотираҳои пуробуранги Рӯзиева ҷилвагар аст. Аз ҷумла ин суханони устод Ҷӯрабек Муродов дар бораи падари ӯ на танҳо як лаҳзаи фаромӯшнашуданӣ дар ҳаёти худи вай ва пайвандонаш, балки шинохти зиндагонии ин устоди ҳунар низ ҷовидона нақш мебанданд: «Ҳамон шаб баъди базм устод Ҷӯрабек гуфта буд: «Дар бисёр нишасту рӯзҳои хурсандии мардум хидмат кардем, баъзан бетартибии тамошобин, ҳаёҳуи бачаҳо ба мо халал мерасонанд. Маҳорату сухандонии муаллим Ӯзбакбой Рӯзиев буд, ки то саҳар бароҳат  суруд хондем».
Ёддоштҳо дар бораи модар  ҳам басо рангину ҷолиб ба қалам омадаанд. Яке аз чунин хотираҳо, ки дар меҳвари он симои модар қарор гирифтааст, «Дар сари гаҳвораам  шабзиндадорам, модарам» ном дорад. Тасвири симои модар, нонпазиву дар деги калон хӯрок пухтани ӯ, гову буз ҷӯшидан, «досро гирифта барои алафдаравӣ ба боғ фаромадан», кирмакпарвариву гилембофиҳои ӯ нақлҳои самимонаи муаллифро бисёр пуртаъсир намудаанд. Хосатан, вақте аз маҳорати пазандагии модар ёд меорад, зимнан номи анвои хӯрокҳои миллиро ёдовар мешавад, ки воқеан, имрӯз аксари онҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд.  
Дар хотираҳои ҷаззобу саршори самимият низ ҳузури шахсиятҳои бузурги илму адабиёт нақши муҳим доранд. Дар ин хотираи рӯзноманигор ба меҳмонии хонаи муаллиф рафтани фолклоршиноси маъруфи тоҷик Баҳром Шермуҳаммадов нақл шудааст, ки бешак як саҳифаи нодири таърихии на танҳо деҳа, балки таърихи фароҳамоварии маводи адабиёти шифоҳии тоҷикон ба шумор меравад. Муаллиф ин воқеаро чунин ба қалам овардааст: «Дар ёдам, адиб ва фолклоршиноси тоҷик Баҳром Шермуҳаммадов ба хонаи мо меҳмон шуд. Рӯзона аз эҷодиёти даҳонакии мардуми Эҷ мавод ҷамъ мекарду  шабона то поси шаб бо падарам суҳбат меорост. Адиб ба дасторхони густурдаи модарам нигоҳ карда «янга соҳибкор будаанд» гуфта, баҳо дода буд. Имрӯзҳо низ дар деҳаҳои қаторкӯҳи Нурато занони соҳибкору сариштакору меҳнаткаш зиёданд». Дар ин ҷо эҳсос мешавад, ки дар гуфтори мардуми маҳал вожаи «соҳибкор» ба маънии каси соҳиби пешаи хосе, ҳунарманд, яъне соҳиби ягон ҳунар ё касб ба кор мерафтааст, ки онро муаллиф хеле ҳунармандона дар навиштаҳои хеш истифода намудааст. Ин дар ҳолест, ки имрӯз вожаи мазкур маънии нав ба худ касб карда, барои ифодаи нафаре, ки ба тиҷорат, иҷрои коре баҳри даромад машғул аст, ба кор меравад.  
Дар баробари ин, дар таркиби ҳамин хотираи мавриди таҳлил, инчунин хотираҳои дигари адиб, ҷой гирифтани унсурҳои фолклори тоҷикони ин диёр, аз ҷумла аз забони модар тавассути «таберок» (доира) суруда шудани намунаҳои эҷодиёти шифоҳӣ, шарҳи расму оинҳои хоси маросимҳои арӯсӣ чун никоҳ, арӯсбиёрон, оинҳои хоси Наврӯз ба амсоли ин то андозае пажӯҳишҳои мардумшиносии муаллифро шарҳу тафсир мекунанд. Хосатан, вақте оинҳои марбут ба ҷашни арӯсии мардуми диёри хешро тафсир мекунад, руҷуи муаллиф бо фармудаҳои китоби «Ақоид-ун-нисо»-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ тақвияти ҷанбаҳои илмии навиштаҳои нависандаро собит месозанд ва аз огоҳиҳои мукаммали ӯ дар робита ба масъалаҳои дорои аҳамияти мардумшиносӣ паём мерасонанд.
Баҳсу баррасии арзишҳои адабии ҳикоёте, ки аз адибони ҳамзамони хеш чун Муяссар Тилабова, Ғафур Шермуҳаммадов, Гулчеҳра Сотиболдиева, Ҳалима Аҳмедова ва дигарон тарҷума намудааст, мавзӯи алоҳидаест, ки як самти муҳими фаъолияти рӯзноманигорро тақозо дорад. Забони шевои тарҷумаҳои анҷомёфта чун навиштаҳои саршори самимияти муаллиф худ гувоҳи он аст, ки дар баробари рӯзноманигори чирадаст ва соҳибқалам будан, Саодат Рӯзиева симои як нависандаи хубу соҳибҳунарро ба воситаи нашри ин китоб ба хонандагони тоҷик манзур кардааст. Навиштаҳои муаллиф аз ҳар ҷиҳат қобили аҳамиятанд. Забони хуби саршор аз вожагони ноб, мафоҳими ифодакунандаи унсурҳои фарҳанги мардум, расму оинҳои тоҷикони Нурато, истилоҳоти хоси мардумшиносӣ ва фарҳанги шифоҳӣ ва амсоли ин аз ҷониби дигар ба ғанои забонии навиштаҳои адиб таъсири матлуб гузоштаанд.  Китоби «Армуғон», бегумон, ҳадяи маънавии танҳо муаллифи он нест, балки армуғони тоҷикони Нурато ба хонандаи тоҷик, адабиёти миллӣ, забони ноби тоҷикӣ аст, ки дар оянда баҳри ғанои фарҳанги миллӣ баҳраҳои афзун бардошта хоҳад шуд. 

Нуралӣ НУРЗОД, 
доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров.
Зоҳид ҚӮРҒОНОВ, 
номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: