НАҚШБАНДИХОНӢ БАРГУЗОР ШУД

Дар Маркази маҷмӯи ёдгории Баҳоуддини Нақшбанд бо ҳамкории намояндагии вилояти Бухороии Идораи мусалмонони Ӯзбекистон ва Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон ҷамъомади навбатии илмиву амалии ҷумҳуриявии нақшбандихонӣ бахшида ба мавзӯи «Аҳамият ва нақши тариқати Нақшбандия дар эҳёи дуюми шарқи мусалмонӣ» баргузор шуд.

Дар Маркази маҷмӯи ёдгории Баҳоуддини Нақшбанд бо ҳамкории намояндагии вилояти Бухороии Идораи мусалмонони Ӯзбекистон ва Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон ҷамъомади навбатии илмиву амалии ҷумҳуриявии нақшбандихонӣ бахшида ба мавзӯи «Аҳамият ва нақши тариқати Нақшбандия дар эҳёи дуюми шарқи мусалмонӣ» баргузор шуд.

Дар ҷамъомад намояндагон аз Кумитаи оид ба корҳои дини назди Девони Вазирон, Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон, Идораи мусалмонони Ӯзбекистон ва устодон аз муассисаҳои таълими олии гуногуни ҷумҳурӣ иштирок карданд.
Ба кори ҷамъомад сармуҳаррири маҷаллаи «Нақшбандия» Султонмурод Олимов ҳусни ифтитоҳ бахшид. 
Тавре ки дар ҷамъомад таъкид гардид, тариқатҳои «Нақшбандия», «Кубравия», «Яссавия», ки дар сарзамини мо ба вуҷуд омада буданд, ғояҳои бузург – инсонпарварӣ, меҳнатдӯстӣ, меҳру шафқат, адлу инсофро тараннум мекарданд. Аз байни онҳо тариқати Хоҷагон–Нақшбандия аз замони пайдоиш (асри ХIV) то ҳоли ҳозир аҳамият ва нақши худро гум накардааст.
Асосгузори тариқати Нақшбандия–Хоҷа Баҳоуддини Нақшбандӣ дар назди мусалмонони дунё, бахусус, мардуми мо эҳтироми зиёд дорад.  Онҳо «Баҳоуддини балогардон» гӯён ба ин шахси бузург эътимод доранд.
Вақте сухан дар бораи нақши тариқати Нақшбандия дар эҳёи дуюми Шарқи мусалмонӣ рафт, таъкид гардид, ки донишмандон ва намояндагони давлатии асри ХV-и Осиёи Марказӣ аз таълимоти Нақшбанд васеъ истифода бурданд ва тарзи ҳаёти худи ӯ, ки бо меҳнати ҳалол рӯз мегузаронду ёфту тофташро аз ғарибу мискинон дареғ намедошт, барои ҳама ва ҳамеша намунаи ибрат мебошад.
Дар ҷамъомад маърӯзаҳое, ки таҳти мавзӯи «Пайдоиш ва рушди тариқати тасаввуф дар Бухоро», «Пешсафи авлиё», «Масъалаи муносибат ба шариат дар тариқати Хоҷагон – Нақшбандия», «Эҷодиёти бадеии пирҳои Нақшбандия», «Махдуми Аъзам дар хусуси чаҳор калима оиди манбаи Нақшбандия», «Туҳфат-уз-зоирин» – манбаи муҳим доир ба шайхҳои тариқати Нақшбандия», «Аҳамияти маънавиву маърифатии муносибат ба мероси ҳафт пир», «Хоҷа Муҳаммад Порсо – назариётчии бузурги тариқати Нақшбандия», «Ҷиҳатҳои вобастагии тасаввуф бо санъати хаттотӣ», «Фаъолияти мактаби тасаввуф дар Бухоро», «Нақшбандия – ба сифати маҳсули мактаби тасаввуфи Бухоро» шунида шуд, ба иштирокдорон таассуроти зиёд гузошт.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: