ЁДИ ИНСОНИ НЕК

Ба муносибати 130-солагии зодрӯзи донишманди маъруфи тоҷик Тӯрақул Зеҳнӣ

Тӯрақул Нарзиқулов – мутахаллис ба Зеҳнӣ яке аз чеҳраҳои илму адаби Самарқанд ба шумор меравад. Ӯ моҳи апрели соли 1892 дар деҳаи Галаосиёи Самарқанд ба дунё омада, аввал дар мадрасаи Тиллокорӣ, сипас дар курси яксолаи омӯзгорӣ таълим гирифт. Баъди хатми он ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохт. Ӯ аз солҳои 20-уми асри ХХ ба майдони илму адаб қадам гузошт ва дар ташкили рӯзномаю маҷаллаҳои нахустини тоҷикӣ: “Овози тоҷик”, “Бедории тоҷик”, “Раҳбари дониш”, таълифи китобҳои дарсӣ дир ба сарфу наҳви забони тоҷикӣ саҳми назаррас гузошт. Дар ин ҷода аз пайравони устод Айнӣ буд. Тӯли солҳои 1936-1945 ӯ дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Самарқанд ва Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон аз забони форсӣ дарс гуфтааст.
Мутаассифона, ин марди соҳибмаърифат низ дучори тӯҳмату дасисабозиҳои нотавонбинон гардида, умраш муддате дур аз ватан, дар маҳбасҳои Сибиру Қазоқистон сипарӣ гардид. Ниҳоят ӯ ба озодӣ баромада, аз солҳои 50-ум то поёни умраш дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба ҳайси ходими адабӣ як қатор асарҳои илмӣ офарид ва сазовори дараҷаву унвонҳои илмӣ гардид. Бахусус, асари пурмуҳтавои ӯ “Санъати сухан” дар омӯзиши таърихи суханварӣ ва санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷик таълифоти пурбаҳоест. Зеҳнӣ ҳамчун донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ бо эҷоди бадеӣ ва тарҷума низ машғул шудааст. 
Устод Зеҳнӣ гарчи аз солҳои 50 дар Душанбе зиндагӣ мекард, аз Самарқанд дур набуд. Ҷавонону духтаронеро, ки аз Самарқанд ба Душанбе барои таҳсил мерафтанд, дастгирӣ мекард. Худаш низ тез-тез ба Самарқанд омада, дар бахши суханшиносии тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз санъати бадеӣ дарс мегуфт, бо дӯстонаш дар мулоқоту суҳбатҳо мешуд, ба эҷодкорон маслиҳатҳои муфид медод.  
Бо дархосту пофишории як гурӯҳ равшанфикрон соли 1963 дар радиои вилоятии Самарқанд шуъбаи тоҷикӣ таъсис дода шуд. Равоншод Салим Кенҷа, инҷониб, Муайяна Хоҷаева ва Азиза Юсуфова кормандони бахши тоҷикӣ будем. Хушбахтона, чанд нафар мухбирони фаъол низ доштем, ки яке аз онҳо Фарҳод – писари Тӯрақул Зеҳнӣ буд. 
Рӯзе баъди таҳияи гуфторҳо тараддуди баргаштан доштам, ки акои Фарҳод ҳарсосзанон ба утоқи корӣ даромада гуфт:
– Хайрият, шуморо дар ҳамин ҷо пайдо кардам, вагарна лозим меомад, ки ба хонаатон равам.
Аз гуфтораш маълум буд, ки аз чизе хурсанд аст.
– Ҳа, тинҷӣ, Фарҳод?
– Муждагонӣ медиҳед.
Сари роҳ акои Фарҳод гуфт, ки падараш аз Душанбе омадаасту шуморо дидан мехостаанд. Дар маҷаллаи «Машъал» ҳикояам чоп шуда будаасту он кас бо ман мулоқот карданӣ будаанд... 
Ин хабар, албатта, маро хурсанд кард.
Дар хона устод сари дасторхон дар даст маҷаллаи «Машъал» моро истиқбол намуданд.
– Ана ҳамин кас муаллифи ҳикоя – Мулло Аслиддин, – маро ба устод шиносонд акои Фарҳод.
Устод Зеҳнӣ маро бо нашри ҳикояи “Дар лаби ҷар”, ки дар журнали мактабиёну наврасон “Машъал” (шумораи 5, моҳи майи соли 1963) чоп шуда буд, табрик намуда, нусхаи онро, ки дирӯз аз Душанбе овардаанд, ба ман доданд. Ба устод барои лутфу марҳаматашон арзи сипос намудем. Суҳбатамон сари як пиёла чой қӯр гирифт. Устод ба таърифи устодони донишгоҳ Талъат Абдуҷабборов, Раҳмон Эгамбердиев, Мирсафо Атоев сухане чанд гуфтанд. Номи устод Мардонқул Муҳаммадқуловро низ ба забон гирифтанд. 
Рӯзи дигари ин суҳбат ман ба Мардонқул Муҳаммадқулов хабари бо Зеҳнӣ вохӯрданам, дар хонаашон меҳмон шуданам ва аз он кас ба дастам расидани шумораи нави журнали «Машъал»-ро расондам. Устод Мардонқул Муҳаммадқулов гуфтанд: «Хуб мешуд, ки он касро ба хона биёред». Ташнаи суҳбати аҳли адаб, ки будам, ин хабарро фавран ба домулло Зеҳнӣ расонидам. 
Устод Мардонқул дар хона моро хеле хуш пазируфтанд. Бо устод Зеҳнӣ мисли додару бародар оғӯш кушода вохӯрданд. Ҳини суҳбат маълум гардид, ки устод Мардонқул баъди чанд духтар ҳамон рӯзҳо писардор шуда будаанд ва номи писарашонро бо маслиҳати Мирзо Турсунзодаю Боқӣ Раҳимзода Сӯҳробҷон гузошта будаанд. Ба шарафи таваллуди Сӯҳробҷон зиёфат олиҷаноб шуд. Домулло Зеҳнӣ суҳбатро бо суханони гарму нарм тафсониданд...
Бо дархости падарам, баъди чанд рӯз устод Мардонқул бо домулло Зеҳнию акои Фарҳод меҳмони хонадони мо низ шуданд. Бо падарам суҳбат ороста, ёди овони шубоб карданд. Камолоти моро орзу карда даст ба дуо бардоштанд.
Тирамоҳи ҳамон сол дар Душанбе курс-конференсияи адибони ҷавон барпо гардид. Бо ташаббус ва саъю эҳтимоми Мардонқул Муҳаммадқулов, ки он вақт масъули шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагон буданд, аз Самарқанд Болта Ортиқов, камина ва Бекназар Аҳмадов ба ин анҷуман даъват шудем. Инҷониб бори аввал ба Душанбе сафар мекардам...  
Бегоҳии ҳамон рӯз дар меҳмонхонаи ҳамон вақтҳо машҳури “Вахш” моро ҷойгир карданд. Устод Зеҳнӣ омада моро ба хонаашон бурданд ва то бевақтии шаб суҳбатамон дар сари хони зиёфат тасфид. Ман минбаъд низ борҳо меҳмони хонадони устод Зеҳнӣ шудаам.
Устод Зеҳнӣ дар аксар вохӯриҳо таъкид мекарданд, ки муҳити адабии Самарқандро пойдору мустаҳкам гардонем, анъанаҳои ниёгонро пос дорем. Худашон изҳор мекарданд, ки нияти тартиб додани тазкираеро доир ба адибони Самарқанд доранд. Ва ин тазкира, ки бо ҳамқаламии профессор Садрӣ Саъдиев навишта шуда буд, соли 1970 ба муносибати ҷашни Самарқанд бо номи “Суханварони Сайқали рӯйи замин” дар Душанбе нашр шуд. 
Тирамоҳи соли 1980 устод Мардонқул Муҳаммадқулов нобаҳангом аз олам чашм пӯшиданд ва ин хабари машъум қалби дӯстону шогирдонро ба ларза даровард. 
Хабари марги устод дили Зеҳниро низ андӯҳгин кард. Ва он кас ба ин муносибат марсияи пурэъҷозе эҷод карданд, ки ин аст:
Ба худ гуфтам, ки Мардонқул
 дареғогӯйи ман бошад,
Дареғо, ман шудам акнун 
дареғогӯйи Мардонқул.
Ҳамеша будаам дар хонаву 
бӯстонсаройи ӯ
Ҳазор афсӯс, дар охир надидам 
рӯйи Мардонқул.
Чунин як шахси олиҳиммату
 хушхулқу меҳнатдӯст
Набуда ҳеҷ гоҳе кас ба хулқу 
хӯйи Мардонқул.
Дару дасторхонаш доимо бар 
рӯйи меҳмонон,
Кушода аз раъи лутфу вафо чун 
рӯйи Мардонқул.
Маро азбаски чун шогирди ҷонӣ 
буду чун фарзанд,
Ҳамеша будаам аз дил ба 
ҷустуҷӯйи Мардонқул.
Ҳазор афсӯс, аз дасти аҷал касро 
раҳоӣ нест,
Бибояд хоҳу нохоҳе равон шуд 
сӯйи Мардонқул.
Бимирад оқибат одам, 
вале монад нишон аз вай,
Зи роҳи донишу ирфону 
гуфтугӯйи Мардонқул.
Бубинам рӯйи ӯро ошкоро, 
ногаҳе бинам,
Сӯйи себу анору нок ҳам олуи 
Мардонқул.
Агар чанде маро умри дарозе гашт 
дар қисмат,
Пас аз чанде шитобон меравам 
паҳлӯи Мардонқул.
Аз ӯ мондаст фарзандони 
хушодобу хушахлоқ,
Саробон бод онҳоро ҳамон бонуи 
Мардонқул.
Ба фарзандони ӯ хоҳам шикебоию 
оромӣ,
Хусусан аз барои ҳамсараш 
дар кӯйи Мардонқул.
Бигуфта чанд байте марсия
 устоди ӯ Зеҳнӣ,
Бихонад кас, ба ёд орад, 
марову рӯйи Мардонқул.
Ҳазор афсӯс, ки баъди чанде – 10 апрели соли 1983 дар синни 91 худи устод Зеҳнӣ низ ин дунёро падруд гуфтанд. Равонашон шод бод, инсони биҳиштӣ буданд. 
Бале, шайх Саъдӣ беҳуда нафармудааст:
Зиндаи ҷовид монд, 
ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда
 кунад номро.
То ҳанӯз аҳли илму адаб устодро ба некӣ ёд мекунанд.

Аслиддин ҚАМАРЗОДА, 
Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: