НАҚШИ МАКТАБ ДАР ЭҲЁИ «АЛЛА»

Дар се-чор соли охир эътибор ба низоми таълими муаассисаҳои таълими томактабӣ, миёна, миёнаи махсус ва олӣ пурзӯр гардид.

. Таълими 11-сола аз нав ҷорӣ карда шуд. Қарор ва фармонҳое, ки аз ҷониби сарвари мамлакат дар соҳаи таълим ба имзо расидаанд, далели ин гуфтаи мост. Иҷрои онҳо, бешубҳа, сатҳи таълим ва тарбияро ба зинаи нав мебардорад.
Мактаб даргоҳест, ки дар он, баробари ба насли ҷавон таълиму тарбия додан, дарси зиндагӣ низ омӯзонда мешавад. Роҳбари давлат ба эҳёи урфу одат ва арзишҳои милливу умумибашарӣ эътибори алоҳида медиҳад.
Дар ин навишта ман мехоҳам дар бораи суруди «Алла», ки аз беҳтарини сурудҳост, фикру мулоҳизаҳоямро бо хонанда ба ҳам бинам.
«Алла» як ҷузъи эҷодиёти даҳонакии халқ мебошад. Намунаҳои беҳтарини онро бибиҳои дуру наздики мо эҷод кардаанд.
Хату китобат ва мактаб дар замонҳои қадим ҳам вуҷуд дошт. Шоирон девонҳои шеъриашонро тартиб медоданд, котибон бо  китобати қиссаҳое мисли «Ҳазору як шаб», «Синбоднома» машғул мешуданд. Вале дар баробари адабиёти хаттӣ, фолклор низ ривоҷу равнақе дошт. Модарон тифлонашонро бе суруди «Алла» намехобонданд.
Баъд аз он ки телевизору радио, китобчопкунӣ ва мактабҳои типи нав ба ҳаёти халқҳои мо ворид гардид, мисли байти ғазалгӯӣ, суруди «Алла» ва аллагӯйии модарон низ ба оҳистагӣ аз байн рафт. Воситаҳои электронӣ доираи эҷодиёти даҳонакии халқро тангтар карданд. Ба мушоҳида мерасад, ки имрӯз модарони ҷавон кӯдаконашонро бо суруди «Алла» намехобонанд. Мутахассисон натиҷа гирифтаанд, ки кӯдак ҳанӯз дар 7-8 моҳагӣ дар батн аз суханони лутфомези модар баҳра мебарад. Бале, садои модар барои тифл мисли шир ва бӯю сурати ӯ таъсиргузор аст. Ба мушоҳида гирифтаем, ки агар ба кӯдак зани бегона «Алла» гӯяд, ба осонӣ хобаш намебарад. Дар куҷое хонда будем, ки ин суруди саригаҳворагӣ ба фарзанди писарӣ нерӯ, ба фарзанди духтарӣ ҳаё мебахшад.
Боре дар хонаи як хешам дидам, ки телефони дастии ӯ дар чӯби гаҳвораи тифлаш овезон аст. Вақте сабабашро пурсидам, гуфт ки дар телефон суруди «Алла» сабт кардааст:
Гуфтам:
– Чаро худат «Алла» намегӯӣ?
Гуфт, ки ягон суруди «Алла»-ро аз ёд намедонад. Аввалҳо ба осонӣ хобаш намебурд. Ҳоло ба «Алла»-и телефон одат кардааст. Дар ин миён чанд корамро анҷом медиҳам...
Вақте ки аз зарари телефон, радиатсия паҳн кардани он гуфтам, пушаймон шуд.
Қавл дод, ки суруди «Алла»-и беҳтаринеро аз ёд мекунад.
Оре, «Алла» суруди навозишест, ки модар ҳангоми хобондани кӯдак гаҳвораро нармак-нармак ҷунбонда бо садои маҳин мехонад.
Тавассути ин суруди оромбахш модар меҳру муҳаббат, таманнову орзуҳои худро нисбат ба фарзанди навзодаш баён месозад. Модарон дуо мекунанд, ки дунё ором бошаду кӯдакон сиҳату саломат ба воя расанд, соҳиби илму ҳунар гарданд.
Ба ин пора диққат диҳед, ки аз дили модар берун омадааст:
Кабки мастам, аллаё,
Зеби дастам, аллаё.
Шири ман ошат шавад,
Ширмастам, аллаё...
Бо назардошти ин ҳама пешниҳоде доштам. Ҳоло дар мактабҳо баъзе фанҳо, мисли технология, гигиена ба писарону духтарон дар алоҳидагӣ омӯзонда мешавад.
Агар дар мактабҳо мазмуну моҳияти суруди «Алла» низ дар алоҳидагӣ ба духтарон омӯзонда мешуду барои аз ёд кардан ба онҳо беҳтарин сурудҳои «Алла» пешниҳод мегардид, «Ал-ла»-гӯӣ ба анъана табдил меёфт, модарони ҷавон ин вазифаро ба зиммаи телефонҳои дастӣ намегузоштанд.

Тошбика ҚАЗОҚОВА, 
омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи
таълими ҳамагонии рақами 9-уми ноҳияи Сайҳунобод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: