КИТОБХОНАҲОИ БЕКИТОБ

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар чандин суханрониву муроҷиатномаҳои худ ба халқи кишвар зарурати ислоҳоти соҳаи таълимро таъкид сохта, сифатан беҳбуд бахшидани онро яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа арзёбӣ намуда буд.

Ин аст, ки соли 2023 – «Соли гиромидошти инсон ва таълими босифат» унвон гирифт ва ба шарафи он барномаҳои махсусе рӯи кор омаданд, ки ба такмили соҳаи таълим нигаронида шудаанд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки як қатор мушкилот дар мактабҳои таълимашон ба забони тоҷикӣ ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мондаанд, ки сифати таълимро дар дабистонҳо халалдор месозанд.
Яке аз ин мушкилҳо набудани китобҳо ба забони тоҷикӣ дар мактабҳо мебошад, ки мутаассифона, аз ҷиддияти он андеша намекунанд. Манзури ман китобҳои дарсии таълимӣ нест. Чунин мушкил дар ибтидои солҳои истиқлоли ҷумҳурӣ вуҷуд дошт ва идороти мутасаддӣ бо тарҷума ва нашр намудани китобҳои оид ба фанҳо талаботи мактабҳои тоҷикиро як навъ қонеъ сохтанд. Сифат ва тарзи тарҷумаи он китобҳо мавзӯи дигарест. Дар ин навишта мехоҳем, ки набудани китобҳои бадеиро дар китобхонаҳои мактабҳои тоҷикӣ ба таҳлил гирем ва аз паёмадҳои он сухан ба миён гузорем.
Дар китобхонаҳои мактабҳои миёнаи таълимашон ба забони тоҷикӣ адабиёти бадеии ба забони тоҷикӣ хеле камёфт мебошанд ва дар ҳақиқат боиси нигарониҳо аст. Китобхонаҳои баъзе мактабҳои тоҷикӣ як номгӯй ҳам адабиёти бадеии тоҷикӣ надоранд ва ин вазъи риққатовар ба дили кас хеле сахт асар мекунад. Бояд таъкид кард, ки ин як хулосаи сарироҳӣ набуда, андешаест, ки пас аз омӯзишҳои бардавом ва дидору мулоқот дар мактабҳои тоҷикии вилоятҳои Қашқадарёву Сурхондарё ба вуҷуд омадааст. Мактабҳои тоҷикӣ адабиёти бадеӣ доранд, аммо на ба забони тоҷикӣ! 
Ҳар гоҳе бо хонандагони мактабҳои тоҷикӣ дар хусуси китобу китобхонӣ суҳбатҳо меоростем, аз набудани китобҳои бадеӣ ба забони модариашон шиква мекарданд. Албатта, дар ҳама мактабҳо ду-се (!) номгӯй китобҳои бадеӣ ҳаст (дар баъзе дабистонҳо як номгӯй ҳам китоби бадеии тоҷикӣ нест!), аммо оё «ин ду-се гул баҳор меорад»?! Дар китобхонаи мактаб ба забони тоҷикӣ вуҷуд доштани ин миқдор китоби бадеӣ худ далели сарафкандагист! Ин на ба шаъни тоҷикон зебанда аст, ки аз миллатҳои китобхони ин марзбум ҳастанд ва на ба шӯҳрати Ӯзбекистони Нав мувофиқат мекунад, ки дар ин авохир бунёдашро мақсаду мароми аввалиндараҷаи худ қарор додаем.
Чанде пеш аз ҳоли ҳашт мактаби тоҷикии ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё воқиф гаштаву бо вазъи китобхонаҳои онҳо шинос гардидем. Ин дабистонҳо дар мавзеи саросар тоҷикнишини Боғучорбоғи ноҳия ҷой гирифтаанд. Дар байни ин ҳашт дабистони тоҷикӣ танҳо китобхонаи мактаби рақами 47 «ғанитар» аст. Се-чор сол қабл аз ин дар вақти мулоқот бо мардум муроҷиати омӯзгоронро ба инобат гирифта, ҳокими вилояти Қашқадарё даҳҳо номгӯй китобҳои бадеии тоҷикиро туҳфа кардааст, ки аксари онҳо дар нашриётҳои кишварамон рӯи чопро дидаанд. Дар боқии мактабҳо вазъ хеле риққатовар аст. Раҳбарони мактабҳо намехоҳанд, ки рӯзноманигорон аз китобхонаи мактаб суоле ба миён оваранд. Шояд медонанд, ки ин маскан ҷуз муаммо пешрафте надорад. Ин аст, ки дар аксар маврид набудани китобдорро баҳона мекунанд ва аз нишон додани китобхона сар мепечанд.
Аз чӣ боис аст, ки идораҳои мутасаддӣ чун Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ, шуъбаҳои вилоятиву ноҳиявӣ дар ҳалли ин мушкилӣ аз паси панҷа менигаранд. Ҳар гоҳе дар ин бора меандешам, дилам фишурда мегардад ва ба ҳоли хонандагони мактаб раҳмам меояд. 
Адабиёт инсони комилро тарбият мекунад ва вазифаи муҳими он ҳам дар ҳамин ҷамъбаст гардидааст. Аз насли наврасу ҷавонони имрӯз, ки ба далели умуман дастрас набудан китобҳои бадеии тоҷикӣ намехонанд, чӣ тавр инсони комилу хушзавқу хушахлоқро мунтазир шавем?
Рӯзгоре мактабҳои тоҷикӣ адабиёти бадеии фаровоне доштанд ва он аз даврони шӯравӣ мерос монда буд. Он замонаҳо мактабҳои тоҷикии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро тибқи шартномаи тарафайни вазорати таълими халқи ҳар ду кишвар нашриётҳои Тоҷикистон бо китобҳои бадеӣ таъмин месохтанд. Аммо баъдан бо фурӯпошии давлати Шуравӣ ва касби истиқлол намудани ҷумҳуриҳои собиқ низоми ягона алоқаҳо гусаста гашт ва муносибатҳо ба сардӣ гаравида, як муддат дар соҳаи таълим ҳам сардаргумиҳо ба вуҷуд омаданд. Барои мактабҳои тоҷикии кишварамон муаллифони худӣ китобҳои дарсӣ таълиф намуданд ва аксари китобҳо аз забони ӯзбекӣ ба тоҷикӣ баргардонӣ шуданд. Ин тавр оҳиста-оҳиста муаммои китобҳои дарсӣ ҳалли худро ёфтанд. Ҳоло барои сифатан боло бурдани кайфияти китобҳои дарсӣ часпу талошҳо идома доранд. Аммо таъмини макотиби тоҷикӣ бо адабиёти бадеии тоҷикӣ бо ҳар ду пой мелангад ва дар ин самт амалан коре ба анҷом нарасидааст. Баръакс, дар замони раҳбарони пешин китобҳои бадеии мавҷуда бинобар созгор набудан ба талаботи идеологияи ҳукумати нав саросар нобуд карда шуданд. Мудири хоҷагии мактабҳо китобҳои аз шӯравӣ меросро, ки то соли 1992 ба нашр расидаанд, саросар аз китобхонаҳо берун кашида, ба корхонаҳои коркарди коғаз супориданд. Дар байни он китобҳо албатта адабиёте низ хеле зиёд буданд, ки умуман ба сиёсати давру идеологияи навини он дахле надоштанд. Аз ҷумла, китобҳои Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз, мероси гаронбаҳои Саъдии Шерозӣ ва дигарон низ буданд, аммо сад афсӯс, ки ҳама талаф гаштанд. Ин тавр китобхонаҳои пур аз китобҳои тоҷикии мактабҳои таълимашон ба забони тоҷикӣ холӣ карда шуданд ва аз он амали нанговар солҳо гузашта, кунун китобхонаҳо дигар рӯи китоби бадеиро намебинанд. 
Бояд таъкид намуд, ки мушкили таъмини китобхонаи мактабҳои тоҷикиро бо адабиёти бадеӣ ба забони миллӣ ҳарчӣ зудтар бояд ҳал кард ва соҳаи таълимро аз вуҷуди чунин муаммо, ки ҳар сонияву дақиқа чун хоре ба чашм, чун теғи заҳрогине ба қалбҳо мехалад, халос сохт. То ки сифати таълим дар мактабҳои таълимашон тоҷикӣ беҳбуд ёбад, ин муаммоҳоро, ки умри тӯлонӣ доранд, зудтар бояд ҳал кард. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: