ҒОЛИБОНИ ЛОИҲАҲОИ БУҶАИ ТАШАББУС МАЪЛУМ ШУДАНД

Дар мавсими дуюми «Буҷаи ташаббус»-и соли равон дар вилояти Фарғона 97 лоиҳа ғолиб баромада, соҳиби беш аз 122 миллиард сӯм шудаанд.

Гуфта мешавад, 3 ҳазору 390 лойиҳа дар раванди овоздиҳии «Буҷаи ташаббус» ширкат карда, 2 ҳазору 837-тои  он мавриди тасдиқи умум қарор гирифтааст. Теъдоди овоздиҳандагон 2 миллиону 782 ҳазору 376 нафарро ташкил медиҳад.
Агар ба лоиҳаҳои пешниҳодшуда ва ғолиб таваҷҷуҳ сурат гирад, фаъолиятҳои вобаста ба таъмири роҳҳои дохилӣ аз ҳама бештар аст ва дар ин замина 44 лоиҳа муваффақ шудааст. Ба дунболи он лоиҳаҳое, ки таъмири мактабҳои маълумоти умумӣ ва инкишоф додани базаи моддию техникиро мадди назар гирифтаанд ва он 14 лоиҳаро ташкил медиҳад. Дар ҷои сеюм 13 лоиҳа ҷиҳати таъмири муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва инкишоф додани базаи моддию техникии он ғолиб баромадааст.
Дар байни лоиҳаҳои ғолиббаромада 9-тои он вобаста ба насб ё таъмири чароғҳои кӯчаҳо, трансформатор, насбкунии симчӯбҳои симинтӣ мебошад. 
Аз рӯи минтақаҳо дар шаҳри Қӯқанд ин маблағ барои 8 лоиҳа 9,5 миллиард сӯм, дар шаҳри Фарғона 7 лоиҳа бо маблағи 8,6 миллиард сӯм, дар ноҳияҳои Ӯзбекистон ва Қӯштеппа 7-тоӣ лоиҳа бо маблағи ҳар кадомаш 7,92 миллиард сӯм, дар ноҳияҳои Риштон, Қува, шаҳри Марғелон 6-тоӣ лоиҳа, дар ноҳияҳои Бағдод, Бешариқ, Бувайда, Олтиариқ, Тошлоқ, Учкӯприк, Фарғона 5-тоӣ лоиҳа, дар ноҳияҳои Данғара ва Ёзёвон 4-тоӣ лоиҳа, дар шаҳри Қувасой, Фурқат ва Сӯх 3-тоӣ лоиҳа ғолиб баромадаанд.
Интизор меравад, ки тавассути ин лоиҳаҳои ғолибони «Буҷаи ташаббус»-и соли равон боз чандин муассисаҳои гуногун, роҳҳо, гузаргоҳҳои шаҳру ноҳияҳои зиёди вилоят ободу зебо мегарданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: