МИҚЁСИ ШАРОИТ ВА ИМКОНИЯТҲОЕ, КИ БАРОИ ҶАВОНОН ФАРОҲАМ ОВАРДА МЕШАВАД, ҲУДУД НАДОРАД

Шуғл бо варзиш барои саломатӣ кони фоида.

Масалан, варзиши пагоҳӣ ба шахс бардамӣ ва табъи болида мебахшад. Танҳо 45 дақиқа машқ дар ин вақт метавонад иштиёҳи истеъмоли аз ҳад зиёди  ғизоро коҳиш диҳад. 

Гувоҳи он ҳастем, ки ба ҳаётамон ворид шудани технологияи замонавӣ дурамонро наздик, мушкиламонро осон гардонд. Дар натиҷа, камҳаракатӣ, ки ба саломатии мо зарар дорад, торафт зиёд мегардад. Ин бошад, дар байни аҳолӣ ба авҷ гирифтани фарбеҳӣ, бемориҳои хуну раг, дил ва дигар аъзоҳо замина фароҳам оварда истодааст. Аз ин боис, бо ташаббуси роҳбари давлат дар мамлакатамон барои ба варзиш ҷалб намудани аҳолӣ, хусусан, ҷавонон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, корҳои тарғиботӣ беш аз пеш пурзӯр мегардад. Дар тани солим – ақли солим гуфтагӣ барин, ҳамаи ин ба таъмини ҳаматарафа баркамол ба воя расидани бунёдкорони ояндаамон нигаронда шудааст. Дар ин бора барпо гардидани майдончаҳои варзишӣ барои бачаҳо ва наврасон айни муддаост. Бахусус, қарори роҳбари давлат «Дар бораи чораҳои рушди инфрасохтори варзиш дар маҳаллаҳо ва ташкил намудани самаранок истифода бурдан аз майдончаҳои спортӣ»  ҳуҷҷати муҳим мебошад. Бино ба ҳуҷҷати мазкур, барои ғолибон ва ҷоизадорони «Олимпиадаи панҷ ташаббус», инчунин барои дастаҳои яккачини маҳаллӣ, ки дар ин минтақа инфрасохтори варзишӣ вуҷуд надорад, то соли 2030 ташкил намудани параметри умумии 5000-то майдончаи варзишии универсалӣ, стритбол ва воркаут тасдиқ карда шуд. Хурсандиовар аст, ки акнун истифода аз майдончаҳои варзишӣ барои ҳамаи шаҳрвандон бепул аст ва ҳеҷ гуна маҳдудият вуҷуд надорад. Дар худи соли ҷорӣ шумораи майдончаҳои сохташуда ба 346-то расид. Ин маънои онро дорад, дар як рӯз 54 ҳазору 888 нафар  бо варзиш машғул шавад.   Аз оғози соли ҷорӣ то ҳол ба ивази 67, 4 млрд. сӯм ҷамъ 346 майдончаҳои варзишӣ: 111 универсалӣ, 111 стритбол-воркаут, 124 воркаут сохта шуданд. Рӯйхати сохтани 103-то майдончаи варзишӣ тасдиқ карда шуд, ба 92-тоаш замин ҷудо карда шуда, дар 57-тои он корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтанд. 
Дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» низ доир ба рушди инфрасохтори варзиш дар маҳаллаҳо, барпо намудани майдончаҳои варзишии универсалӣ, аҳолиро ба варзиш давра ба давра ҷалб намудан эътибори алоҳида дода шудааст. 
Боварии комил дорем, ки ислоҳотҳои соҳаи варзиш на танҳо баҳри рушди варзиши оммавӣ ва интихоби варзишгарони боиқтидор аз байни ҷавонон  хидмат мекунад, инчунин бо воситаи варзиш насли ояндаро метавон аз таъсири иллатҳои бегона ҳифз намуд, то онҳо вақти холии худро сермазмун ва самаранок гузаронанд.

Ғайрат АБДИЕВ,
депутати
 Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.    
              

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: