Баробари фаро расидани Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён ҳама, сарфи назар аз он, ки соҳиби кадом касбу кор аст, мактабу устодони меҳрубон ва ҳамсинфони худро пеши назар оварда, ёди бачагии беғубор мекунанд.
Зеро ҳама: аз чӯпони одӣ сар карда то сарвари давлат, дар оғӯши гарми мактаб аз устодони мисли падару модар сахтгиру меҳрубон таълиму тарбия гирифта, ба воя расидаанд.
Фарқи мактабҳои сохти нав аз мактабҳои куҳнае, ки устод Садриддин Айнӣ дар повести «Мактаби куҳна»-аш тасвир намудааст, аз замин то осмон аст.
Тӯли панҷ-шаш соли охир ба муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабӣ ва олии ҷумҳуриамон аз ҷониби роҳбари мамлакат эътибори калон дода шуд. Вақте ки мо бо нишондиҳандаҳо рӯ ба рӯ меоем, рақамҳо ба назарамон як чизи одӣ менамоянд. Вале дар паси рақамҳо эътибору ғамхорӣ, маблағи калон ва меҳнати гарони тарроҳону бинокорон пинҳон аст.
Бубинед, бино ба маълумотҳои дастрасшуда, дар кишварамон миқдори муассисаҳои томактабӣ 5,5 баробар зиёд шудаанд, яъне аз 28 ҳазор адад зиёданд. Фарогирӣ ба таълими томактабӣ бошад, 70 фоизро ташкил медиҳад.
Танҳо соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлат 51 мактаби дорои таҷҳизоти замонавӣ қомат рост кард. Барилова, дар 1660 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ корҳои сохтмониву таъмир ба анҷом расидаанд, инфрасохтори 1,9 ҳазор мактаб куллан нав карда шудааст.
Бо 31 ҳазор компутери замонавӣ ҷиҳозонидани беш аз 2,5 ҳазор синфхонаҳои таълимӣ ҳодисаи хурсандибахш аст. Боз як ҳодисаи хушнудкунанда: шурӯъ аз соли хониши нав дар 137 мактаби кишвар дари синфхонаҳои фарогир боз гардидаанд. Ин имкон медиҳад, ки садҳо кӯдакони маълул савод бароранд, асосҳои фанро аз худ намоянд.
Аз ҷониби роҳбари давлат ба имзо расидани чанд қарору фармони созанда ва зина ба зина зиёд гардидани маоши омӯзгорони мактабҳо ва устодони муассисаҳои таълими олӣ низ давоми эътибору ғамхориҳо ба соҳаи мактабу маориф мебошад.
Ба фикри мо, ҷавобан ба ин эътибору ғамхориҳо омӯзгорон ва мураббиёни кишвар бояд тамоми дониш, маҳорат ва истеъдоди худро барои тарбияи насли ҷавоне, ки тайёр аст аз манфиатҳои халқу Ватан устуворона дифоъ кунад, дониш ва мавқеи мустаҳками ҳаётӣ дошта бошад, дар ҳама соҳа аз ҳеч кас кам набошад, сарф намоянд. Ин суханони роҳбари давлат: «То даме ки дар мактаб дигаргуние ба амал наояд, дар ягон соҳа дигаргунӣ рӯй намедиҳад» бояд ҳамеша дар мадди назари шуъбаҳои таълими халқ, омӯзгорону мураббиён ва маъмурияти мактабҳо бошад.
Воқеан, дигаргуниҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷамъият ба насли ҷавоне, ки дар мактабҳо ба воя мерасад, вобастагии зич дорад. Зеро онҳо агар дар мактаб асосҳои илмро пурра азхуд намуда, хуб тарбия ёбанд, дар оянда соҳиби касбу корҳои гуногун гардида ба пешрафти мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Мақсади ниҳоии роҳбари давлатамон он аст, ки дар мактабҳои Ӯзбекистони Нав Берунӣ, Хоразмӣ, Ибни Сино ва Фарғониҳои давру замон ба воя расанд. Устод Лоиқ Шералӣ низ ба ҳамин маънӣ рубоии марғубе дорад:
То чанд ту бо гузаштагон менозӣ,
Бо Рӯдакию ба Ҳофизи Шерозӣ.
Вақт аст сари минбари озоди сухан,
Хайёми дигар, Ҳофизи дигар созӣ.
Мо ба ояндаи дурахшон бовар дорем. Боварӣ дорем, ки дар мактабҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ Берунӣ, Ибни Сино, Хайём ва Хоразмиҳои нав ба воя мерасанд.
Машраб МИРЗОЕВ,
ҷонишини директор оид ба корҳои таълимии мактаби рақами 12-уми ноҳияи Оҳангарони вилояти Тошканд.