ҚӮҚАНДИ ЛАТИФ – МИЗБОНИ ҶАШНВОРАИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУНАРМАНДӢ

  • ҚӮҚАНДИ ЛАТИФ – МИЗБОНИ ҶАШНВОРАИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУНАРМАНДӢ
  • ҚӮҚАНДИ ЛАТИФ – МИЗБОНИ ҶАШНВОРАИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУНАРМАНДӢ

21-23 сентябри соли равон дар шаҳри Қӯқанд Ҷашнвораи дуюми байналмилалии ҳунармандӣ баргузор гардид.

Дар рӯзи аввали ҷашнвора  кӯчаи «Туркистон»-и шаҳр аз одам лабрез буд. Меҳмонон аз 70 мамлакати дунё, ки теъдодашон 260 нафар муаррифӣ шуд, якҷо бо намояндагони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шаҳри Тошканд ва соири вилоятҳои ҷумҳурӣ то назди дарвозаи Ӯрдаи Худоёрхон дар раҳпаймоии умумӣ ширкат карданд. Ҳар як гурӯҳ зери садои дафу доира то интиҳои раҳпаймоӣ ҳунари худро нишон медод ва завқу сурур ба по хеста, таваҷҷуҳи мардуми ду самти роҳро ба худ ҷалб мекард.
Ин раванд дар саҳни Маркази матбуоти Ҷашнвораи байналмилалии ҳунармандӣ бахшида бо роҳандозии маросими ифтитоҳи Осорхонаи ҳунармандӣ идома пайдо кард. Дар он ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров, Раиси Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандон Саад Ал Қаддуми, роҳбари Департаменти рушди иҷтимоии Маъмурияти Президент Одил Абдураҳмонов, раиси Иттиҳодияи ҷумҳуриявии ҳунарманд Улуғбек Абдуллоев, ҳокими шаҳри Қӯқанд Маъруфҷон Усмонов ширкат варзиданд. 
Табрики Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба иштирокдорони ҷашнвораи байналмилалӣ роҳбари Департаменти рушди иҷтимоии Маъмурияти Президент Одил Абдураҳмонов хонда дод. 
Ёдовар мешавем, ки ин ҷашнвора дар шаҳри Қӯқанд дар асоси Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи баргузории Ҷашнвораи байналмилалии ҳунармандӣ» аз 1 ноябри соли 2018 баргузор гардид. Бояд гуфт, ки дар соли 2019 дар нахустин Ҷашнвораи байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ 570 нафар аз 78 кишвари ҷаҳон ва 1 ҳазору 200 нафар ҳунарманди маҳаллӣ аз ҳамаи вилоятҳои кишвар ширкат варзида буданд. 
Дарвоқеъ, ифтитоҳи осорхона дар фазои мутантан ва басо пуршукӯҳ бесабаб набуд, зеро Қӯқанди латиф «Шаҳри ҳунармандони ҷаҳон» эълон шудааст ва дар масири таърих алломаҳои бузурги илму фарҳангро ба дунё овардааст. Баъди маросими лентабурӣ ин осорхона расман дари худро ба рӯи тамошобинон боз намуд.
Дар идома бо ширкати ҳокими вилоят, раиси Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандон ва дигар шахсони расмӣ, олимон, адибону аҳли фарҳанг, ҷавонон ва амсоли онҳо дар толори Театри драмаи мусиқии шаҳри Қӯқанд таҳти унвони «Таҷрибаи ҷаҳонӣ дар соҳаи ҳифз ва рушди ҳунармандии анъанавии бадеӣ» конфронси илмию амалӣ баргузор гардид. Дар шурӯи конфронс маросими муаррифии китоби «Ҳунармандии Ӯзбекистон»-и олим ва санъатшиноси маъруф Акбар Ҳакимов сурат гирифт. 
Дар конфронс ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров суханронӣ карда, таъкид намуд, ки дар доираи ислоҳоти бузурге, ки аз ҷониби Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев дар кишварамон амалӣ мешавад, ба рушди соҳаи ҳунармандӣ, ки рамзи таъриху худшиносии миллии мост, инчунин дорои анъанаҳои қадимӣ ва бой мебошад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Дар натиҷаи рушди ҳунарҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва амалӣ, ҳифзи мероси ғании фарҳангӣ ва анъанаҳои таърихии халқамон, ба ин васила барои аҳолии бекор, бахусус ҷавонону занон, имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд, то ки онҳо ба ҳунарҳои мардумӣ машғул шаванд. Ҷашнвораи дуюми байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳунармандони бомаҳорат ва маъруфи ҷаҳонро гирди ҳам овардааст, боз як мисоли таваҷҷуҳи баланд ба ин соҳа дар кишвари мост.
Шоми 22 сентябр маросими кушоиши ҷашнвора баргузор гардид, ки дар он устодони санъат барномаи консертиро намоиш доданд.
Ҳамчунин, дар баробари Ҷашнвораи дувуми байналмилалии ҳунармандӣ дар ноҳияи Риштон ҳамоиши байналмилалии кулолгарӣ баргузор гардид. Ноҳияи Риштони вилояти Фарғона аз қадимулайём маркази кулолгарӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.  
Аз таърих маълум аст, ки аллакай дар асрҳои миёна дар Риштон, ки дар чорроҳаи роҳҳои корвонӣ ва Роҳи бузурги абрешим воқеъ гаштааст, ҳунари кулолгарӣ босуръат рушд карда, ба истгоҳи асосии Роҳи бузурги абрешим ва маркази тиҷорат табдил ёфтааст. Кулолгарон усули коркарди чиниро аз Қошғар ва Эрон овардаанд. Маҳсулот ва миниатюраҳои Риштон дар байни устодони санъати ҷаҳон шуҳрати калон пайдо кардаанд. Ин аст, ки ин осори санъат, ки ба намунаҳои кулолии ҳеч як минтақа шабоҳат надоранд, дар намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои байналмилалӣ дар кишварҳои ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Лаҳистон, Шветсия, Ироқ, Эрон, Миср ва мамолики дигар ба намоиш гузошта мешаванд ва аз тарафи аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд.
Дар майдони васеи Ӯрдаи Худоёрхон ҳунармандон растаҳои ҳунармандии худро ташкил карда, маҳсулоти саноеи дастиашонро ба маърази тамошову харидорон гузоштанд.
Дар доираи Ҷашнвораи дуюми ҳунармандии Қӯқанд як қатор чорабиниҳо, мисли намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандони ватаниву хориҷӣ, конфронсҳои матбуотӣ оид ба дастовардҳои соҳаи ҳунармандӣ ва натиҷаҳои ҷашнвора, бо иштироки ҳунармандон-дизайнерҳои байналмилалӣ ва Ӯзбекистон гузаронидани дарсҳои маҳорат, намоишҳои мӯд, ярмаркаҳои мардумӣ, театрҳои лӯхтак, консерти дастаҳои фолклории вилоятҳо ва шӯъбаҳои фарҳанг, озмун дар байни ошпазҳо ва сайри ҷойҳои фарҳангию фароғатӣ низ чи дар меҳмонон ва чи дар иштирокчиёни он таассуроти хуб боқӣ гузошт.  
Гуфта мешавад, бар асоси низомномаи Ҷашнвораи байналмилалии ҳунарҳо, дар чаҳорчӯби ин ҷашнвора озмуни ҳунармандони дохиливу хориҷӣ баргузор шуда, маҳорати ҳунармандони ширкатдори ин озмунро ҳакамони байналмилалии иборат аз 7 нафар арзёбӣ мекунанд. Ба ҳайати байналмилалӣ мутахассисони баландихтисос, арбобони маъруфи санъат ва фарҳанг, олимон, муҳаққиқон, инчунин намояндагони соҳаҳои дахлдор аз кишварҳои ширкаткунанда шомиланд. Ин озмун 23 сентябр натиҷагирӣ ва ғолибони он дар маросими пӯшидашавии Ҷашнвораи дуюми ҳунармандӣ бо мукофотҳо сарфароз хоҳанд шуд. 
Бояд қайд намуд, ки намоиши маҳсули ҳунармандон ва дарсҳои маҳорати иштирокчиёнро ҳакамони байналмилалӣ дар чунин номинатсияҳо сарфароз мегардонанд: дар 5 номинатсия – «Устои беҳтарин» (ҷойи 1-ум – 7000 доллари ИМА, ҷойи 2-юм – 5000 доллари ИМА, ҷойи 3-юм – 3000 доллари ИМА), «Ҷавонтарин ҳунарманд» (2000 доллари ИМА) барои 5 ҳунарманд), «Устоди беҳтарин мактаби ҳунарӣ» (ҷойи 1-ум 5000, ҷойи 2-юм 3000 доллар, ҷойи 3-юм 2000 доллари ИМА), «Вориси сулолаи бостонӣ» (2 ҳазору 500 доллар барои 2 ҳунарманд) ва «Ҳунарманд, ки навъи ҳунари қадимиро барқарор кард» (2 мукофоти  2 ҳазору 500 долларӣ). Ғолибон бо дипломи махсус ва мукофоти дигари пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: