ҶОЗИБАИ НАВИ МАСКАНИ ТИББИИ «ҚӮРҒОНИ ВАРДОНЗЕ»

Дар деҳаи Қӯрғони Вардонзеи ноҳияи Шофиркон поликлиникаи оилавии 46-ум фаъолияти худро сар кард.

 Дар маросими кушодашавии он роҳбарону фаъолони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қӯрғони Вардонзе», собиқадорони меҳнат, духтурон, сокинони деҳа ва меҳмонон иштирок карданд
Бояд таъкид намуд, ки бунгоҳи тиббӣ мувофиқи Барномаи давлатии «Деҳаи обод» аз тарафи бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шофиркон Ҷӯинав қурилиш» дар муддати кӯтоҳ аз таъмири  мукаммал баромад. Барои ин 705 миллион сӯм маблағ харҷ гардид. Гуфтан ҷоиз аст, ки кормандони бунгоҳи тиббӣ бо сарварии духтури амалиёти умумӣ Наврӯз Наврӯзов азму кӯшиш доранд, ки ба мардум  хидмати баландсифати тиббӣ  расонанд.
Ба тадбир ҷонишини ҳокими ноҳия Акмал Қазоқов ибтидо гузошт. Таърихшинос, профессори ДДБ Шодмон Ҳаитов ба сухан баромада, дар бораи таърихи Вардонзе, аз шаҳри Бухоро дида кӯҳнатар будани ин деҳа, дилкушоду меҳмондӯст будани мардуми он ҳарф зада, аҳли Вардонзеро бо муолиҷагоҳи пурҷозиба муборакбод намуд. Сардори иттиҳодияи тиббии ноҳия Азмиддин Фахриев ва дигарон низ ҳозиронро бо ғамхории навбатии давлатӣ муборакбод намуда, номи онҳоеро, ки баҳри ҳифзи саломатии сокинони деҳа замоне хидмат кардаанд, ба забон гирифтанд. Дар маросим ба сарвари бинокорон ҷома пӯшонданд.
Лентаи рамзӣ бурида шуда, меҳмонону мизбонон вориди муассиса гардида, бо имкониятҳои фароҳамовардашуда шинос шуданд.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: