МУБОРАКБОДИҲОИ САМИМӢ

Вобаста ба воқеаи хотирмони ҳаёти халқи сермиллати мо – 32-юмин солгарди истиқлолияти давлатӣ ба номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз сарони давлат ва ҳукуматҳои хориҷӣ, арбобони намоёни сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ, роҳбарони созмонҳои бонуфузи байналхалқиву минтақавӣ номаҳои табрикӣ мерасанд.

Шарикони хориҷӣ дар табрикномаҳои худ комёбиҳои назарраси солҳои охир бадастовардаи мо оид ба татбиқ сохтани барномаи дигаргуниҳои демократӣ ва ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодиро дар роҳи рушди миллӣ, баланд шудани нақш ва обрӯйи мамлакатро дар арсаи ҷаҳонӣ махсус таъкид менамоянд.
Таъкид мегардад, ки ҳодисаи муҳими сиёсии ба қарибӣ баргузоршуда – қабули Сарқонуни нав аз ҷониби ҳалқи мамлакати мо бечунучаро дастгирӣ ёфтани ислоҳоти бебозгашт, ки ба бунёди Ӯзбекистони Нав нигаронида шудаанд, равшан шаҳодат медиҳад. 
Ба Аълоҳазрат ҷаноби
Шавкат Мирзиёев, 
Президенти 
Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Муҳтарам Шавкат Миромонович, 
Муборакбодии самимонаи маро ба муносибати ҷашни миллии  Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Рӯзи истиқлол қабул фармоед.
Комёбиҳое, ки кишвари Шумо дар рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба даст овардааст, ба ҳама маълуманд. Ӯзбекистон дар арсаи ҷаҳонӣ обрӯйи сазовор дорад, дар ҳаллу фасли масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналхалқӣ нақши назаррас мебозад.
Муносибатҳои байни кишварҳои мо дар рӯҳи шарикӣ ва тифоқии стратегӣ бо муваффақият инкишоф меёбанд. Ҳамкориҳои тарафайни Маскав ва Тошканд дар ИДМ, СҲШ, СММ ва сохторҳои дигари бисёрҷанба натиҷаи хуб медиҳанд. 
Бовар дорам, ки мо бо саъю кӯшишҳои муштарак минбаъд низ робитаҳои пурмуҳтавои дуҷонибаро дар тамоми соҳаҳо – барои беҳбуди халқҳои бародари мо, ба манфиати мустаҳкам кардани амният ва эътидоли минтақавӣ ҳамаҷониба мустаҳкам мекунем. 
Ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, аз таҳти дил саломатии мустаҳкам ва комёбиҳо, ба тамоми шаҳрвандони Ӯзбекистон сулҳу салоҳ ва шукуфоӣ орзу мекунам. 
Бо эҳтиром, 
Владимир ПУТИН, 
Президенти Федератсияи Русия

 


Ба Волоҳазрат ҷаноби
Шавкат Мирзиёев, 
Президенти 
Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам ҷаноби Президент!
Ман аз он бағоят хушам, ки ба Шумо ва халқи бародари Ӯзбекистон ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муборакбодии самимӣ ва хоҳишҳои беҳтарини худро ирсол менамоям.
Соли равон барои Ӯзбекистон аз замони истиқлолияти худро ба даст овардан бахусус соли муҳим гардид. Дар кишвари Шумо раъйпурсӣ бинобар Сарқонуни нав ва интихоботи пешазмуҳлати президентӣ, ки дар асоси он барои эҳё ва рушди минбаъдаи мамлакат пойдевори мустаҳкам гузошта шуд, бомуваффақият гузашт. Муътақидам, ки таҳти сарварии Шумо дар самти бунёди Ӯзбекистони Нав комёбиҳои бештаре ба даст меоянд. 
Моҳи майи соли равон Шумо бо ташрифи давлатӣ ба Чин омадед ва дар ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Чин» ширкат варзидед. Мо бинобар сохтмони ҷомеаи ҳамтақдири чиниву ӯзбекистонӣ ва рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои байни ду мамлакат ба имзои як қатор муоҳидаҳо муваффақ гардидем. 
Ман сафари Шуморо ба Чин, ки моҳи октябри соли равон барои иштирок дар Ҳамоиши сеюми байналхалқии ҳамкорӣ «Як камар, як роҳ» баргузор хоҳад шуд, бесаброна интизорам.
Ба муносибатҳои чиниву ӯзбекистонӣ аҳамияти бузург медиҳам. Муносибатҳои ҳамкорӣ ва дӯстии шахсиро, ки бо Шумо пойдор гардидаанд, баланд қадр менамоям. Ба ҳамкориҳои минбаъдаи тарафайн ба мақсади рушди муттасилу мустақими шарикии дуҷонибаву бисёрҷанбаи стратегӣ, такони нав бахшидан ба бунёди ҷомеаи чиниву ӯзбекистонӣ омода ҳастам. 
Ба халқи бародари Ӯзбекистон шукуфоӣ ва бахту саодат орзу менамоям.
Бо эҳтиром,
Си СЗИНПИН, 
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин

 

Ба Волоҳазрат ҷаноби 
Шавкат Мирзиёев,
Президенти 
Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам ҷаноби Президент!
Аз номи халқи Иёлоти Муттаҳида ба Шумо ва халқи Ӯзбекистон ба муносибати таҷлили Рӯзи истиқлоли кишваратон орзуҳои беҳтарини худро ирсол медорам.
Шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳида баҳри бунёди ояндаи беш аз пеш осудаву шукуфон барои халқҳо ва мардуми тамоми ҷаҳон кумак расонд. 
Мо якҷо ҳамкориҳои худро дар соҳаи амният барои ҳаллу фасли мушкилоти минтақавӣ, аз ҷумла экстремизм, зуроварӣ, савдои нашъа ва одам пеш мебарем. 
Мо робитаҳои тиҷоратӣ ва сармоявии худро барои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодии ҳар ду мамлакат амиқтар месозем. 
Мо суннатҳои умумии худ, аз ҷумла истиқлолият, озодӣ ва якпорчагии ҳудудиро ҷонибдорӣ мекунем. Иёлоти Муттаҳида минбаъд низ Ӯзбекистонро ҳамчун кишваре, ки чун пешина ба амиқсозии мулоқоти минтақавӣ, пешбурди баробарии гандерӣ ва татбиқ сохтани ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ содиқ аст, дастгирӣ менамояд.
Дар оянда ман ба минбаъд амиқсозии ҳамкориҳои мо ва кори муштарак умед мебандам. Ман ба Шумо таҷлили хурсандиовари ҷашн ва сулҳу салоҳ орзу мекунам. 
Бо эҳтиром,
Ҷозеф БАЙДЕН,
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

 

Ба Волоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти 
Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам ҷаноби Президент, бародари азизи ман!
Шахсан аз номи худ ва аз номи халқамон Шумо, Волоҳазрат ва халқи Ӯзбекистонро бинобар Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона муборакбод менамоям. 
Комёбиҳои кишвари дӯст ва бародари мо Ӯзбекистон аз замони  дарёфти истиқлолият, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо рӯз аз рӯз инкишоф меёбад, ҳамчунин нуфузаш дар арсаи байналхалқӣ меафзояд, дар Туркия боиси ифтихор мебошад. 
Фикр мекунам, бори дигар таъкид намудани муносибатҳои мо дар рӯҳи бародарӣ, ки тӯли замони кутоҳ ба дараҷаи шарикии фарогири стратегӣ расида, чун намунаи ибрати минтақаи мо, ҳамчунин барои таҳкими минбаъдаи онҳо хидмат мекунад, муфид мебошад. 
Аз фурсат истифода бурда, мехостам ба Шумо, Волоҳазрат сиҳҳату саломатӣ, бахту саодат, ба халқи дӯсту бародари Ӯзбекистон фаровонҳоливу шукуфоӣ орзу намоям. 
Реҷеп Таййип ЭРДОҒАН,
Президенти Ҷумҳурии Туркия

 

Ба Волоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
 
Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Аз номи халқи Қазоқистон ва шахсан аз номи худ Шумо ва тамоми халқи Ӯзбекистони бародариро бо Рӯзи истиқлол аз таҳти дил муборакбод менамоям. 
Ин рӯзи хотирнишин дар таърихи Ӯзбекистони мустақил ваҳдат, пойдорӣ ва рӯҳи созандагии халқи Шуморо таҷассум месозад, барои таҳкими минбаъдаи давлатдорӣ ва пешрафти дарозмуҳлати ҷумҳурӣ аҳамияти бебозгашт дорад. 
Бовар дорам, кишвари Шумо ба роҳи стратегии Шумо қатъиян амал карда, ислоҳоти васеъмиқёси сиёсӣ ва дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодиро бомуваффақият ба ҳаёт татбиқ намуда, пешрафти муътамади худро аз роҳи рушди устувор идома хоҳад дод. 
Бо дарназардошти манфиатҳои азалии халқҳоямон, ба анъанаҳои бисёрасринаи дӯстиву некҳамсоягӣ, ба амиқсозии минбаъдаи шарикӣ ва тифоқии стратегии қазоқистониву ӯзбекистонӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳам. 
Муътақидам, ки мо бо саъю кӯшишҳои муштарак метавонем имкониятҳои бузурги ҳамкориҳои бисёрҷанбаро барои шукуфоии халқҳои қаринамон, ҳамчунин ба манфиати таъмин сохтани эътидол ва фаровонҳолии Осиёи Марказӣ татбиқ намоем. 
Дар ин рӯзи хотиромон, муҳтарам Шавкат Миромонович, ба Шумо дар фаъолияти масъули давлатӣ комёбиҳои минбаъда, ба халқи бародари Ӯзбекистон фаровонҳоливу пешрафт таманно менамоям. 
Бо эҳтиром, 
Қосим-Ҷомарт ТОҚАЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон.

***

Ба Волоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам Шавкат Миромонович,
Иҷозат диҳед Шумо ва халқи бародари Ӯзбекистонро бо 32-юмин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрик намоям. 
Тӯли солҳои истиқлол Ӯзбекистон дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардида, дар ҷомеаи байналхалқӣ мақоми сазовор ишғол намуд. 
Бовар дорам, ки ислоҳоти таҳти сарварии хирадмандонаи Шумо бинобар сохтмони Ӯзбекистони Нав татбиқшаванда ба рушди минбаъдаи ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳамчунин муваффақ шудан ба ҳадафҳои пешгузошташуда ба манфиати Ӯзбекистони бародар мусоидат хоҳанд кард. 
Тӯли солҳои истиқлол кишварҳои мо дар рӯҳи дӯстӣ ва некҳамсоягӣ бинобар рушди шарикии фарогири стратегӣ ба натиҷаҳои хуб муваффақ гардиданд. 
Муътақидам, ки муносибатҳои шахсӣ ва эътимодбахши мову Шумо минбаъд низ ба мустаҳкам шудан ва ҳамаҷониба инкишоф ёфтани давлатҳоямон хидмат мекунанд. 
Аз ин имконияти хуб истифода бурда, ки ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, самимона саломатии мустаҳкам, бахту саодат, ба халқи Ӯзбекистон фаровонҳоливу шукуфоӣ орзу мекунам. 
Бо эҳтироми амиқ,
Садир ҶАПАРОВ,
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон.

***

Ба Волоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
   
Шавкат Миромоновичи азиз!
Бо қаноатмандии бузург аз номи халқи тоҷик ва шахсан аз номи худ ба Шумо, ба тамоми халқи бародари Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрикоти сидқидилона ва орзуҳои самимиро ба муносибати солгарди ҷашни миллии мамлакат – Рӯзи истиқлол ирсол менамоям.
Ба шарофати истиқлол Ӯзбекистони бародарӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими обрӯйи худ дар арсаи байналхалқӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид. 
Тамоми ин дастовардҳо аз бисёр ҷиҳат бо сиёсати бомуваффақияти давлатии Шумо, ки аз ҷониби халқи Ӯзбекистон васеъ дастгирӣ карда мешаванд, вобаста мебошанд. 
Рушди бисёрҷанба ва ҳамаҷонибаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкории тарафайн бо Ӯзбекистон дар низоми афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми калидӣ дорад. 
Дар байни кишварҳои мо рушди устувори ҳамкориҳои тарафайн дар тамоми самтҳо – соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву инсонпарварӣ ва амният мушоҳида мешавад. 
Муътақидам, ки мо бо саъю кӯшишҳои муштарак, ҳамчунин бо такя ба решаҳои дӯстиву некҳамсоягии азалии анъанавию таърихӣ ва имкониятҳои мавҷуда минбаъд низ дар ҳамкориҳои пурмуҳтавои тоҷикистониву ӯзбекистонӣ ба манфиати халқҳои бародари мо пеш меравем. 
Аз таҳти дил ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, саломатии мустаҳкам ва комёбиҳои минбаъда дар тамоми корҳои некатон, ба халқи бародари Ӯзбекистон бошад, осмони соф, фаровонҳолӣ ва пешрафти минбаъда орзу мекунам. 
Бо эҳтироми амиқ,
Эмомалӣ РАҲМОН,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

***

Ба Волоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Барои ман шарафи бузург аст, ки Шумо ва тамоми халқи бародари кишвари Шуморо ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз таҳти дил муборакбод гӯям ва орзуҳои беҳтарини худро ирсол намоям.
Алҳол Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳи пешрафт ва шукуфоӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва ғайра муътамадона пеш меравад. 
Мо аз комёбиҳои ҳамсояи қарини худ хурсандем.
Мехостам бо қаноатмандӣ таъкид намоям, ки муносибатҳои кунунии дуҷонибаи байни Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати пурмуҳтаво ва устувор доранд. Онҳо бинобар самтҳои фарогир инкишоф меёбанд. Эътимоди қавӣ дорам, ки бо кӯшишҳои муштараки мо муносибатҳои бародаронаи туркманистониву ӯзбекистонӣ ба манфиати халқҳоямон инкишоф меёбанд ва амиқтар мегарданд. 
Аз ин имконияти мусоид истифода бурда, ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, саломатии мустаҳкам, бахту саодат ва фаровонҳолӣ, ба халқи бародари Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз таҳти дил сулҳу салоҳ, пешрафт ва шукуфоии минбаъда орзу менамоям.  
Бо эҳтироми амиқ,
Сердар БЕРДИМУҲАМЕДОВ,
Президенти Туркманистон

***

Ба Волоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
       
Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Аз он хурсандам, ки ба Шумо ва дар шахси Шумо ба тамоми халқи бародари Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати Рӯзи истиқлолияти кишвари Шумо муборакбодиҳои самимӣ ва орзуҳои беҳтарин ирсол менамоям. 
Тӯли солҳои сипаришуда Ӯзбекистон дар рушди давлатдории худ ба муваффақиятҳои азим ноил гардид. Алҳол дар мамлакат дигаргуниҳои бузург татбиқ мешаванд, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтар шудани некуҳолии халқ нигаронида шудаанд. 
Қайд кардан хурсандиовар аст, ки муносибатҳои байни Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву инсонпарварӣ ва ғайра бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ мегарданд. Эътимоди моро нисбати он қабул фармоед, ки мо ба муносибатҳои туркманистониву ӯзбекистонӣ аҳамияти махсус медиҳем, ҳамчунин тайёрем ин муносибатҳоро ба дараҷаи сифатан баланд бардорем. 
Аз ин имконияти хуб истифода бурда, муҳтарам Шавкат Миромонович, ба Шумо саломатии мустаҳкам, бахту саодат ва дар фаъолияти масъули Шумо комёбиҳо, ба халқи бародари Ӯзбекистон сулҳу салоҳ, пешрафт ва шукуфоии минбаъда орзу мекунам. 
Бо эҳтироми амиқ, 
Гурбангулӣ БЕРДИМУҲАМЕДОВ,
Пешвои миллиии халқи туркман, 
Раиси Маслиҳати халқи Туркманистон.

***

Ба Волоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам ҷаноби Президент!
Ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон – Рӯзи истиқлол ба Шумо ва дар шахси Шумо ба тамоми халқатон табрикоти самимӣ ва хоҳишҳои беҳтарини худро изҳор мекунам. 
Алҳол ба шарофати роҳбарии Шумо ва сиёсати дурандешона Ӯзбекистон бо роҳи рушди иҷтимоии иқтисодӣ бо эътимод пеш меравад, анъана ва равандҳои давлатдориро ҳифз менамояд. Ба мо мушоҳида кардани дастовардҳои муҳими кишвари Шумо, афзудани обрӯйи он дар арсаи байналхалқӣ ва он санад, ки вай сол аз сол таҳти сарварии Шумо ба комёбиҳои бештар ноил мегардад, ба хусус хушоянд аст. 
Нақш ва мавқеи фаъол дар ҷараёнҳое, ки дар минтақа ба вуқӯъ меоянд, ба Ӯзбекистон имкон медиҳад вохӯриву намоишҳои бонуфузтарини созмонҳои байналхалқиро дар сатҳи олӣ баргузор кунад. 
Озарбойҷон ва Ӯзбекистонро риштаҳои воқеии дӯстӣ ва бародарӣ ба ҳам мепайванданд.  
Моро муносибатҳои дуҷониба ва шарикии стратегии дар пояи мустаҳкам бунёдёфта, ки бинобар хатти мустақим пеш мераванд ва бо мазмуну муҳтавои мушаххас ғанӣ мегарданд, хурсанд мекунанд. 
Мулоқоти ошкоро ва фаъоли байни мо, сафарҳои тарафайни сатҳи олӣ, вохӯриҳои мунтазам, ҳуҷҷатҳои зиёди имзошуда, лоиҳаҳои муштарки бомуваффақият татбиқшудаистода, аз ҷумла фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ бобати муайян кардани пешрафти мусбати ҳамкориҳои мо ва самтҳои нави шарикӣ нақши муҳим мебозанд. 
Сафари давлатии Шумо бо Озарбойҷон, ки ба наздикӣ воқеъ гардид, дар таърихи муносибатҳои озарбойҷониву ӯзбекистонӣ саҳифаи нав кушод ва ба рушди ҳамаҷонибаи шарикии стратегии мо такони пурқувват бахшид. 
Бовар дорам, ки мо барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатиамон, рушди самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мо саъю кӯшиш мекунем, фаъолияти муштаракро дар доираи созмонҳои байналхалқӣ, бахусус Созмони давлатҳои туркӣ бомуваффақият идома медиҳем ва вусъат мебахшем.
Дар ин рӯзи хотирмон ба Шумо саломатии мустаҳкам, бахту саодат, дар фаъолияти Шумо комёбиҳо, ба мардуми бародари Ӯзбекистон сулҳу салоҳ ва шукуфоии абадӣ орзу менамоям.
Бо эҳтиром,
Илҳом АЛИЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон

***

Ба Волоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам Шавкат Миромонович, бародари азиз!
Аз таҳти дил Шуморо бо ҷашни миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Рӯзи истиқлолият муборакбод мекунам.
Ба шарофати роҳбарии хуби Шумо ҷумҳурӣ муътамадона ба роҳи ислоҳоти фарогир, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи худ дар арсаи байналхалқӣ пеш меравад. 
Натиҷаҳои райъпурсии гузашта бобати ворид кардани тағйирот ба Сарқонун ва интихоботи президентӣ дурустии роҳи интихобнамудаи Шуморо барои бозсозии минбаъдаи Ӯзбекистон собит намуданд.
Шавкат Миромоновичи азиз, ба Шумо ва тамоми халқи бародари Ӯзбекистон сулҳу салоҳ, пешрафт ва барои муваффақ шудан ба ҳадафҳои пешгузошташуда комёбиҳо орзу менамоям. 
Бо эҳтиром, 
Нурсултон НАЗАРБОЕВ,
Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон
***

Ба Волоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ҷаноби Президент!
Иҷозат диҳед аз номи худ ва аз номи ҳамватанони хеш ба Шумо ва халқи Ӯзбекистон ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муборакбодиҳои самимиро ирсол намоям.
Муносибатҳои байни Олмон ва Ӯзбекистон моҳҳои охир беш аз пеш, аксаран, ба шарофати сафарҳои зиёди сатҳи олӣ фаъолтар шуданд. 
Мехостам ташрифи Шуморо ба Берлин, ки моҳи майи соли равон ба вуқуъ пайвасту онро ман бо самимият ёд мекунам, махсус таъкид намоям. Бинобар ин хеле хурсанд мешудам, агар мо дар вақтҳои наздиктарин боз вохӯрем ва мулоқоти худро идома диҳем. 
Фаъолтар кардани ҳамкориҳои олмониву  ӯзбекистонӣ дар партави мушкилоти ҷиддии ҷаҳонӣ ҳамчун буҳрони иқлим бағоят муҳим мебошад.
Он чиз хурсанд мекунад, ки баъди аз нав интихоб шуданатон Шумо мехоҳед роҳи ислоҳоти ҳукумататонро идома диҳед, дар ин бобат ба Шумо комёбиҳои ҳамаҷониба орзу мекунам. Муътақид бошед, ки Олмон минбаъд низ Шуморо ҳамчун шарики худ дастгирӣ хоҳад кард. 
Ба Шумо тамоми хушиҳо, ба халқи Ӯзбекистон ояндаи осуда, озодӣ, амният ва шукуфоӣ таманно дорам. 
Франк-Валтер ШТАЙНМАЙЕР,
Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон

***

Ба Волоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам ҷаноби Президент!
Ба муносибати 32-юмин солгарди истиқлоли Ӯзбекистон бо хурсандӣ ба Шумо ва кулли мардуми Ӯзбекистон табрикоту орзуҳои беҳтарини бахту саодат ва шукуфоиро изҳор менамоям. 
Ин санаи хотирмон барои мардуми Ӯзбекистон, мехостам самимияти Фаронсаро таъкид созам, рӯзи истиқлол, озодӣ ва ягонагии ҳудуди кишвари Шумо мебошад. 
Соли равон ҳамчунин сисолагии Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкории байни кишварҳои мо, ки 27 октябри соли 1993 имзо гардида буд, қайд мешавад. Аз он замон дӯстии байни Фаронсаву Ӯзбекистон хеле амиқ шуд, моҳҳои охир бошад, ин дӯстиро намоишгоҳҳои хуб дар Лувр ва Пажӯҳишгоҳи олами араб, ки ғановатмандии меросии фарҳангии Ӯзбекистонро намоиш доданду рағбати ҳамватанони моро нисбат ба Ӯзбекистон зиёд намуданд, хеле амиқтар сохтанд.
Аз дидани як қатор лоиҳаҳо бо иштироки ширкатҳои Фаронса, ба хусус дар соҳаҳои таъминоти об ва манбаъҳои нави энергия, хидмати коммуналӣ ва рушди сайёҳӣ хурсандам. Фаронса ҳамчунин ислоҳоти зиёди шуморо бо диққат муоина мекунад ва саъю кӯшишҳоятонро барои таҳкими волоияти қонун ва асосҳои демократии кишвари Шумо дастгирӣ менамояд. 
Умедворам, ки рӯзҳои наздиктарин ба даъвати Шумо бобати ташриф ба Ӯзбекистон, то ки рушди шарикии азими моро дар сатҳи олӣ идома диҳем, метавонам ҷавоб гӯям.
Аз Шумо, муҳтарам ҷаноби Президент хоҳиш мекунам, эҳтироми самимитарини маро қабул фармоед.
Эмманиуэл МАКРОН, 
Президенти Ҷумҳурии Фаронса

***

Ба Волоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Аълоҳазрат!
Аз номи ҳукумат, халқи Ҳиндустон ва шахсан аз номи худ ба Шумо Волоҳазрат ба муносибати 32-юмин солгарди истиқлолияти Ӯзбекистон табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтарини худро изҳор мекунам.
Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро риштаҳои таърихӣ, маданӣ ва фарҳангӣ мепайванданд. Ба манфиатдории тарафайни ҳамкорӣ барои сулҳу салоҳ, амният, пешрафту шукуфоии умумии минтақаи мо бовар дорам. Мо якҷо дар ин самт нақши ҳалкунанда мебозем. Ба шарофати мандати наве, ки халқи Ӯзбекистон ба Шумо дод, муносибатҳои мо аз нав ҷонноктар мешаванд. 
Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо, Волоҳазрат саломатии мустаҳкам, ба халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сулҳу салоҳ ва шукуфоиву фаровонҳолӣ орзу менамоям. 
Волоҳазрат, эҳтироми баландтарини маро қабул фармоед.
Драупади МУРМУ,
Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон

***

Ба Волоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ба Шумо амонӣ, шафқат ва меҳру муҳаббати Оллоҳ бод. 
Аз он ки ба Шумо, Аълоҳазрат, муборакбодии самимӣ ва орзуҳои беҳтарини моро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ирсол менамоем, беадад хурсандем. 
Ба Шумо, Волоҳазрат саломатии нек, ба халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешрафту шукуфоии минбаъда орзу менамоем.  
Волоҳазрат, эҳтироми баландтарини маро қабул кунед.

Салмон бин Абдулазиз Ал САУД,
Ходими ду муқаддасот,
Шоҳи Арабистони Саудӣ

***

Ба Волоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Барои ман бинобар Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Шумо Волоҳазрат ирсол кардани табрикоти самимӣ  ва орзуҳои нек бахту саодати бузург аст.
Ба Шумо, Волоҳазрат, саломатии мустаҳкам ва бахту саодат, ба ҳукумат ва халқи дӯсти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешрафти мустақиму шукуфоӣ таманно дорам. 
Бо эҳтироми амиқ ва орзуҳои нек, 
Муҳаммад бин Зайд Ал НАҲАЁН,
Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб

***

Ба Волоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам ҷаноби Президент!
Аз номи Ҷумҳурии Мисри Араб бо қаноатмандии бузург Шумо, Волоҳазрат ва халқи дӯсти Ӯзбекистонро бо солгарди Рӯзи истиқлол муборакбод мегӯям. 
Миср робитаҳои хуби дуҷонибаи худро бо Ӯзбекистон, ки тӯли солҳои охир бомуваффақият  пеш рафтанд, бағоят қадр мекунад. Кишварҳои мо ҳамеша муносибатҳои ҳамкориро, ки ба эътимоди тарафайн, суннатҳои умумӣ ва ҳамоҳангии доимии саъю кӯшиш дар соҳаҳое, ки ба онҳо ҳарду ҷониб рағбат доранд, такя мекунанд, дастгирӣ менамоянд. 
Ҳамчунин мехостам таъкид созам, ки Миср ба таҳкими муносибатҳояш бо Ӯзбекистон чун бо шарики муҳиму бақадр дар Осиёи Марказӣ эътибор медиҳад ва самимона умедворам, ки мо роҳҳои таҳкими ҳамкориро дар тамоми сатҳҳо барои муваффақ шудан ба ояндаи беш аз пеш шукуфони халқҳоямон идома медиҳем.
Муҳтарам ҷаноби Президент, орзуҳои самимитарини маро нисбати Шумо, ҳамчунин пешрафти минбаъда ва шукуфоии халқи бародари Ӯзбекистон қабул фармоед. 
Бо эҳтиром ва самимияти амиқ, 
Абдулфаттоҳ ас-СИСӢ,
Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб

***

Ба Волоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Шумо, Волоҳазрат ва халқи дӯсту бародарро бо Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона муборакбод менамоям.
Мавҷудияти умумияти фарҳангӣ ва ҳувиятҳои ҳаммонанд, ҳамчунин мубодилаи ҳайатҳои сатҳи олӣ дар пешрафт ва таҳкими ҳамкориҳои тарафайн нақши муҳим бозиданд. 
Умедворам, ки ба шарофати саъю кӯшишҳои муштарак мо шоҳиди рушди минбаъдаи муносибатҳои байни ду мамлакат бобати таъмин сохтани манфиатҳои тарафайн ва мустаҳкам гардидани сулҳу салоҳ  ва амният дар минтақа ва тамоми ҷаҳон мегардем. 
Аз Худованд ба Шумо саломативу комёбиҳо, ба халқи Ӯзбекистон бошад, бахту саодат ва шукуфоӣ таманно дорам.
Сайид Иброҳим РАИСӢ,
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон

***

Ба Волоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам ҷаноби Президент!
Иҷозат диҳед аз таҳти дил орзуҳои беҳтарини худро ба Шумо, Волоҳазрат ба муносибати Рӯзи истиқлол – ҷашни миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳор намоям.
Ӯзбекистон нафақат шарики муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Венгрия, балки дӯсти ҳақиқӣ низ ба шумор меравад. Муътақидам, ки саъю кӯшишҳои муштараки мо, ки ба амиқсозии ҳамкориҳои венгеру ӯзбекистонӣ нигаронида шудаанд, ба манфиати халқҳоямон  хидмат мекунанд. Хурсандам, ки дар давраи сипаришуда мо имкон доштем чандин бор шахсан вохӯрем ва ман тавонистам Шумо, Волоҳазрат ва ҳамсари Шуморо дар шаҳри Будапешт хайрамақдам гӯям. 
Шуморо бовар мекунонам, ки ҳукумати Венгрия минбаъд низ мулоқоти стратегиро дар сатҳи олӣ, ҳамчунин тамоми ташаббусҳоеро, ки ба мустаҳкам гардидани муносибатҳои дуҷонибаи мо мусоидат менамоянд, дастгирӣ хоҳад кард. 
Ба Шумо дар кори масъулатон комёбӣ ва саломатии мустаҳкам орзу мекунам.
Виктор ОРБАН,
Сарвазири Венгрия

Ҳамчунин:
Президенти Ҷумҳурии Беларус
Александр ЛУКАШЕНКО, 
Шоҳзодаи ворис, Раиси Девони Вазирони 
Арабистони Саудӣ 
Муҳаммад бин Салмон бин Абдулазиз АЛ САУД,
Ноиб-президент, Сарвазири Аморати Муттаҳидаи 
Араб, ҳокими аморати Дубай 
Муҳаммад бин Рашид АЛ МАКТУМ, 
Ноиб-президент, муовини Сарвазир, вазири оид ба 
корҳои Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб 
Мансур бин Зайд Ал НАҲАЁН, 
Амири Давлати Қатар Тамим бин Ҳамад Ал ТАНӢ, 
Муовини Амири давлати Қатар 
Абдулло бин Ҳамад Ал ТАНӢ, 
Султони Уммон Хейсам бин ТАРИҚ, 
Президенти Венгрия Каталин НОВАК,
Императори Ҷопон НАРУХИТО,
Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко ВИДОДО,
Президенти Ҷумҳурии Сингапур Ҳалима ЯҚУБ,
Шоҳи Белгия ФИЛИПП,
Президенти Руминия Клаус Гернер ЙОХАННИС,
Президенти Ҷумҳурии Словения 
Наташа ПИРС МУСАР,
Президенти Ҷумҳурии Чехия Петр ПАВЕЛ,
Президенти Давлати Фаластин Маҳмуд АББОС,
Президенти Федералии Конфедератсияи Швейтсария 
Алан БЕРСЕ,
Президенти Ҷумҳурии Эстония Алар КАРИС,
Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 
Сергей ЛЕБЕДЕВ,
Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай 
Чжан МИН,
Котиби генералии Созмони давлатҳои туркӣ 
Кубаничбек ОМУРАЛИЕВ,
Котиби генералии Созмони ҳамкории исломӣ 
Ҳусайн Иброҳим ТАҲА,
Котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ 
Хусрав НОЗИРӢ
номаҳои табрикӣ ирсол кардаанд. 

Вуруди табрикномаҳо идома доранд.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: