Муҳтарам сарони ҳайатҳо!
Муҳтарам сарони ҳайатҳо!
Хонумон ва ҷанобон!
Меҳмонони азиз!
Пеш аз ҳама тамоми иштирокдорони Конфронси байналхалқии «Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ: иртиботи тарафайни минтақавӣ. Таҳдидҳо ва имкониятҳо»-ро самимона муборакбод менамоям.
Ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Антониу Гутерриш барои дастгирии анҷумани мо миннатдории махсус изҳор менамоям.
Аз дидори Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, волоҳазрат, ҷаноби Ашраф Ғанӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, волоҳазрат, ҷаноби Имрон Хон шодам ва эҳтироми амиқи худро изҳор мекунам.
Аз имконият истифода бурда, ба вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони баланддараҷаи давлатҳои шарики асосии мо, роҳбарони созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва минтақавӣ, идораҳои машҳури молиявии ҷаҳон, ки дар конфронс шахсан иштирок менамоянд, миннатдории худро баён месозам.
Иштироки шумо дар анҷуман, бо вуҷуди шароити мураккабе, ки ба пандемия вобаста мебошад, исботи равшани эътибори бузург ва иқдоми қатъӣ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ мебошад.
Ба Ӯзбекистони меҳмоннавоз ва офтобӣ хуш омадед!
Муҳтарам иштирокдорони конфронс!
Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, ки дар чорроҳаи Шоҳроҳи бузурги абрешим қарор доранд, тӯли асрҳои зиёд ба рафтуои фаъоли байни халқҳо ва тамаддунҳо мусоидат кардаанд.
Ба шарофати ҳамкории қарини тарафайни ду минтақа дониш ва ғояҳои нави фалсафӣ, дастовардҳои тиббиву нуҷумшиносӣ, ҷуғрофиву риёзӣ, геодезӣ ва меъморӣ, санъати дипломатия ва идораи давлатӣ, суннатҳои олии фарҳангӣ ва маънавию ахлоқӣ доман густурдаанд.
Мардумони минтақаҳои мо чандин бор дар доираи давлатдориҳои умумӣ, ҳамчунин соҳати умумии сиёсӣ, иқтисодӣ ва инсонпарварӣ қарор доштанд.
Дар ин ҷо Тамаддуни харап, Шоҳигарии Юнону Бохтариён ва Кӯшониён, Хонигарии турк, Хуросон ва Мовароуннаҳр, давлатҳои Ғазнавиён, Темуриён, Бобуриён ва ғайра арзи вуҷуд кардаанд.
Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ҳамеша бо шаҷараҳои муътамади тиҷоратӣ алоқаманд буданд, барои кишварҳои Шарқи Наздик, Аврупо ва Чин ба сифати пул хидмат мекарданд.
Аз ин хусус дар асарҳои муаррихи Юнони қадим Страбон сухан меравад, ки навиштааст: дар сар то сари рӯди Окс – Амударёи имрӯза «Аз тариқи баҳрҳои Хазар ва Сиёҳ ба Аврупо молҳо расонида мешуданд».
Ҳанӯз дар ҳазорсолаи сеюм-дувуми то давраи мо аз тариқи ағбаҳои Хайбар ва Болан шабакаи хатсайрҳои тиҷоратӣ мегузаштанд, ки моро ба ҳам мепайвастанд.
Дар соҳати Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ба шарофати паҳн шудани динҳои ислом, буддизм ва индуизм, анъанаҳои нодири мардумӣ ҷамоати ба худ хоси этникӣ ба миён омад, гуногунрангӣ ва маданияти ғановатманди Шарқ ташаккул ёфт.
Робитаҳои қарини байни халқҳои мо ба рушди босуръати зеҳнӣ ва маънавӣ мусоидат карданд.
Ин вазъият ба олам олимон ва мутафаккирони бузург, аз қабили Чарак ва Сушрут, Брахмангупт ва Ал-Хоразмӣ, Ал-Фарғонӣ ва Фаробӣ, Берунӣ, Ибни Сино ва бисёр дигаронро бахшид.
Онҳо рушди илм ва афкори фалсафиро барои садсолаҳои минбаъда мушаххас карданд.
Дар тамоми ҷаҳон эҷодиёти классикони адабиётҳои миллии мо хуб маълуманд. Ин пеш аз ҳама Хусрави Деҳлавӣ, Алишери Навоӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммад Ҳайдар, Махтумқулӣ, Мирзо Ғолиб, Абай, Робиндранат Тагор, Садриддин Айнӣ, Чингиз Айтматов мебошанд. Онҳо ба рушди ғояҳои сулҳ, озодӣ ва инсонпарварӣ, дӯстиву ҳусни тафоҳуми байни халқҳои гуногун саҳми бузург гузоштанд.
Асарҳои олимони бузург Абӯрайҳони Берунӣ ва Заҳириддин Муҳаммад Бобур оид ба таърих, илм ва фарҳанг дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ энсиклопедияи воқеӣ ба шумор мераванд.
Маълумоте, ки аввалин Сарвазири Ҳиндустон Ҷавоҳирлаъл Нерӯ дар бораи Бобур додааст, хеле машҳур мебошад, вай мегӯяд: «Бобур шахсияти самимӣ, шоҳи беҳтарини даврони Эҳё буд».
Аз ҷумла, Бобур дар асари пурмуҳтавои худ «Бобурнома» менависад, ки дар асри шонздаҳум байни Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ аз тариқи ҳудуди Афғонистон хатсайри мунтазами корвон амал мекард, ки ҳар сол аз тариқи ҳазорҳо корвони шутур борҳои мухталиф гузаронида мешуданд.
Мувофиқи фармони ӯ корвонсаройҳои мусоид ва дар роҳи савдо чоҳҳо бунёд ва кофта шуданд.
Набераи Бобур – Акбари Бузург кори ӯро идома дода, дар таърихи Ҳиндустон ба сифати ҳокими кушодадилу дурбин нақши муҳим гузоштааст.
Бояд қайд кард, ки робитаҳои тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар он давр ҳамчунин бо Эрон, Арабистон, Давлати Усмониҳо, Чин, Русия ва кишварҳои дигар ба роҳ монда шуда буд.
Бинобар маълумоти таърихӣ, ҳокими Ҳиндустон Аврангзеб соли 1695 ба тоҷири рус Семён Маленкий барои савдо дар кишвараш рухсат дода буд.
Он чиз шоистаи зикр аст, ки фармони мазкур ба забони ӯзбекии қадим навишта шудааст.
Мутаассифона, дар қарни дувоздаҳум бинобар вазъи таърихӣ робитаҳои тарафайни ду минтақаи ҳамҳудуд халалдор гардиданд.
Дар байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ монеаҳои мухталиф ба миён омаданд, сарҳадҳо баста шуданд, зиддиятҳо шиддат гирифтанд, ки аксар вақт боиси ҷанҷолҳо мегардиданд.
Ба ҷойи даврони ҳамкориву ҳамдигарфаҳмӣ замони зиддият ва нобоварӣ фаро расид.
Оқибати манфии онро мо то имрӯз эҳсос менамоем, то ҳол хатсайрҳои самарабахши наздисарҳадӣ вуҷуд надоранд, алоқаҳои тиҷоративу иқтисодӣ суст инкишоф меёбанд, ҳамчунин имконияти муносибатҳои маданиву башардӯстӣ пурра ба роҳ монда нашудаанд.
Муҳтарам хонумон ва ҷанобон!
Алҳол ҷаҳон ба даврони трансформатсияҳои бузурги геосиёсӣ ворид гардид, ки ҳам боиси таҳдидҳо ва ҳам сабаби имкониятҳои нав мешавад.
Дар чунин шароит ба роҳ мондани робитаҳои тарафайни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, ки ҳоли ҳозир дар онҳо тақрибан ду миллиард нафар одам зисту зиндагӣ мекунанд, беш аз пеш ҷараёни зарурӣ ва воқеӣ мегардад.
Фикр мекунам замоне расид, ки бо назардошти мероси бузурги таърихӣ, илмӣ, маънавиву фарҳангии халқҳои мо, сарпурсозии тарафайни иқтисодиёт, мавҷудияти иқтидорҳои зеҳнӣ бояд саъю кӯшишҳои муштараки мо муттаҳид карда шаванд, ки бидуни шубҳа, самараи хеле хуб хоҳад дод.
Мо дарк мекунем, ки робитаҳои тарафайн, ҳамкорӣ, мулоқот ва аз ҳама муҳимаш, эътимод барои таъмин кардани эътидол ва рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи ҳаёт ва фаровонҳолии мардуми минтақаи мо нерӯи муҳаррик ба шумор меравад.
Ин муносибат тақозои замон аст.
Ҳамаи ин барои аз як ҷониб ташаккул додани ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва шарикӣ дар соҳате, ки аз зиддиятҳо ва ҷунбишҳои иҷтимоиву иқтисодӣ озод бошад, аз ҷониби дигар ташкили бозори васеъ барои мол ва хидматҳо, сармоя ва инноватсияҳо имконияти зарурӣ фароҳам меоварад.
Мо бобати баргузор кардани конфронси мазкур бо ташаббус бархоста, ҷиҳатҳои зеринро дар назар доштем.
Якум, мустаҳкам кардани сулҳ ва дӯстӣ, эътимод ва ҳамсоягии нек, вусъат додани ҳамкориҳои муфиди тарафайни байни кишварҳои мо, ба роҳ мондани сиёсати ошкоро ва пурмуҳтавои ҷавобгӯйи манфиатҳои умумии тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ.
Дуюм, мо ҷонибдори ташаккул додани робитаҳои мустаҳками тиҷоративу иқтисодӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ мебошем, ки бояд муҳаррики асосии рушди минбаъдаи кишварҳои мо ва тамоми минтақаи васеъ дар пешомади дарозмуҳлат бошанд.
Пандемия нишон дод, таҳдидҳои наверо, ки инсоният бо онҳо рӯ ба рӯ мегардад, бидуни ваҳдат ва муттаҳид намудани саъю кӯшишҳо бартараф кардан имконнопазир аст.
Мо дар таҳкими ҳамкориҳоямон аз тариқи иқтисодиёти рақамӣ, рушди савдои электронӣ ва ҷорӣ намудани навгониҳо талаботи воқеиро эҳсос менамоем.
Сеюм, яке аз ҳалқаҳои асосии робитаи амалии тарафайни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба шумор меравад.
Мо муътақидем, ки шарикии байниминтақавиамон барои истиқрори сулҳу субот, эҳёи иқтисодиёт дар кишвари мазкур омили муҳим мегардад.
Ҳоли ҳозир Афғонистон дар таърихи навтарини худ лаҳзаи гардиши куллиро аз сар мегузаронад.
Мо бовар дорем, ки халқи дурандеши афғон баҳри муваффақ шудан ба ҳамдилии умумимиллӣ омодагии худро собит менамояд.
Дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи байналхалқӣ барои танзими сиёсии зиддият барои сулҳи деринтизор дар сарзамини Афғонистон аҳамияти пурмуҳтаво дорад.
Ин барои қаробати Афғонистон ба ҷараёнҳои умумминтақавӣ пешомадҳои навро боз мекунад.
Чаҳорум, шарти асосии рушди устувори минтақаи мо ва таҳкими шарикӣ ин амният ва эътидол ба шумор меравад.
Амнияти мо ҷудонопазир аст ва онро метавон аз тариқи мулоқоти конструктивӣ ва саъю кӯшишҳои муштарак таъмин кард.
Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!
Бовар дорам, ки мулоқоти фаъол ва пурмуҳтавои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ барои беш аз пеш татбиқ кардани имкониятҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву мадании онҳо шароитҳо фароҳам меоварад.
Ба ин муносибат мехостам таклифҳои зеринро иброз намоям.
Якум. Ташаккул додани шароитҳои мусоид барои рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармояҳои тарафайн вазифаи аввалиндараҷаи мо ба шумор меравад.
Коркард ва татбиқ намудани чораҳои муассир барои амали озоди сармояҳо, молҳо ва хидматҳо, ташаккул додани низоми пешқадами коммуникатсияҳои нақлиётӣ ва инфрасохтори энергетикӣ баҳри ҳаллу фасли ин масъалаҳо метавонанд саҳми амалӣ гарданд.
Тавре ки гузаштагони мо бо баргузор кардани маҷлису қурултой, лояи ҷирга, васи мушоварат ва сабҳа амалӣ менамуданд, ҳар сол гузарондани анҷумани байниминтақавӣ барои ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарраи вусъат додани ҳамкориҳои иқтисодӣ, амиқсозии кооператсия ва ҳамраъии тарафайни сармоявии кишварҳои моро пешниҳод мекунем.
Тавсия ва таклифҳоеро, ки дар доираи чунин мулоқот коркард мешаванд, метавон дар барнома ва лоиҳаҳои мушаххасе, ки ба таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтидор ва таъмин намудани афзоиши пойдори иқтисодиёти мо нигаронида шудаанд, кор карда баромад.
Ғайр аз ин, мо ҷонибдори ташаббуси омӯзиши муштараки коршиносии масъала дар бораи имзои муоҳидаи бисёрҷанба дар бораи ҳамкории иқтисодии кишварҳои минтақа мебошем.
Дуюм. Ташкил додани инфрасохтори замонавӣ, самарабахшӣ ва бехатарии инфрасохтори нақлиётиву логистикӣ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад.
Роҳи оҳани Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар, ки лоиҳаи сохтмони он аллакай, аз ҷумла, аз ҷониби идораҳои машҳури молиявии байналхалқӣ васеъ дастгирӣ мегардад, ҷиҳати асосии эъмори тамоми робитаҳои тарафайни минтақаҳои мо буда метавонад.
Сохтмони роҳи оҳани мазкур имкон медиҳад иқтидори транзитии ду минтақа пурра истифода шавад, хатсайри кӯтоҳтарин ташаккул ёбад, муҳлат ва боздошти боркашонии байни Осиёи Ҷанубӣ ва Аврупо аз тариқи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хеле коҳиш ёбад.
Умуман ба роҳ мондани ин роҳи байнисарҳадии оҳан барои муваффақ шудан ба рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ платформаи пуриқтидорро фароҳам меоварад.
Вай ба таври худ талқини замонавии роҳи қадимии шимолии савдо мегардад, ки ҳамчун Уттарапахта машҳур буда, водии Ҳинду Гангро бо ҳудудҳои ҷанубии қитъаи Аврупо аз тариқи шаҳрҳои таърихии Таксила, Гандхара ва Тирмиз муттаҳид мекард.
Гузаргоҳи байналхалқии нақлиётии «Шимол – Ҷануб», ки аллакай Ҳиндустонро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мепайвандад, намунаи бомуваффақият ба ҳаёт татбиқ сохтани чунин инфрасохтори нақлиётиву минтақавӣ ба шумор меравад.
Ғайр аз ин, лоиҳаи сохтмони Гузаргоҳи роҳи оҳани нақлиётии Афғонистон дар оянда метавонад кишварҳои моро бо Чин ва дигар давлатҳои пешқадами минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором муттаҳид намояд.
Ин ба ҳадафҳои ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» комилан мувофиқат мекунад.
Сеюм. Ҷорӣ кардани платформаи рақамӣ бояд муҳаррики ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ гардад.
Бояд бобати татбиқ сохтани робитаҳои тарафайни рақамӣ дар соҳаҳои тиҷорат, транзит ва убури сарҳадҳо чораҳои мушаххас коркард шаванд, Стратегияи муштараки амалиёт қабул гардад.
Ба кори мазкур бояд коршиносони номдори кишварҳои мо, ҳамчунин муассисаҳои тахассусии СММ ҷалб карда шаванд.
Чаҳорум. Ҷустуҷӯи муштараки роҳҳои таъмин сохтани амнияти хӯрокворӣ дар минтақаи васеи мо мебошад.
Солҳои охир нархи наво барои маҳсулоти асосии хӯрокворӣ бо суръати баланд зиёд мегардад, дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон аҳолӣ аз норасоии ҷиддии озуқаворӣ азият мекашанд.
Мо пешниҳод мекунем, ки таҳти васояти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои коркарди Барномаи паси сар сохтани таҳдидҳои мазкур вохӯрии вазирони хоҷагии қишлоқи кишварҳои мо гузаронида шавад.
Ҳуҷҷати мазкур бояд баргузор кардани кашфиёт ва тадқиқоти муштарак, ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам, татбиқ сохтани лоиҳаи кооператсияҳои истеҳсолиро пешбинӣ намояд.
Панҷум. Муттаҳид намудани саъю кӯшишҳо дар мубориза бо таҳдид ва хуруҷҳои умумии эътидол ва амният.
Мо якҷо метавонем ба терроризм, экстремизм, ҷинояти трансмиллӣ, аз ҷумла бар муқобили киберсоҳат пурсамар мубориза барем.
Ба сифати иқдоми аввалин коркарди Дурнамои муштараки зидди нашъамандиро бо иштироки Идораи СММ оид ба нашъа ва ҷиноят пешниҳод менамоем.
Боз як самти муҳиме, ки бояд саъю кӯшишҳо муттаҳид карда шаванд, ба фикри мо мубориза ба муқобили таҳдиди терроризм мебошад.
Мо тайёрем бинобар ин масъала бо иштироки намояндагони ду минтақа мулоқоти махсуси коршиносонро ташкил намоем.
Ин мулоқотҳоро метавон дар ҳудуди Конфронси байналхалқии Тошканд, ки моҳи ноябри соли равон бахшида ба даҳсолагии қабул шудани Дурнамои муштараки амалиёт бинобар татбиқ намудани Стратегияи ҷаҳонии зидди террористии СММ дар Осиёи Марказӣ гузаронида мешавад, баргузор кард.
Шашум. Масъалаҳои экология ва рағбатноксозии рушди ҷараёни «сабз» эътибори ҷиддитаринро тақозо мекунанд.
Дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар партави тағйироти ҷаҳонии иқлим рушди тезутунди саноатӣ ва демографӣ ба амал меоянд.
Дар чунин шароит норасоии об, муфлисшавии ҳаво ва муҳити атроф, харобшавии хок ва биёбоншавӣ мушкилоти умумӣ ба шумор мераванд.
Мушкилоти хушкшавии Баҳри Арал, ки беш аз пеш ҷиҳати умумисайёравӣ касб менамояд, оқибати андӯҳовари таъсири бағоят манфии таҳдидҳои экологӣ маҳсуб меёбад.
Моро зарур аст, ки бобати нарм кардани ин оқибатҳо, ҳамчунин пешгирии чунин фоҷиаҳо дар оянда, бо такя ба таҷрибаи гузаштагон, ки саъй менамуданд бо табиат ҳамоҳанг бошанд, чораҳои зарурӣ андешем.
Ҳафтум. Мо ҷонибдори беш аз пеш кашф кардани иқтидори нодири сайёҳии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошем.
Барои ин брендҳои сайёҳӣ, озуқаворӣ ва хатсайрҳои наву арзон заруранд, бахусус бо назардошти афзудани рағбат ба саёҳати динӣ, васеъ ҷорӣ намудани консепсияи «Сайёҳӣ дар шароитҳои нав», бо эътирофи тарафайни сертификатҳо оид ба ваксинатсия лозим мебошанд. Мо дар доираи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ коркарди Барномаро оид ба Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, ки ба оммавӣ кардани мероси таърихӣ ва фарҳангии халқҳои мо нигаронида шудаанд, пешниҳод менамоем.
Ҳаштум. Вусъат додани мубодилаҳои илмӣ ва фарҳангиву башардӯстӣ аз шартҳои муҳими таҳкими дӯстӣ ва эътимод ба шумор меравад.
Вобаста ба ин дар Ӯзбекистон – дар Тирмиз таҳти васояти ЮНЕСКО баргузор кардани анҷумани байналхалқии «Мероси таърихии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ»-ро пешниҳод менамоем.
Татбиқ намудани барномаҳои муштарак дар соҳаҳои таълим ва илм, фарҳанг ва варзиш бо ҷалби васеи ҷавононе, ки қисмати бештарини аҳолии давлатҳои моро ташкил медиҳанд, аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Ҳамаи мо хуб дарк менамоем, ки ҷавонон сарвати бебаҳои мо ба шумор мераванд.
Тақдир ва ояндаи кишвару халқҳои мо аз чӣ гуна ба воя расидани насли ҷавон ва дар чӣ гуна шароит ва «лифти иҷтимоӣ» таълиму тарбия гирифтани онҳо вобаста аст.
Барои ҳамкории самарабахши тарафайн дар масъалаи ҷавонон таъсис додани Шӯрои доимоамалкунандаи ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро пешниҳод менамоям.
Нӯҳум. Омили муҳими рушди ҳарчи бештари кишварҳои мо ин муваффақияти баланд дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсияҳо ба шумор меравад.
Бояд баргузор кардани тадқиқотҳои муштарак ва корҳои инноватсионӣ, ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии илмиву таълимӣ, табодули таҷрибаи барномаҳо рағбатнок карда шаванд.
Вобаста ба ин, ҷорӣ намудани режими сабуки раводидро барои олимон ва муҳаққиқон, ҳамчунин таъсис додани онлайн-платформаи ҳамкории донишгоҳҳо ва марказҳои илмию тадқиқоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро пешниҳод менамоем.
Даҳум. Алҳол коркарди қарорҳои андешидашуда дар пояи омӯзиш ва таҳлили мунтазами анъанаҳои пешрафт ва робитаҳои тарафайни минтақаҳои мо беш аз пеш муҳим мебошад.
Дар арафаи анҷумани мо Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ кушода шуд.
Пешниҳод мекунем, ки дар пойгоҳи ин маркази таҳлилӣ идораи мунтазам амалкунандаи коршиносӣ аз ҷумлаи олимон ва муҳаққиқони шинохтаи кишварҳои мо барои пешбурди ҳамкориҳои минтақавӣ таъсис дода шавад.
Ғайр аз ин, бинобар хулосаи конфронси имрӯза пешниҳод мекунам лоиҳаи баённомаи махсус дар бораи таҳкими робитаҳои тарафайни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, умуман дар соҳати Авроосиё ҳамчун омили муҳими рушди муътадил ва устувор коркарда ва барои баррасӣ ба Ассамблеяи Генералии СММ пешниҳод карда шавад.
Дар ҳуҷҷати мазкур бояд муносибатҳои умумӣ, равандҳои асосӣ ва самтҳои мулоқоти мо зикр гарданд.
Ҳамчунин дар лоиҳаи баённома тайёр будани мо ба баргузор намудани анҷуманҳои мунтазами дараҷаи олӣ бинобар робитаи тарафайни минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Муҳтарам иштирокдорони конфронс!
Дар бораи нақши кишвари мо дар ин ҷараёнҳо сухан ронда, мехостам ҷиҳатҳои зеринро махсус қайд намоям.
Анҷумани мо дар давраи муҳими таърихии истиқрор ва рушди Ӯзбекистони нав баргузор мегардад.
Мо ислоҳоти демократиро дар тамоми ҳаёти ҷамъиятӣ мунтазам татбиқ менамоем.
Онҳо ҷиҳати васеъмиқёс ва бебозгашт доранд. Ин хоҳиши қатъии халқи мост.
Дастоварди бузурги сиёсати хориҷии Ӯзбекистон тағйироти куллӣ дар рушди муносибатҳои ҳамсоягии нек дар Осиёи Марказӣ – бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон гардид.
Бо саъю кӯшишҳои умумӣ мо муваффақ шудем, ки дар минтақаи худ муҳити куллан нави эътимод ва дастгирии тарафайнро ташаккул диҳем.
Мо барои мулоқоти мунтазам ва якҷо муайян кардани «нуқтаҳои нав» ва муҳаррикҳои пешрафт масоҳати самарабахшро фароҳам овардем.
Ният дорем Мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ибтидои моҳи август дар Туркманистон баргузор намоем.
Махсус таъкид мекунам: Ӯзбекистон шарики муътамад, доимӣ ва боварибахш ба шумор меравад, ки ба рушди ҳамкории конструктивию барои тарафайни муфид саъй менамояд.
Муҳтарам хонумон ва ҷанобон!
Меҳмонони азиз!
Умумияти таърихӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, ки дар он манфиати кишварҳо ва халқҳои мо мувофиқат мекунанд, ин пойдевори мустаҳкамест, ки мо метавонем дар он ояндаи фаровони умумии худро бунёд намоем.
Замони идрок намудани он расид, ки бидуни таҳкими ҳамкорӣ, иртиботи самарабахши тарафайни минтақавӣ мо наметавонем таҳдидҳоеро, ки алҳол кишварҳоямон бо онҳо рӯ ба рӯ меоянд, паси сар намоем.
Моро зарур аст, пешомади дақиқи рушд ва шукуфоии пойдори муштараки худро кор карда бароем.
Мо бояд Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, умуман тамоми қитъаи Авроосиёро ба соҳати муътадил, аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта ва шукуфон табдил диҳем.
Ба тамоми иштирокдорони анҷуман кори сермаҳсулро орзу мекунам.
Барои эътиборатон ташаккур.