ШУКРОНАИ ДАВРУ ЗАМОН

Солҳои 2010-2014 бо ҳидояти инсони равшанзамир, корманди собиқи амнияти миллӣ, шодравон Додо Ҳоҷизода ба шаҳри Гулистон рафтам ва дар идораи радиову телевизиони вилоят – шабакаи гуфторҳо ва барномаи тоҷикӣ ба кор шурӯъ кардам.

Раиси он Олимҷон Дӯшаев, ҳарчанд маро ба сифати ходими адабӣ ба кор гирифта, гувоҳнома ҳам дод, қариб дар ҳар як суҳбат такрор мекард, ки пахши гуфторҳо ва намоиши барномаҳои  тоҷикӣ маҳдуд буда, мумкин аст рӯзе аз байн раванд. Барои ин аз «боло» супориш ҳаст...
Аз ин гуфтори нохуши  раиси мулоимхунук Додо Ҳоҷизода ботинан ба ғазаб ояд ҳам, онро базӯр фурӯ менишонд. Чунин ҳолати рӯҳии ӯро ман борҳо мушоҳида карда будам. Он даврон рӯзномаи «Овози тоҷик» дар вилояти Сирдарё мухбири худро надошт. Додо Ҳоҷизода аз сармуҳаррир хоҳиш ба амал овард, ки маро ба ҳайси хабарнигори махсуси вилоят ба кор гирад. Ин хоҳиши ӯро ба инобат гирифтанд.
Медидам, ки дар бозори асосии шаҳри Гулистон тӯда-тӯда одамон (бештар омӯзгорони мактабҳо) аз қафои судхӯрон медавиданд, то маблағи дар корти пластикӣ доштаи худро ба пули нақд табдил диҳанд. Болоӣ 20-25 фоиз дода пули нақд мегирифтанд. Он замон аз банкоматҳое, ки имрӯз дар ҳама ҷо, бештар дар назди бонкҳо ҳастанд, ному нишоне ҳам набуд...
Дар деҳот низ нафақаи нафақахӯронро ба кортҳо андохта медоданд. Онҳо ҳам дар ин бобат азоб мекашиданд. Хушбахтона, алҳол куҳансолон аз он азобу азиятҳо халос хӯрданд. Онҳоро акнун ройгон ба истироҳату тамошои зиёратгоҳҳои шаҳрҳои калон мефиристанд.
Модари пиронсолам ба наздикӣ дар тадбирҳои наврӯзии ҷумҳурӣ – воқеъ дар шаҳри Тошканд ҳамроҳи фаъолони Маркази миллию фарҳангии тоҷикон ширкат ҷуста, бо Сарвари давлат муҳтарам Шавкат Мирзиёев вохӯрд, ӯрову тамоми мардуми Ӯзбекистонро бо ҷашни Наврӯз муборакбод намуд, дуои нек кард:
– Илоҳӣ, ба бахти халқи бисёрмиллионнафараи Ӯзбекистон Президент сиҳату саломат бошанд, ба ин дамҳои хуш шукри беҳад бод! – гуфт модарам даст ба дуо бардошта.
Азбаски сарҳади Тоҷикистон маҳкаму равуо бидуни раводид ғайриимкон буд, чандин одамон, ҳатто ба маросими азои азизони худ ҳам рафта наметавонистанд.
Соли 2013 аз пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе хабари нохуш расид, ки журналисти шинохта, ҳамдиёру устодамон Пайванди Гулмуродзода аз дунё гузаштааст. Ба маросими дафни устод иштирок намудан на танҳо ба ман, балки ба додару хоҳаронашон ҳам муяссар нашуд.
– Ин ва солҳои дароз маҳрум будан аз шиносномаи шаҳрвандӣ ба рӯҳияи ман бисёр таъсири манфӣ расониданд, –  бо ҳасрат мегӯяд ҳуқуқшиноси ботаҷриба, додари устод Гулмуродзода – Фирӯз Шомуродов. – Фақат баъд аз боз гардидани сарҳади ду давлат ба хонаи бародарам рафта тавонистам. Соли гузашта дар қатори ҳазорҳо нафар сокинони ҷумҳурӣ соҳиби шиноснома ва мақоми шаҳрвандӣ гардидам...
Алҳол дар саросари ҷумҳурии мо вобаста ба ворид намудани дигаргунӣ ва тағйирот ба Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон тайёрӣ дида мешавад, барои ин 30-юми апрел раъйпурсии умумихалқӣ баргузор мегардад. Ба ин муносибат дар маҳалҳо ва деҳоти вилояти Ҷиззах низ ҷамъомадҳо мегузаранд. Дар онҳо омӯзгорон, ходимони тандурустӣ, соҳибкорони номӣ ба сухан баромада, бобати баланд гардидани нуфузу обрӯи муаллим дар ҷомеа, эътибор ба беҳ  кардани сифати таълими мактабҳо, зиёд шудани боғчаҳои бачагона, ғамхорӣ ба соҳаи тандурустӣ ва ба ин васила сиҳатии инсон, барҳам ёфтани меҳнати маҷбурӣ ва монанди инҳо ҳарф мезананд, раъйпурсиро дастгирӣ мекунанд.
– Дар ҳар маҳалле, ки мактаб ҳасту масҷид ҳам дорад, одамони бамаърифат ба камол мерасанд, – мегӯяд омӯзгор Тӯймурод Мақсадов. – Ин аст, ки маҳаллаҳо соҳиби мактабҳо ва масҷидҳои обод мешаванд ва ин, албатта, ба манфиати мардум аст.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: