«МОРО ЗИ ХОБИ ҒАФЛАТ БЕДОР КУН, ХУДОЁ...»

Варақгардонии саҳифаҳои дӯхтаи рӯзномаи «Овози тоҷик» касро ба андеша водор мекунад.

. Дар вазъияти бисёр мураккаби сиёсӣ, дар даврае, ки мавҷудияти мардуми тоҷик ва забони форсии тоҷикӣ зери шубҳа буд, ба камсаводии мардуми одӣ нигоҳ накарда, бо саъю ҳаракати дастбакоронаш «Овози тоҷик» тавонист байни мардум шуҳрат пайдо кунад. Хонандаи худро ёбад. «Овози тоҷик» моҳи июни соли 1928-ум 3500 нусха чоп мегардид. Ин рақамро дида, адади нашри «Овози тоҷик»-и садсола ба ёдам расид, ки дар аввали соли 2024-ум 242 нусха аз чоп баромад. Аз ин ду рақам худатон хулоса бароред...  Шоир шояд муроҷиатан ба мо гуфтааст:
Моро зи хоби ғафлат бедор кун, 
Худоё,
Аз хасми ҷони миллат ҳушёр кун, 
Худоё!
Дар ҳамон вазъияти вазнин хабарнигорони қавииродаи «Овози тоҷик» тавонистаанд «дарди дили худро ба воситаи рӯзномаи худ, ки ба забони тоҷикист, ба ҳар кас во намоянд» (Айнӣ), назари хонандаро ба худ ҷалб кунанд. Яке аз вазифаҳои муҳимтарини рӯзнома ташаккули маънавияту маърифат, ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ва билохира шахсият буду ҳаст. Дар ин раванд «Овози тоҷик» саҳми мондагоре доштааст. Ҳар як хабару мақола, ки дар саҳифаҳои рӯзнома чоп шудаанд, дар рӯҳияи танқидӣ иншо гардида, камбудӣ ва нуқсонҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангиро ошкор карда, баҳри ислоҳи он кӯшиш ба харҷ додаанд.
Дар шумораи 237-уми рӯзнома аз 20 июни соли 1928 зери рукни «Дар майдони маориф» «Дар бораи адабиёти саҳна» ном мақола бо имзои мустаори Ҳ. Б. ба чоп расидааст. Ҳ. Б. имзои Ҳамид Бақозода (5. 05. 1910, Самарқанд – 16. 09. 1943) мебошад, ки дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Самарқанд ва Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд таҳсил кардааст. Яке аз хабарнигорони фаъоли «Овози тоҷик» буд. Аз 14 октябри соли 1924 то 30 декабри соли 1930 танҳо дар «Овози тоҷик» зиёда аз 900 номгӯй навиштаҳои ӯ ба табъ расидаанд. Номбурда бо имзоҳои мустаори «Ҳуттӣ», «Як ҷавони тоҷик», «Тоҷик», «Тоҷикдӯст»,»Ҳ. Бақозода» ва ғайра мақола менавишт. Инак, мақолаи ӯ «Дар бораи адабиёти саҳна»-ро бо каме ихтисор, вале айнан пешкаши хонандагон мекунем.
«Театр дар санъати нафис ҷойи муҳимро ишғол мекунад ва бо нафисии худ ҳамаро ба атрофаш ҷалб намуда, ғанои рӯҳӣ медиҳад. Мо дар бораи аҳамияти театр ҳарф намегӯем, балки дар бораи адабиёти саҳнагии тоҷикӣ гуфтанӣ ҳастем...
...Бо кушодани мактабҳо халқи тоҷик чашми худро кушоданд ва ҳаваси театр дар байни меҳнаткашони тоҷик зиёд шуд. Дар ҳар куҷо мондани театр ва консертҳо шунида мешуд ва коргарону деҳқонони тоҷик бо хурсандӣ омада тамошо мекунанд ва таъсири хуб гирифта мераванд.
Аммо ҳоло ҳам дар байни тоҷикон корҳои пешрафт ба он дараҷаи ибтидоӣ мебошад. Барои театр мондан асарҳои инқилобӣ ва аз зиндагонии коргару деҳқонон гирифта шудагӣ рисолаҳо кам мебошад. Дар ҳар ҷо ҳаваси мондани театр ҳаст, аммо ба мисли он ки дар боло гуфтем, адабиёти саҳнаи тоҷикӣ бисёр нашр нашудааст. Ҳоло тоҷикон маҷбуранд, ки аз асарҳои русӣ ё ин ки аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ гардонида, баъд ба театр монанд.
Дар байни миллатҳои дигар корҳои театр хеле пеш рафтааст. Адабиёти саҳнаи эшонро рӯз ба рӯз мукаммал мегардонанд ва театр дар ҳар қадам аҳамияти бузург пайдо карда рафта истодааст. Аммо барои пеш бурдани корҳои театр ва аз он ҷумла дар бораи чоп кардани рисолаҳои инқилобӣ ва ҳаётии тоҷикон ҳеч гап нест.
Мо ин масъаларо дар пеши Комиссиюни забони маорифи Тоҷикистон ва Нашриёти давлатии Тоҷикистон барномаи таъмин кардани адибони саҳнаи тоҷикро хоҳиш мекунем ва аз ҳамин вақт ба ин масъала бо ҷиддият даромаданашро мепурсем.
Агар саҳнаи тоҷикон ба ҳар гуна адабиёт таъмин мешуд, корҳои театр дар миёни коргарону деҳқонони тоҷик тараққӣ намуда, ҳамаро сӯйи худ ҷалб мекард.» Ҳ. Б.

Таҳияи 
Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: