Дӯст, ҳамкор, шогирд ва дигар шиносҳояш ӯро чун олими зукко, инсони дилогоҳу ғамхор, соҳибдилу хирадманд ва ҳозирҷавоб дар ёд доранд.
Набошад некботин дар паи ороиши зоҳир,
Ба наққош эҳтиёҷе нест девори
гулистонро.
(Калими КОШОНӢ).
Дӯст, ҳамкор, шогирд ва дигар шиносҳояш ӯро чун олими зукко, инсони дилогоҳу ғамхор, соҳибдилу хирадманд ва ҳозирҷавоб дар ёд доранд. Ин шахс – адабиётшиноси соҳибзавқ, дотсенти кафедраи адабиёти халқҳои бародар ва назарияи адабиёти Донишгоҳи давлатии Самарқанд Талъат Абдуҷабборов буданд, ки аз ҳаёт бармаҳал чашм пӯшидаанд.
Талъат Абдуҷабборов дар гӯшаву канори Тоҷикистон ва шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишини Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон шогирдони зиёд доштанд. Бисёрии онҳо ҳоло ҳам тез-тез дар донишгоҳ меҳмон шуда, номи ӯро ҳамон бо эҳтиром ба забон мегиранд. Зеро бе ҳеҷ як муҳобот ин устоди камгапи ширинсухан дар дили шогирдонаш аз меҳру самимият ошёни баланд гузоштааст. Ба ёдам солҳои донишҷӯӣ, симои устод, дарсгӯиҳояш меоянд: сару либоси хоксорона, чеҳраи пурнур, нигоҳи пурмаънӣ ва беғаш, табассуми самимии ба худ зебанда дар эшон ҳувайдо буд. Сабақҳои устод ниҳоят мароқовару дилчасп буданд. Бино ба мушоҳидаҳои худам ва дигар шогирдонашон одати аҷиб доштанд: китобашонро «коғазпеч» карда ба аудитория медаромаданд, пеш аз дарс шогирдонро на «ҳозиру ғоиб» мекарданд ва на ягон донишҷӯ аз дарсашон баҳои ғайриқаноатбахш мегирифт. Яъне, ҳама аз устод розӣ буданду устод ҳам хурсанд. Баъзан донишҷӯ кори хатое кунад, бо шакарханди беғашу беғубор нармакак танбеҳ медоданд…
Талъат Абдуҷабборов соли 1928 дар оилаи шахси бомаърифат ба дунё омад. Падари кӯҳнавардаш барвақт аз олам гузашт. Дар шароити душвори солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ мактаби миёнаро хатм карда, орзуи гирифтани маълумоти олӣ кард: дар дили вай меҳру муҳаббат ба адабиёт барвақт ғунча баста буд. Аммо орзуҳои ҷавонӣ бепоён буданд: ӯ мехост, ки табиби ҳозиқ ҳам шавад. Ин буд, ки вай дар як вақт ба ду мактаби олӣ – факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии Самарқанд) ва Институти тиббии Самарқанд – дар яке ғоибона ва дигаре рӯзона дохил шуда, ҳар дуро дар як вақт бо дипломи имтиёзнок хатм кард. Ба ӯ рӯҳи Абӯалӣ ибни Сино мадад карда буд. Ҷавони серғайрату илмдӯстро аз ҳар ду маскани илм ба аспирантура тавсия карданд…
Муҳаббат ба адабиёт баландӣ кард, ки ӯ минбаъд аз пайи илми адабӣ рафт. Зеро адабиёт дар фаҳмиши вай дарси одаму оламшиносӣ, таълими сухан, муҳаббат ва садоқат ба фазилатҳои одамӣ буд. Аз ин рӯ, дар аспирантураи Академияи фанҳои Шӯравӣ таҳти роҳбарии профессор А.Боровков ба омӯзиши пешаи интихобкардааш камар баста, соли 1958 дар Маскав доир ба мавзӯи «Роҳҳои ташаккули драматургияи ӯзбек» рисолаи номзадиро бомуваффақият ҳимоя намуд.
Ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии ӯ аз соли 1954 то рӯзҳои охирини ҳаёташ бо Донишгоҳи давлатии Самарқанд алоқаманд буд: вай баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ ба ин ҷо ба кор омад. Чанд муддат мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳ буд. Аз соли 1958 то соли 1980 ҳамчун дотсенти ҳамин кафедра, аз соли 1980 то рӯзи охирини ҳаёташ – 5 июни соли 1986 ҳамчун дотсенти кафедраи адабиёти халқҳои бародар ва назарияи адабиёти донишгоҳ фаъолияти ибратбахш нишон дод. Мақолаву тақризҳои сершумори ӯ, ки дар маҷмӯа, маҷалла ва рӯзномаҳо чоп шудаанд, ҳамин гуна хусусиятро соҳибанд. Байти поёнӣ гӯё дар сифати ӯ гуфта шуда бошад:
Сухан кам гуфтану андеша кардан,
Беҳ аз бисёргӯӣ пеша кардан.
Баъзан дар баҳсҳо, маҷлису суҳбатҳои адабӣ ҳангомаписандон лаҷоми суханро ба даст гирифта, суханбозӣ мекунанд. Аммо устод дар чунин мавридҳо низ оҳиста ва дониста сухан мекард. Ба гуфтаҳои хурду калон бо диққат гӯш меандохт, бо тааммулу андеша муҳокима меронд. Гӯё ӯ гапи мегуфтаашро дар тарозуи ақл бармекашиду пас хулосаашро манзури аҳли сӯҳбат мегардонд.
Ӯ дили бузурге дошт. Шогирдонашро бо меҳрубонӣ маслиҳатҳо медод. Ба онҳо мӯнису наздик буд. Устоди хоксор аз барори кори шогирдонаш меболид. Аз комёбиҳои Ато Аҳроров, Ҷӯра Бақозода, Ҳамроқул Шодиқулов, Ҳасан Қудратуллоев, Салим Кенҷа, Аслиддин Қамарзода, Рауф Маъруфӣ, Мардон Шарофов, Нормурод Нарзуллоев, Адаш Истад, Хуршед Қамар барин шогирдонаш, ки нависандаю шоир, мунаққиду рӯзноманигор, олиму омӯзгор буданду ҳастанд, гул-гул мешукуфт. Бо онҳо ҳамкорӣ карда, мақолаю тақризҳо менавишт.
Китоби «Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ», ки устод онро дар ҳамдастӣ бо адабиётшиносони маъруфи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Расул Ҳодизода навиштааст, дар муддати кӯтоҳи он давр ду маротиба нашр шуда бошад ҳам, ҳоло ба қатори китобҳои нодир даромадааст. Ин луғат ба китоби рӯимизии мутахассисони соҳаи адабиётшиносӣ, муаллимону донишҷӯён табдил ёфтааст. Дар бораи ин китоб ҳанӯз дар вақташ шарқшиноси маъруфи чех Иржи Бечка дар журнали «Архив Ориентал» тақризи муфассале чоп кунонида, ба он баҳои баланд дода буд. Эзоҳи бисёр истилоҳоти адабиётшиносии мансуби драматургия ба қалами Талъат Абдуҷабборов тааллуқ доранд. Устод ният дошт, ки дар арафаи шастсолагии худ рисолаи докториро ҳимоя намояд. Бо ҳамин мақсад ӯ як силсила мақолаҳои илмиашро эълон карда буд. Монография ва китобҳои дарсии ӯ дар арафаи нашр буданд. Ҳамаи ин бори дигар гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ олими пурмаҳсул буду муттасил кор мекард, аз ҷустуҷӯ ва таълиф канор намеҷуст.
Солҳои донишҷӯӣ аз устод асрори асосҳои адабиётшиносӣ ва назарияи онро таълим гирифтам, бо дастгириву меҳрубониҳои ӯ аввалин мақолаҳои илмиву тақризҳоро дар ҳаммуаллифӣ дар рӯзномаҳо чоп намудем. Солҳое, ки дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») кор мекардам, бо устод ҳамкории эҷодӣ доштаму мактубҳо мегирифтам. Устод дар мактубнависӣ низ камгап ва хоксор буданд. Дар яке аз мактубҳо навишта буданд:
«Абдусалом, салом!
Ба умеди мактуби Шумо дар хусуси мақола оид ба Лоҳутӣ будам, дарак нашуд. Бо вуҷуди ҳамин, ҳамроҳи мақолаи худатон бо каме таҳрир фиристода истодаам. Бинед, дар газета истифода баранд хуб, материал дошта бошанд: бо радио (рафиқ Қӯлдошев) гапзанон кунед, шояд истифода баранд.
Мақоларо бори дигар худатон ҳам аз назар гузаронед, мумкин аст илова шавад. Дар Тоҷикистон ҷашни Лоҳутӣ 12 декабр қайд карда мешавад.
Бо салом ва эҳтиром ба ҳамаи ҳамкасбон навишта истед гӯён, муаллиматон Абдуҷабборов.
28 ноябри соли 1977».
Т.Абдуҷабборов сардори меҳрубони оила ҳам буд. Ҳамкорони собиқ ёдовар мешаванд, ки ӯ ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар аспирантура, ки нав хонадор шуда, шароити зиндагиаш чандон мусоид набуд, қисме аз стипендияи худро барои таъмини рӯзгор ба Самарқанд мефиристод. Минбаъд ҳашт нафар духтару писаронро ба воя расонид. Духтари калониаш баъди хатми Институти тиббии Самарқанд солҳои дароз дар яке аз бемористонҳои вилоят шифокор буд. Ду духтари муаллим филолог, дигарон низ соҳиби касбу кори гуногунанд, дар хизмати мардум аз сидқи дил меҳнат мекунанд.
Абдусалом САМАДОВ,
номзади илмҳои филологӣ.