КАБУДАК

Ҳаҷвия

Сардор мудири қисми хоҷагии корхонаро назди худ даъват карда,  бо ҷиготи гирифта норозиёна гуфт:
– Одина, туро дафъаи охирин огоҳ мекунам, – Саксанбой Қӯзибоевич бо сиёсати ба худ хос қаламашро рӯйи миз зад. – Агар боз як маротиба собунмонаки дастшӯякро холӣ бинам, ё аризаатро менависӣ, ё худам ҷавобатро медиҳам. Ана баъд чор тарафат қибла!
– Фаҳмо, лекин бори панҷум аст, ки чунин ҳолат рух медиҳад, – содалавҳона шарҳ дод Одина Ҷаббор, – аввалҳо дар идора ин ҳолат набуд. Пас аз ба кор омадани ду-се нафар собун худ аз худ гум мешавад.
– Ин мушкили ман нест, – садо баланд кард роҳбар, ки пӯстинашро чаппа пӯшида буд. – Ту бояд донӣ, ки маданият, тозагӣ, тартибу интизом дар ҳама ҷо, ҳатто дар он ҷое, ки мардум аз рӯйи зарурат мераванд, лозим аст. Ҳозир ба ту ҷавоб! Ин гуфту Саксанбой Қӯзибоевич дар курсӣ бароҳаттар нишаст.
Одина Ҷаббор аз қабули калон бо димоғи сӯхта баромад. «Чӣ бояд кард, ки “калламуш» ба дом афтад», ба реҷа кашидан пардохт вай. Ин кори кадом нохалаф бошад? Дузд якто – гумонбар садто! «Фонаи чӯб аз танаи чӯб. Шояд ин кори ҳамқишлоқаш Ӯроқбой аст. Ӯ ба кор омаду ҳатто аз «хонаи зарурат» тӯп-тӯп коғазҳо ғайб заданд. Аҷаб дунёе, зоҳир аз шайху ботин – аз шайтон. Одинаи Ҷаббор ба дӯсташ Сайёд ҳолатро фаҳмонд. Вай ҳам гуфт, ки чунин ҳолатро мушоҳида кардааст. 
– Ҷӯра, асло ғам махӯр, як коса ош кам нахӯр, – қоҳ-қоҳ зад вай, ки ҳамеша фикрашро бо шеър ё мақол изҳор мекард. – Аввал таҳқиқ, баъд боварӣ. Лекин бад бо бадӣ мемирад. Маслиҳат ҳамин, ки ҳоло собуни моеъ бисёр ва ранги онҳо ҳар хел аст. Ту ду-се шишаи холӣ ёб. Ба як-дутои онҳо, ки ранги сабз доранд, аз дорухона «зелёнка», яъне марҳами кабудак андохта, ҳамчун собуни захиравӣ каме аз дастшӯяк дуртар гузор. Собуни ҳақиқиро бо ресмон аз гардани зарфаш баста дар ҷойи муқаррарӣ мон. Гурги гурусна оғил мекобад. Инро «давои қурут – оби ҷӯш» гӯянд. Охир то ба кай «дег аз кию нон аз кию дарди сар аз кӣ»?
Одина Ҷаббор аз утоқи дӯсташ бо табъи болида ба дар рафт. Вай аз рӯйи реҷа амал кард. Дузди «боинсоф» ду шишаи захиравии собуни рангаш сабзро бурд. Ва аз байн ду рӯз нагузашта Одина Ҷаббор аз назди бинои комбинати шустагарии кимиёӣ мегузашт, ки аз дари он саросема баромадани Ӯроқбойро диду худро ба паси девор гирифт. «Ин ҷо як гап ҳаст, – табъаш болида гашт, – агар як бало набошад, зоғ чаро дар саҳро равад?» 
Ҳамин ки гумонбари ӯ аз чашм ғайб зад, Одина Ҷаббор назди мудири шуъбаи қабули мизоҷон омад ва гуфт, ки ҷавони фатиламӯйи костюми қаҳваранг дар тан ҳамаи чизҳоро оварда дод ё не?
– Ман надонам вай бояд чиҳо меовард, – ходими аз нимкосаи таги коса бехабар сӯйи ду куртаи сафеди занона ва мардона ишорат кард. – Гумон аст, ки ранги сабз равад, кадом аҳмақ бо зелёнка ҷомашӯйӣ мекунад?
Коргар аз ҷояш хест ва барои тасдиқи фикраш куртаҳоро намоишкорона аз замин бардошта гуфт, ки собун сохта ё қалбакӣ будааст.
– Одамизод шири хомхӯрда, – Одина Ҷаббор аз ханда худдорикунон телефонашро гирифт ва акси куртаҳоро бардошт.
– Мо албатта фиребгарҳоро ёфта ҷазо медиҳем, – вай ба худсафедкунӣ гузашт. – Баъзеҳо хеле ҳаннот шудаанд. Ҳатто собун гуфта, ким-чӣ балоҳоро мефурӯшанд.
Одина Ҷаббор хурсанд назди Сайёд омаду аксҳои куртаҳои ранголудро намоиш дод. 
– Инро «як ҷастӣ малахак, ду ҷастӣ малахак, оқибат ба дастӣ малахак» мегӯянд, – завқ карда хандид Сайёд. – Аммо пеш аз пода чанг кардан лозим не. Акнун исботи дуздӣ лозим.
Ҳар ду реҷа кашида ба хулосае омаданд, ки акси куртаҳои доғолудро аз  дастгоҳи аккосӣ бароварда, болои мизи кории Ӯроқбой гузошта мебинанд, ки соҳибаш чӣ кор мекунад. 
– Магар худамон ба вай расмҳоро супорем, хубтар нест? – пурсид Одина Ҷаббор, – шаф-шаф нею, шафтолуи гапро гӯем... 
Вақте ки Ӯроқбой расмҳоро ба даст гирифт, ранг бохт. Чанд лаҳза хомӯш монд ва бо баҳонае худро ба дар зад. Одина Ҷаббор тантанавор эълон кард.
– Дӯстон, ба Ӯроқбой тахаллус гузоштем – Кабудак. Вале Кабудак дигар ба кор наомад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: