Вақти таҳсил қариб ҳар рӯз аз назди мактаб гузашта, чашмамон ба хонандагон меафтад, ки аз мактаб бармегарданд.
Вале соат ҳанӯз 12 нашудааст. Пурсед, ки чаро барвақт аз мактаб ҷавоб шудаанд, бачаҳо мегӯянд, ки муаллим касал шудаанд, тӯй доштаанд ё ба хондан рафтаанд... барои ҳамин ҷавоб додаанд. Падару модарон ҳам ба ин эътиборе намедиҳанд ва ё намедонанд, ки муаллим дарсро нагузарад, хонандагон аз омӯзиши ҳамон мавзӯи дарс бебаҳра мемонанд ва ё умуман омӯзонида намешаванд. Чаро ба ҳалли ин муаммо роҳбарони мактаб намекӯшанд, ба ҷойи як муаллими бемор омӯзгори дигарро ба дарс намедароранд? Вале дар журналҳои синф қайд мекунанд, ки дарсҳо гузаронида шудаанд. Ва муаллимон моҳонаи худро пурра мегиранд. Ҳар рӯз агар дар ҳар мактаб бо сабабҳои гуногун чунин ҳодисаҳо ба амал ояд, дар миқёси ноҳия ва вилоят чандсад соатро ташкил мекунад!? Ҳол он ки як талаба ё толиба ба дарс дер монад ва ё наояд, худи муаллимон онҳоро сарзаниш мекунанд. Дар сурати нагузаштани дарс, вале дар журнал қайд кардани мавзӯъ чӣ маънӣ дорад? Ҳангоми барвақт омадани фарзандон падару модарон ҳам намепурсанд, ки чаро барвақт омад: Сабабашро аз маъмурияти мактаб ва муаллимоне, ки ба таълиму тарбия хунукназарона муносибат мекунанд, намепурсанд, ба дарсҳояш иштирок карда, тарзу усули дарсдиҳиашро намесанҷанд.
Дар Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон оварда шудааст: «... дар навбати аввал эътиборро ба бузургтарин сармояи Ӯзбекистони Нав – дастгирӣ намудани таълим менигаронем.
«Наҷот – дар таълим, наҷот – дар тарбия, наҷот – дар дониш». Чунки ба ҳама гуна мақсадҳои нек ба туфайли дониш ва тарбия муваффақ мегарданд».
Мо – калонсолон хонандаҳоро бача, ҳоло ҳеҷ чизро намедонад ва ё намефаҳмад, гуфта фикр мекунем, ки ин нодуруст аст.
Боре бо хонандае суҳбат доштам. Аз фанне саволе дода, дараҷаи донишашро санҷиданӣ шудам. Вай маъюсона гуфт:
– Ин айби ман не. Ин фанро ман дӯст медорам. Вале дарси дурусте намегузаранд. Дар ним сол як соат гузаштанд.
Пурсуҷӯ намоям, аз он фан худи директори мактаб дарс медодааст. Ба директори мактаб осон. Баҳонаашон ҳамеша тайёр: «Комиссия омад... ба маҷлис ҷеғ заданд... дар видеоселектор иштирок доштам...»
Ба андешаи ман вазифаи асосии директори мактаб низ таълиму тарбияи хуби бачаҳост. Давомоти хонандагонро таъмин созад, дарсҳо пурра гузашта шаванд, муаллимон бо тайёрии пухта ба дарсҳо дароянд, корҳои маънавию маърифатиро пурзӯр намоянд. Худ дар ин бобат намуна шаванд. Вале дар аксар мактабҳо мебинед, ки онҳо бештар бо корҳои хоҷагии мактаб машғуланд.
Ҳозир дар ҳар синфхонаи мактаб видеокамера насб карда шудааст. Ин аз як тараф хуб. Роҳбари мактаб ба воситаи он рафти дарс, тарзи дарсгузарии муаллимонро назорат мекунад ва баъзан омӯзгоронро ҳушдор месозад. Роҳбари мактаб бояд ба дигар омӯзгорон намуна шавад. Хоҳ-нохоҳ дар дили баъзеи онҳо саволе ба миён меояд: агар худи директор чунин рафтор кунад, ба ман-чӣ? Дарсамро гузаштам, шуд, бало ба пасаш.
Боре ба як мактаб даромадам. Пештар ҷонишини директори мактаб оид ба корҳои маънавӣ-маърифатиро ҳамеша дар берун медидам. Аз болои тартибу интизоми хонандагон назорат мебурд. Ин дафъа дар кабинети кориаш сархам менишаст. Сабаб пурсам, ба сӯйи монитори компутер ишора кард. Дар он иҷрои як олам корҳое нишон дода шуда буд, ки ба мантиқ рост намеояд. «Илм чароғи ақл», «Ҳунар чашмаи зоянда», «Тилло магир, илм гир» ва ғайра мавзӯъҳо пешниҳод кардаанд ва бояд хонандагон иншо нависанд. Дар мавзӯъҳои «Духтари аз ҳама фаъоли ихтирочӣ», «Ғояи аз ҳама беҳтарини инноватсионӣ», «Бале, духтарон» озмун гузаронанд. Бо ғолибони олимпиадаҳои байналхалқии хонандагон ва ягон дорандаи Мукофоти Зулфия вохӯрӣ ташкил намоянд... Рӯзи ҷумъа ин супориш дода, иҷрои он рӯзи душанбе талаб карда мешуд. Яъне дар давоми се рӯз чӣ кор кардан мумкин? Талаб мекунанд, бояд иҷро шавад. Сари ҷонишин гаранг... Баъди чанд рӯз дидам. Пурсидам ҷавоб дод, ки аз ҳаво маълумотнома навишта фиристондам. Роҳбари мактаб ҳам гуфт, ки маълумотнома фиристам халос, ба дигараш корам набошад. Ҳоло ман ҳам ба ҳамин кор машғул. Онҳо супориш медиҳанд, ман маълумот медиҳам. Ҳамааш сохта, ба воситаи интернет. Онҳо ҳам хурсанду ман ҳам...
Дар мактаб ҳоло муаллимон асосан ба ҳисоботдиҳӣ машғуланд. Охир корҳое, ки мо имрӯз мекунем, ҳамчун бумеранг фардо ба сари худамон омада мезанад. Мо аз ин тарафи масъала бехабарем. Ин гуноҳи мо аст, вале хонандагон моро мебахшанд?!
Латифае ба хотирам меояд.
Аробакашеро ҳама таъриф мекардаанд. Боре вай аробаашро чаппа кардааст. Аробакаш ба ҷойи чорае дидан афсӯсхӯрон худ ба худ гуфтааст:
– Э, афсӯс, писарчаамро ҳамроҳ нагирифтаам-дия. Агар вай ҳамроҳи ман мебуд, ҳама балоро ба сари вай бор мекардам...
Ҳозир дар мактабҳо ҳам ҳамин хел. Ҳамеша бачаҳо гунаҳкоранд.
Боре дар як чорабинии мактабӣ иштирок кардан ба ман муяссар гардид. Тадбир аз вақти муайяншуда дертар оғоз ёфт. Дар ин байн чанд маротиба микрофон кор накард. Духтараке ҳангоми хондани ғазали Ҳофиз ба хатое роҳ дод. Муаллима амр кард, ки ғазалро дубора хонад. Охир вай инро ба навор гирифта истодааст! Тарсу воҳимаи духтарак зиёд шуд, ё ҳаяҷон пахш кард, ки боз ғалат хонд. Боз аз шунидани сарзаниши муаллима лола барин сурх шуд ва ҳунгосзанон гириста, баромада рафт...
Оре, ҳозир барои баъзе омӯзгорон чорабинӣ муҳим не, акс ё навори он муҳимтар аст, ки дар канали даркориашон монанд ва роҳбарон бинанд. Хулоса, дилакашон ба «лайк» гум мезанад. Охир «лайк» ҷойи донишро намегирад. Диплом дошта бошаду малакаи зарурӣ не, аз ин хел дипломдорӣ ба дигарон чӣ фоида?!
Инро ҳам бояд ба назар гирем, ки худи бачаҳо ҳам дар мактаб аз рӯйи ақлу одоб корбарӣ намекунанд. Зеро ба онҳо на танҳо мактаб, боз кӯча, телефон ва телевизор ҳам «дарс» медиҳад. Аз рӯйи ақидаи рӯҳшиносон, агар мо бо бачаҳо бештар машғул шавем, меҳри онҳоро ба хондану омӯхтан баланд гардонем, насли нави доно ва хушодобу меҳнатдӯст ба воя мерасад.
Бачаҳо зираканд, медонанд, ки кадом муаллим чӣ хел дарс мегузарад. Сад афсӯс, ба ин тарафи масъала омӯзгорон эътибор намедиҳанд.
Ҳар гуна зӯроварии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ нишонаи ба касби худ номувофиқ будани муаллимро нишон медиҳад. Албатта, муаллим ҳам мисли ҳама инсон ва соҳиби ҳиссиёт аст. Вале аз доираи муайяни педагогӣ берун барояд, вай дигар омӯзгор нест. Гуфтору рафтор, корбарӣ, дарси дурусте надодани муаллими ин ё он фан солҳои дароз дар лавҳи хотири хонанда нақш мебандад, ихлосаш ба ҳамон муаллим суст мегардад.
Бахтиёри ҶУМЪА,
вилояти САМАРҚАНД.