ТАДҚИҚОТИ МУҲИМ ОИД БА БОБУР

Муҳаққиқи нуктасанҷ, доктори илмҳои таърих, профессори Иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия Раҳмон Фармоновро аз ҳамон давре мешиносам, ки (дар овони таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон он кас дар кафедраи таърихи нав ва навтарин кор мекарданд) бо тадқиқоти масъалаҳои муҳимтарин ва баҳсноки таърихи Аврупои Ғарбӣ, хусусан Франсия машғул буданд.

Баъди муқим шудан дар Тошканд  ҳам оид ба таърихи умумиҷаҳонӣ, дипломатия, рисолаҳою китобҳои дарсӣ навиштаанд.

 

Аммо қобили қайд аст, ки устод Р. Фармонов солҳои охир дар мавриди таърихи кишварамон, равобити Ӯзбекистон бо кишварҳои хориҷӣ бисёр рисола ва мақолаҳои ҷолиб менависанд. Дар ҳаммуаллифӣ бо хонумашон Музайяна Фармонова ба чоп расонидани китоби пурқиммати «Амир Темури Кӯрагонӣ ва император Наполеон»  (Тошканд, «Тамаддун», 2017) бошад, таваҷҷуҳи аксари алоқамандони таърихи аҳди Темуриён ва Франсияи охири асри XVIII – ибтидои асри XIX-ро ба худ ҷалб намуд ва сазовори баҳои баланди мутахассисони он даврҳо гардид.
Устод чанд муддат пеш аз муаллифи ин сатрҳо китоби профессор, академик  Аҳрор Мухторовро бо номи «Санг ҳам диле дорад»-ро хоста буданд. Манзурашон мутолиаи бори дигари мақолаи Мухторов дар бораи навиштаҷоти рӯйисангии Заҳириддин Муҳаммад Бобур дар деҳаи Оббурдон ва чанде дигар деҳаҳои болооби Зарафшон будааст. Вақте китоби  чанде пеш ба чоп расидаи устод Р. Фармонов зери унвони «Заҳириддин Муҳаммад Бобур: шоҳ, шоир ва дипломат» (Т; «Тavfiqnashr», 2023)  варақ задам, дарк намудам, ки чаро муаллим ба  навиштаҷоти рӯйисангии марди сухан ва лашкаркаш Бобур Мирзо муроҷиат кардаанд. Барои муштариёни рӯзнома ёдовар мешавем, ки Бобур ҳангоми гузаштан аз Истаравшан (Ӯротеппа) ба деҳаи Оббурдони Мастчоҳ расида, рӯйи санг ин байтҳои Шайх Саъдиро сабт карда будааст:
Шунидам, ки Ҷамшеди
 фаррухсиришт,
Ба сарчашмае бар ба санге навишт:
«Бар ин чашма чун мо басе дам
 заданд,
Бирафтанд, то чашм барҳам заданд.
Гирифтем олам ба мардию зӯр,
Валекин набурдем бо худ ба гӯр».
Ё дар сари роҳи деҳаҳои Вешаб ва Шамтич ин байти хеле пурмазмунро рӯйи тахтасанг ҳаккокӣ кардааст: 
Дареғи умр, ки бе рӯйи дӯстон
 гузарад,
Хушо даме, ки бо ёрони меҳрубон 
гузарад.
Устод Р. Фармонов низ дар ин маврид, яъне ватанро тарк карда, роҳи Афғонистону Ҳиндустонро пеш гирифтани Заҳириддин Муҳаммад Бобур, дар монографияи тозанашрашон зикр кардаанд.
Оре, оид ба Бобур дар Ӯзбекистон ва хориҷ аз он даҳҳо  китоби бадеӣ ва рисолаҳои илмӣ ба чоп расидаанд. Дар  ин ҷода  хусусан адиби забардаст, муаллифи романи «Шабонгоҳони ситоразор» («Юлдузли тунлар»)  Примқул Қодиров, олими сермаҳсул Ҳасан Қудратуллоев, Ваҳҳоб Раҳмонов, С. Азимҷонова, И. Мавлонов, Д. Одилова ва дигарон  бисёр заҳмат кашидаанд, асарҳои пурарзиш таълиф кардаанд. Соли 2014 «Энсиклопедияи Заҳириддин Муҳаммад Бобур» нашр шуд.  «Бобурнома» ба забони имрӯзаи ӯзбекӣ табдил  карда шуд, ки мутолиаи  нусхаи аслро осон намуд.
Аммо, профессор Раҳмон Фармонов бо  ин монографияашон бобуршиносиро бо маълумотҳои нав ғанӣ намуданд. Азбаски устодамон забони тоҷикиро хуб медонанд, аз китоби академик Абдулғанӣ Мирзоев «Биноӣ» (нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1957)  низ фаровон истифода бурдаанд. 
Китоб аз се боб иборат аст: 1. Заҳириддин Бобур дар Мовароуннаҳр. 2. Асос гузоштан ба вилояти Кобул. 3. Заҳириддин Муҳаммад Бобур дар Ҳиндустон.
Монография бо забони хеле салис аз замони  тифлии Бобур то оғози фаъолияти сиёсиаш, ҳарбу зарбаш бо лашкари Муҳаммад Шайбонихон дар  назди деҳаи Сарипули Самарқанд, фатҳи Кобул, ба роҳ  мондани муносиботи дипломатӣ бо шаҳзодагони темурӣ, равобиташ бо шоҳи Эрон Исмоили Сафавӣ  хеле шавқовар ва дар муқоиса бо далелҳои аҷоиби таърихи он даврҳо ва салтанатҳо ҳикоя мекунад.
Қисми калони монография ба лашкаркашӣ ба Ҳиндустон, ҷанги Панипат ва Канва, ташкили давлати мутамаркази Ҳиндустон, дипломатияи Бобур бахшида шудааст, ки зимни мутолиаи он кас бо  сарчашмаҳои муҳим ва нодири таърихӣ рӯ ба рӯ меояд. Хусусан, қои-даҳои интихоби сафирон, одоби сафирон, нақши дипломатҳо-сафирони Бобурӣ дар инкишофи муносибатҳои сарзамини Ҳинд бо Эрону Мовароуннаҳр, султонҳои Усмонӣ ва Чин  хеле аҷиб тасвир шудааст. Дар монография дар бораи Соҳибқирон Амир Темур, Ҳусайн Бойқаро, Шайбонихон ва дигарон  низ сухан рафтааст. Боз як ҷиҳати китоб аз он иборат аст, ки муаллиф, ҳангоми суханронӣ  дар бораи дипломатия, фақат бо замони асосгузори салтанат – Бобур маҳдуд нашуда,  муносибатҳои дипломатии авлоди ӯ Акбаршоҳ ва Шоҳ Ҷаҳонро васеъ инъикос кардааст.
Китоб бо шарҳи «Бобур – шахси бунёдкор ва аллома» ба ниҳоя расидааст, ки  мазмуну мантиқи  мавзӯъро дар худ пурра ифода  намудааст.

Шоқаҳҳор САЛИМОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: