Дар арафаи 31-умин солгарди истиқлолияти кишвар ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров бо роҳбарони секторҳо аз ноҳияи Сӯх боздид намуд.
Дар аснои ин ташриф онҳо бо татбиқи лоиҳаҳо, бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ ва таъмини аҳолӣ бо шуғл аз наздик ошно шуданд.
Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик самараи ин корҳои бузург ба шукӯҳи шаҳраку рустоҳои ноҳияи дурдаст шукӯҳ ва намои тозаву зебо зам хоҳад кард.
Яке аз корҳои азим, ки ҳоло дар саросари вилоят ном баровардааст, азхуд кардани мавзеи Ҷавпая мебошад, ки татбиқи лои-ҳаҳои васеъмиқёси он барои таъмини аҳолии ҳамон минтақаи ноҳия бо ҷойи кор хеле мусоидат хоҳад кард.
– Дар ин мавзеъ як гурӯҳ одамон ба парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда машғуланд. Инчунин кишту парвариши заъфарон ва наматак боис хоҳад шуд, ки дараҷаи некӯаҳолии аъзои хонаводаҳои зиёд аз ҳисоби ҳосили он хеле боло равад. Нархи заъфарон, ки барои давои бемориҳои гуногун корбаст мегардад, дар бозорҳои ватаниву берун аз он хеле гарон мебошад, – гуфт Хайрулло Бозоров.
Дар ҳамин ҳол бо кумаки мутахассисони эронӣ дар вилояти Ҷиззах заъфарон чун зироати доруворӣ парвариш карда мешавад, ки маҳсулоти он асосан ба хориҷ содир мегардад.
Маълум шуд, ки дар мавзеи Ҷавпая бар асоси супориши Сарвари давлат ҷиҳати анҷом додани корҳои обёрӣ дар заминҳои истифоданашуда корҳои зиёд беш аз пеш вусъат пайдо кардаанд.
– Арзи вуҷуд намудани гармхонаҳое, ки дар 80 гектари мавзеи Ҷавпая ба мушоҳида мерасад, маҳз бар асоси қарзҳои имтиёзнок бунёд мегарданд. Дар ин ҷо ба эҳтиёҷмандон 10 сотихӣ заминҳои азхудшуда тақсим шудааст, то ки онҳо гармхона - лимонариҳои серҳосилу босамар ташкил кунанд,– изҳор намуд ҳокими вилоят.
Ҳодисаи дигари хурсандибахше, ки дар остонаи 31-умин солгарди истиқлолият дар ноҳия ба вуқӯъ пайваст, хатнасурии 31 нафар кӯдакони оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманди он мебошад.
– Аксарияти ин кӯдакон дар муассисаҳои таълими томактабӣ мавриди таълиму тарбия қарор гирифтаанд. Метавон гуфт, ки хатнасурии ин кӯдакон ифодаи равшани ғамхориҳои бузург нисбати наслҳои навраси мамлакати соҳибистиқлоламон мебошад, – гуфт сардори Садорати муассисаҳои таълими томактабии вилоят Юлдузхон Хоҷаева.
Ногуфта намонад, ки дар мамлакатамон Президент ва ҳукумат ба оилаҳои низомиён низ ғамхориҳои зиёд мекунанд. Дар ноҳия контингенти Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти амнияти давлатӣ мустақар мебошад. Як қисми сарбозону афсарони он дар ин ҷо бо аъзои оилаҳои худ машғули хидмат мебошанд. Маросими супурдани калиди хонаҳои истиқоматӣ ба оилаҳои ин низомиён аз ҳодисаҳои муҳим арзёбӣ гардид.
– Барпо шудани чунин хонаҳои баландошёнаи замонавӣ дар ноҳия мисли хобу хаёлест, ки имрӯз ба ҳақиқат табдил ёфтааст. Дар фазои хеле мутантан мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин бинои истиқоматӣ ва иншооти дигари маъмурии он шукӯҳи табдири имрӯзаро боз ҳам дучанд намуд, – мегӯяд яке аз онҳо Бобо Ҷалолов.
Дарвоқеъ, чанде муқаддам дар яке аз минтақаҳои хушбоду ҳавои соҳили дарёи Сӯх биноҳои якошёна ва дуошёнаи истиқоматӣ қомат афрохтанд, ки ҳоло оилаҳои зиёд дар он сукунат ихтиёр кардаанд. Дар шафати ин биноҳо бозори калони деҳқонӣ низ сохта шудааст, ки дӯконҳои зиёди бошукӯҳу замонавиро дар ихтиёри худ қарор додааст.
– Ҳанӯз нақшаҳои мо зиёданд. Сохтмони чунин иморатҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои маъмуриро боз идома хоҳем дод, – гуфт ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев.
Вай афзуд, ки ҳоло боз як маросими идона дар пеш истодааст, ки бо ширкати ҳокими вилоят ва роҳбарони секторҳо дар он ширкат хоҳем кард. Он кушоиши бинои мактаб мебошад, ки яке аз масканҳои беҳтарини таълиму тарбия маҳсуб хоҳад ёфт.
Ин бинои мактабест, ки шумори мактабҳои таълимоти ҳамагонии ноҳияро ба 30-то мерасонад.
Гуфта шуд, ки ин мактаби замонавӣ барои 330 нафар фарзандони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Офтобрӯ муқаррар шудааст ва дар ивази 13 миллиард сӯм арзи вуҷуд намудааст. Бинои мазкур дорои 25 синфхона, инчунин утоқи компютерӣ, китобхона бо гунҷоиши 30 ҷойи нишаст, ошхонаи муҷаҳҳаз, толори варзиш, толори ҷамъомадҳои дорои 70 ҷойи нишаст мебошад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.